Конвенсия оид ба огоҳонидани фаврии садамаи ядроӣ аз 26 сентябри соли 1986

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2011, № 408

тасдиқ шудааст

КОНВЕНСИЯ ОИД БА ОГОҲОНИДАНИ ФАВРИИ САДАМАИ ЯДРОӢ

ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ КОНВЕНСИЯИ МАЗКУР,

БО ЭЪТИРОФИ ОН, ки фаъолияти ядроӣ дар як қатор давлатҳо амалӣ карда мешавад,

БО ҚАЙДИ ХОТИРНИШОН СОХТАНИ ОН, ки барои таъмини сатҳи баланди бехатарӣ ҳангоми амалӣ сохтани фаъолияти ядроӣ чораҳои ҳамаҷониба дида шудаанд ва днда мешаванд, ки ба пешгирии садамаи ядроӣ ва ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои ҳар гуна чунин садама, агар он рух диҳад, равона мешаванд,

БО ИЗҲОРИ ХОҲИШИ минбаъд мустаҳкам кардани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии рушд ва истифодабарии энергияи ядроӣ,

ДАР ОЯНДА БАРОИ ЭЪТИҚОД ба зарурияти бештар ипконпазир будани ба таври фаврӣ расонидани ахбороти мувофиқ оид ба садамаи ядроӣ бо мақсади ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои радиатсионии сарҳадгузар аз ҷониби давлатҳо,

БО ХОТИРНИШОН СОХТАНИ аҳамияти созишҳои дутарафа ва бисёртарафа оид ба мубодилаи иттилоот дар ин соҳа,

БА МУВОФИҚАИ ЗАЙЛ РАСИДАНД:

Моддаи 1 Доираи истифодабарӣ

1. Конвенсияи мазкур дар ҳолати ҳар гуна садамаи вобаста ба нишондодҳои банди 2 ё фаъолиятн давлати иштирокчӣ ё шахсон ё субъектҳои ҳуқуқии дар зери доираи ҳуқуқӣ ё назорати онбуда, ки дар иатиҷа партовҳои моддаҳои радиоактивӣ ба вуҷуд омадаанд ё ба вуҷуд меоянд ва он боиси пайдошавии партовҳои сарҳадгузари байналмилалӣ гаштааст ё мегардад, ки аз нуқтаи назари бехатарии радиатсионӣ ба давлати дигар метавонад зарур бошад, татбиқ карда мешавад.

2. Нишондодҳо ва фаолияти дар банди 1 қайдшуда инҳоянд:

а) ҳар гуна реактори ядроӣ новобаста аз макони ҷойгиршавӣ:

b) ҳар гуна дастгоҳи силсилаи сӯзишвории ядроӣ;

с) ҳар гуна дастгоҳи ба мубодилаи партовҳои радиоактивӣ мансуб:

d) интиқол ва нигоҳдории сӯзишвории ядроӣ ё партовҳои радиоактивӣ;

е) истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, барҳам додан ва кашонидани радиоизотопҳо бо мақсадҳои кишоварзӣ, саноатӣ, тиббӣ ва барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар ин соҳаҳо; ва

f) истифодаи радиоизотопҳо барои коркарди энергия дар иншоотҳои кайҳонӣ.

Моддаи 2 Огоҳкунӣ ва иттилоот

Дар сурати рӯй додани садамаи дар моддаи 1 қайдгардида (минбаъд "садамаи ядроӣ" ном бурда мешавад), давлати иштирокчӣ, ки дар ҳамон модда дар бораи он гуфта мешавад:

а) бевосита ё тавассути Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (минбаъд "Агентӣ" ном бурда мешавад), ҳамон давлатҳоеро, ки дучори таъсири физикии дар моддаи 1 қайд гардидаанд ё метавонанд дучор шаванд, инчунин Агентиро дар хусуси садамаи ядроӣ, хусусияти он, замон, кай ба амал омадани он ва ҷои аниқи он, агар зарур бошад, фавран огоҳ менамояд;

b) ба давлатҳои дар зербанди (а) зикрёфта, бевосита ё тавассути Агентӣ, инчунин ба Агентӣ чунин маълумоти мавҷударо, ки ба ҳадди камтарин расонидани окибатҳои радиатсионӣ дар ин давлатҳо вобаста мебошад, мутобиқи моддаи 5 таъҷилан пешниҳод менамояд.

Моддаи 3 Садамаи дигари ядроӣ

Бо мақсади ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои радиатсионӣ давлатҳои иштирокчӣ метавонанд ба ғайр аз садамаи дар моддаи 1 нишондодашуда оид ба садамаи дигар низ, огоҳ намоянд.

