Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз 2 июни соли 2011 № 278

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" июни соли 2011, № 278

тасдиқ шудааст

Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Муқаррароти умумӣ

Асоси қонунӣ ва меъёрию ҳуқуқии таҳияи Барнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", Консепсияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 5 Нақшаи чорабиниҳои оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 баён гардиданд, мебошад.

Ҳамоҳангсози дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаҳои минтақавии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиб дода мешавад. Назорати иҷрои он ба зиммаи сохторҳои Кумита дар маҳалҳо гузошта мешавад.

Ҳуҷҷатҳои ҳисоботии ба амал татбиқ намудани Барнома, ҳисоботи оморӣ ва таҳлили онҳо, ки дар мӯҳлати муайяншуда аз тарафи сохторҳои маҳаллии Кумита пешниҳод карда мешавад, ба ҳисоб меравад.

Зарурати қабули Барнома

Варзиш дар ҳаёти инсон омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқу давлатҳо маҳсуб меёбад.

Илова бар ин, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад.

Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст.

Дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо хусусияти иҷтимоӣ, балки хусусияти иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломатии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд.

Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон возеҳ нишон медиҳад, ки ҳадафҳои соҳаи варзиш ҷиҳати қабулу татбиқи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, бунёду таҷдиди иншооти замонавии варзишӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои тарбиявию тарғиботӣ ба хотири густариши тарзи ҳаёти солим ва таъмини сиҳатии аҳолӣ амалӣ мегарданд.

Дар ин самт ҳадафи асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби ҳар чи бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

Солҳои аввали истиқлолият вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла бо сабаби норасоии маблағ ва дигар омилҳо дар соҳаи варзиш мушкилоти зиёд ва коҳиш ёфтани завқи мардум ба варзиш ба миён омада буд.

Дар шароити кунунӣ, ҳатто дар ҳолати пурра фаъолият намудани иншооти мавҷудаи варзишӣ онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос. Клубҳо ва мактабҳои варзишӣ бошанд, талаботи кӯдакону наврасон ва ҷавононро чандон қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон бо соҳаҳои гуногуни варзиш зарурате ба миён омадааст, ки ҳар як ташкилоту муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошанд.

Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бархе аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо варзишро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, барои вусъати ҳамаҷонибаи он диққати ҷиддӣ намедиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ барои рушди соҳаи варзиш як силсила қонуну қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш ҳамаи шароити заруриро фароҳам орад.

Бинобар ин, рушди минбаъдаи соҳаи варзиш андешидани чораҳои иловагӣ ва маҷмӯиро тақозо намуда, таҳия ва қабули Барномаи мазкур, банақшагирӣ ва маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад.

Ҳадаф, мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома

Ҳадафи Барнома, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии давлатӣ барои таъмини солимии аҳолӣ мебошад.

Барои расидан ба ҳадафҳои аввалиндараҷа ва муҳим зарур аст, ки масъалаҳои зерин гарданд:

- тарбиян ҷисмонӣ ва варзишро ба ҳаракати оммавӣ табдил додан;

- баланд бардоштани самаронокии фаъолияти низоми тарбияи ҷисмонии аҳолӣ;

- мукаммал гардонидани сифати тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо;

- таъмини сифатнокии тайёрии варзишгарони дастаҳои мунтахаб аз рӯи намудҳои варзиш барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- мустаҳкам, намудани заминаи моддии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмин бо лавозимоти варзишӣ;

- таъмин намудани низоми тарбияи ҷисмонӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ;

- ба роҳ мондани назорати тиббӣ дар самти саломатӣ ва тайёрии ҷисмонии шахсоне, ки бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул ҳастанд;

- густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- такмил додани тарзи идоракунии фаъолияти низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ;

- роҳҳои асосии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- мукаммалгардонии низоми тайёр намудани захираҳои варзишӣ ва варзишгарони баландмаҳорат;

- таҳия ва татбиқи чорабиниҳои таълимию методӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ, ки ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврасро таъмин менамояд;

- ташкили чорабиниҳои варзишӣ барои маъюбон ва шахсони дорои иллати таббиӣ бо назардошти имконияту қобилияти ҷисмонии онҳо;

- таъсиси маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;

- баланд бардоштани. самаранокии фаъолияти кории иншооти варзишӣ;

- беҳтар намудани ҳолати базаи моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- бо воситаи матбуот ва воситаҳои ахбори умум беҳтар намудани тарғиби варзиш;

- таъмини назорати тиббии кӯдакон, наврасон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва тамоми табақаҳои аҳолӣ;

- мукаммал гардонидани низоми идоракунии соҳа.

