Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 № 277 "Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020"

Санаи амалкуни: 27.04.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2015 № 238)

Мутобиқи моддаи 6(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини иҷрои чорабиниҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва баланд бардоштани сатҳи шуғл, таъсис додани бозори меҳнати фасеҳ, ҳифзшуда ва барои ҳама дастрас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Барои таъмини ҳамоҳангӣ, назорати иҷрои вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистои то соли 2020 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои роҳбарикунанда таъсис дода шавад. Ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои роҳбарикунанда ба зиммаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2015 № 238).

3) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ҳайат ва Низомномаи Шӯрои роҳбарикунанда лоиҳаи қарори дахлдорро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2015 № 238).

4) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар сол дар мувофиқа бо Шӯрои роҳбарикунанда нақшаҳои соҳавӣ ва минтақавии татбиқи Стратегияи мазкурро таҳия намуда, оид ба иҷрои он ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2015 № 238).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

аэ 2 июни соли 2011 № 277

ш. Душанбе

Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Замимаи 1

Замимаи 2

Замимаи 3

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Мутобиқи моддаи 6(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини иҷрои чорабиниҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва баланд бардоштани сатҳи шуғл, таъсис додани бозори меҳнати фасеҳ, ҳифзшуда ва барои ҳама дастрас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Барои таъмини ҳамоҳангӣ, назорати иҷрои вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистои то соли 2020 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои роҳбарикунанда таъсис дода шавад. Ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои роҳбарикунанда ба зиммаи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

3) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ҳайат ва Низомномаи Шӯрои роҳбарикунанда лоиҳаи қарори дахлдорро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар сол дар мувофиқа бо Шӯрои роҳбарикунанда нақшаҳои соҳавӣ ва минтақавии татбиқи Стратегияи мазкурро таҳия намуда, оид ба иҷрои он ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аэ 2 июни соли 2011 № 277

ш. Душанбе

Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Замимаи 1

Замимаи 2

Замимаи 3