Моддаи 4 Вазифаҳои Агентӣ

Агентӣ:

а) ба давлатҳои нштирокчӣ, давлатҳои аъзо, инчунин ба давлатҳои дигаре, ки дучори таъсири физикии дар моддаи 1 қайдгардида шудаанд ё метавонанд дучор шаванд ва ба ташкилотҳои байналмилалии байнидавлатии (минбаъд "ташкилотҳои байналмилалӣ" номида мешаванд) дахлдор оид ба огоҳии тибқи зербанди (а) моддаи 2 гирифта фавран маълумот мерасонад; ва

b) бо дархост ба ҳар гуна давлати иштирокчӣ, давлати аъзо ё ташкилоти байналмилалии дахлдор маълумоти тибқи зербанди (b) моддаи 2 гирифтаро таъҷилан пешниҳод менамояд.

Моддаи 5 Иттилооти пешниҳодшаванда

1. Иттилооти тибқи зербанди (b)-и моддаи 2 пешниҳодшаванда, маълумоти зеринро дар бар мегирад, ки дар он лаҳза давлати иштирокчии огоҳкунанда доро мебошад:

а) вақт, макони аниқ ва ҳангоми ба мақсад мувофиқ будан хусусияти садамаи ядроӣ;

b) нишондодҳои дахлдор ё шакли фаъолият;

с) сабаби эҳтимолӣ ё тасдиқшуда ва вусъатёбии пешакии садамаи ядроии вобаста ба партовҳои сарҳадгузари моддаҳои радиоактивӣ;

d) тавсифи умумии партовҳои радиоактивӣ, аз ҷумла то кадом андоза ин амалан имконпазир ва ба мақсад мувофиқ аст, хусусият, шакли эҳтимолии физикӣ ва кимиёвӣ, инчунин миқдор, таркиб ва сатҳи таъсиррасонии партовҳои радиоактивӣ;

е) маълумот дар бораи шароити мавҷудият ва дурнамоҳои метеорологӣ ва гидрологӣ, ки барои дурнамои партовҳои сарҳадгузари моддаҳои радиоактивӣ зарур мебошанд;

f) натиҷаҳои мониторинги муҳити зисти вобаста ба партовҳои сарҳадгузари моддаҳои радиоактивӣ;

g) чорабиниҳои муҳофизавии қабулшуда ё ба нақшагарифтан берун аз майдончаҳо;

h) рафтори пешгӯишаванда дар вақти ҷой доштани партовҳои радиоактивӣ.

2. Чунин иттилоот пас аз фосилаи вақти зарурӣ бо иттилооти дахлдори минбаъда дар бораи рушди вазъияти садамавӣ, аз ҷумла хотимаёбии пешакӣ ё воқеии он пурра карда мешавад.

3. Иттилооти мувофиқи зербанди (b) моддаи 2 гирифташуда, метавонад бемаҳдудият истифода бурда шавад, ба ғайр аз мавридҳое, ки чунин иттилоот аз ҷониби давлати иштирокчии огоҳкунанда ба таври махфӣ пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 6 Машварат

Давлати иштирокчие, ки тибқи зербанди (b) моддаи 2 иттилоот пешниҳод менамояд, то қадри имкони ба саволи вобаста ба иттилооти минбаъда ё машварате, ки давлати иштирокчии таҳти таъсир қарордошта бо мақсади ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои радиатсионӣ дар давлати дархосткунанда талаб менамояд, фавран ҷавоб медиҳад.

Моддаи 7 Мақомоти салоҳиятдор ва нуқтаҳои алоқа

1. Ҳар як давлати иштирокчӣ Агентиро бевосита ё тавассути Агентӣ давлатҳои дигари иштирокчиро дар бораи мақомоти салоҳиятдори худ ва нуқтаҳои алоқа, ки барои фиристодан ва гирифтани огоҳӣ ва иттилооти дар моддаи 2 ифодаёфта масъул мебошад, огоҳ менамояд. Чунин нуқтаҳои алоқа ва нуқтаи марказӣ бояд дар Агентӣ ҳамеша дастрас бошанд.

2. Ҳар як давлати иштирокчӣ Агентиро дар хусуси ҳар гуна тағйироте, ки ба иттилооти дар банди 1 зикргардида ворид карда мешавад, бетаъхир хабардор менамояд.

3. Агентӣ руйхати таҷдидёбандаи чунин мақомоти миллӣ ва нуқтаҳои алоқаро, инчунин нуқтаҳои алоқаи ташкилотҳои байналмилалии дахлдор тартиб медиҳад ва онро ба давлатҳои иштирокчӣ, давлатҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии дахлдор пешниҳод менамояд.

Моддаи 8 Мадад ба давлатҳои иштирокчӣ

Агентӣ мувофиқи Оинномаи худ ва бо дархости давлати иштирокчӣ, ки фаъолияти ядроиро худаш амалӣ намегардонад ва бо давлате ҳамсарҳад аст, ки он иштирокчӣ набуда, вале барномаи фаъолро амалӣ менамояд, оид ба имкониятҳо ва мувофиқи мақсад будани ташкили системаи муносиби назорати радиатсионӣ бо мақсади мусоидат намудан барои ноил гаштан ба мақсадҳои Конвенсияи мазкур, корҳои таҳқиқотӣ мегузаронад.