Воситаҳои амалӣ гардонидани Барнома

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои самараноки Барнома вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзиширо ҷалб менамояд.

Ҷиҳати иҷрои ҳадаф, мақсад ва вазифаҳои алоҳида ва номгӯи чорабиниҳои Барнома Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ ҳуқуқ доранд дар озмун ширкат намоянд.

Бо муассиса ва ё ташкилотҳои ҷамъиятии дар озмун ғолибгардида оид ба амалисозии Барнома шартнома баста мешавад, ки дар он ӯҳдадории тарафҳо ва воситаи маблағгузории барномаву лоиҳаҳо дарҷ мегардад.

Ба инобат гирифта шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии худро вобаста ба шароит ва имконияти маҳал таҳия ва тасдиқ намуда, ҷиҳати татбиқи босамари он чораҳои зарурӣ андешанд.

Манбаъҳои молиявӣ

Маблағгузории чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома дар солҳои 2011-2015 дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи Буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар татбиқи Барнома иштироккунанда, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба амал бароварда мешавад.

Натиҷаҳои ниҳоие, ки аз татбиқи Барнома ба даст меоянд

Татбиқ намудани Барнома барои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташаккули талабот ба машқҳои ҷисмонӣ дар аҳолӣ, бедор кардани ҳисси устувори шавқмандӣ ба онҳо, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди моддию техникӣ, инчунин такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, барои қонеъ гардонидани талаботи минималии одамон ба хизматрасонии машғулиятҳои ҷисмонию солимгардонӣ имконият медиҳад.

Шумораи машқварзон тавассути ташкили гурӯҳҳои солимгардонӣ, марказҳои солимгардонӣ, маҳфилҳо ва клубҳои дӯстдорони варзиш дар ҷойҳои таҳсил, кор ва истиқомат, бояд тақрибан 50 фоиз зиёд гардад.

Ҷалби васеи табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ ба ҷараёни машғулияти тарбияи ҷисмонӣ барои таҳкими саломатӣ, камшавии беморӣ, баландшавии коршоямӣ, зиёдшавии дарозумрӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

Таъминот бо кадрҳо ва мутахассисон ҳангоми амалкунӣ ва идоракунии низоми тарбияи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ ва ҷавонони бо таҳсил фарогирифта, ҳаракати мустақили ҷисмонию солимгардонӣ ва низоми тайёр намудани варзишгарони баландмаҳорат беҳтар мегардад.

Барои тайёр намудани дастаҳои яккачини миллӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар мавриди амалӣ гардидани Барномаи мазкур соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ ба чунин натиҷаҳо ноил мегардад:

+--+---------------------+-------------------------------------------ҷ
|№ |     Номгӯй          |                  Нишондиҳандаҳо           |
|  |                     +-------+-------+--------+--------+---------+
|  |                     |2011   |2012   |2013    |2014    |2015     |
+--+---------------------+-------+-------+--------+--------+---------+
|1.|Теъдоди мактабҳои    |       |       |        |        |         |
|  |варзишӣ              |127    |130    |134     |138     |144      |

|2.|Теъдоди машқварзон   |       |       |        |        |         |
|  |дар мактабҳои варзишӣ|37630  |38900  |40150   |43100   |45000    |

|  |аз ҷумла духтарон    |4039   |5200   |6500    |7300    |8000     |

|3.|Теъдоди машқварзон   |       |       |        |        |         |
|  |дар сексияҳои        |       |       |        |        |         |
|  |варзишӣ ва гурӯҳҳои  |       |       |        |        |         |
|  |солимгардонӣ         |248146 |350000 |380000  |450000  |480000   |

|4.|Теъдоди наврасону    |       |       |        |        |         |
|  |ҷавонон ба тарбияи   |       |       |        |        |         |
|  |ҷисмонӣ машғул буда  |941576 |1200000|1300000 |1400000 |1600000  |

|5.|Варзишгоҳҳои бо      |       |       |        |        |         |
|  |ҷои нишаст           |125    |126    |127     |128     |129      |

|6.|Теъдоди              |       |       |        |        |         |
|  |майдончаҳои оддии    |       |       |        |        |         |
|  |варзишӣ              |4071   |5000   |5200    |5400    |5600     |

|7.|Теъдоди толорҳои     |       |       |        |        |         |
|  |варзишӣ              |1016   |1056   |1100    |1110    |1200     |
|  |                     |       |       |        |        |         |

|8.|Теъдоди ҳавзҳои      |       |       |        |        |         |
|  |шиноварӣ             |38     |50     |55      |60      |70       |

Иҷрокунандагони чорабиниҳои Барнома

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ ва ҷавонон.

Назорати иҷрои Барнома

Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" июни соли 2011, № 278

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Ниг.ба Замима.