Моддаи 9 Аҳдҳои дуҷониба ва бисёрҷониба

Бо мақсади амалӣ кардани манфиатҳои тарафайн, давлатҳои иштирокчӣ дар мавридҳои ба мақсад мувофиқ метавонанд, масъаларо оид ба бастани аҳдҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи вобаста ба мавзӯи Конвенсияи мазкур дида бароянд.

Моддаи 10 Робита бо дигар созишномаҳои байналмилалӣ

Конвенсияи мазкур ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайни давлатҳои иштирокчӣ оид ба созишномаҳои байналмилалии мавҷуда, ки дар алоқамандӣ бо масъалаҳои фарогири Конвенсияи мазкур ё оид ба созишномаҳои байналмилалии минбаъда, ки мувофиқи предмет ва мақсадҳои Конвенсияи мазкур баста шудаанд, дахолат намекунад.

Моддаи 11 Танзими баҳсҳо

1. Дар ҳолати ба амал омадани баҳс байни давлатҳои иштирокчӣ ё байни давлати иштирокчӣ ва Агентӣ вобаста ба тафсир ва татбиқи Конвенсияи мазкур, тарафҳои баҳскунанда бо мақсади ба танзим дароварданн баҳс бо роҳи гуфтушунид ё бо ҳар гуна роҳҳои дигари сӯлҳҷӯёна ба танзим даровардани баҳс, қи барои онҳо қобили қабул аст, машваратҳои тарафайн баргузор менамоянд.

2. Агар чунин баҳс дар байни давлатҳои иштирокчӣ дар давоми як сол аз даҳзаи ворид шудани дархост доир ба гузаронидани машварат мутобиқи банди 1 ба танзим дароварда нашавад, он гоҳ бо дархости ҳар яке аз Тарафҳои иштироккунандаи баҳс он ба суди арбитражӣ дода мешавад ва ё барои қабули қарор ба Суди байналмилалӣ ирсол карда мешавад. Дар сурати ба арбитраж додани баҳс, агар дар давоми шаш моҳи аз лаҳзаи ворид шудани дархости тарафҳои баҳскунанда нисбат ба тишқили баррасии арбитражӣ ба мувофиқа наоянд, яке аз тарафҳо метавонад аз Раиси Суди байналмилалӣ ё Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъин намудани як ё зиёда аз он арбитр илтимос кунад. Дар ҳолати мухолифати дархости тарафҳои баҳскунанда муроҷиат ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид афзалият дорад.

3. Ҳангоми ба имзо расонидани, тасдиқ кардан, қабул кардан, маъқул донистани Конвенсияи мазкур ё ҳамроҳ шудан ба он, давлат метавонад изҳор намояд, ки он намехоҳад худро ба як ёба ҳарду расмиёти батанзимдарории баҳсҳои пешбининамудаи банди 2 вобаста ҳисоб кунад. Дигар давлатҳои иштирокчӣ дигар бо ягон гуна расмиёти батанзимдарории баҳси пешбининамудаи банди 2 вобаста намебошанд, чунки он ба давлати иштирокчие дахл дорад, ки чунин изҳорот барои он эътибор дорад.

4. Давлати иштирокчии мувофиқи банди 3 изҳорот карда ҳар вақт метавонад бо роҳи огоҳ намудани маҳфуздоранда аз ин изҳорот даст кашад.

Моддаи 12 Эътибор пайдо кардан

1. Конвенсиян мазкур барои ҳамаи давдатҳо, инчунин ба Намибия, ки Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба Намибия онро намояндагӣ мекунад, дар Муассисаҳои марказии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ дар Вена ва Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мутобиқан аз 26 сентябри соли 1986 ва 6 октябри соли 1986 то эътибор пайдо кардани он ё дар мӯҳлати дувоздаҳ моҳ вобаста ба он, ки кадоме аз ин мӯҳлатҳо бештар аст, барои имзо озод мебошад.

2. Давлат. инчунин Намибия, ки Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба Намибия онро намояндагӣ мекунад, метавонад ризоияти худро барои ба, онҳо ҳатмӣ будани Конвенсияи мазкур бо роҳи ба имзо расонидан ё бо роҳи ба маҳфуздорӣ супоридани ҳуҷҷат оид ба тасдиқ кардан, қабул намудан ё маъқул донистан пас аз баимзорасонӣ бо шартҳои тасдиқкунӣ, қабул намудан ё маъқул донистан ё бо роҳи ба маҳфуздорӣ супоридани ҳуҷҷати ҳамроҳшавӣ, изҳор намоянд. Ҳуҷҷатҳо дар бораи тасдиқ кардан, қабул намудан, маъқул донистан ё ҳамроҳшавӣ барои маҳфуздорӣ ба маҳфуздоранда супорида мешаванд.

3. Конвенсияи мазкур пас аз 30 рӯзи изҳороти се давлате, ки розигии худро барои ба онҳо ҳатмӣ будани Конвенсияи мазкур медиҳанд, эътибор пайдо мекунад.

4. Ба ҳар як давлате, ки розигии худро барои ба он ҳатмӣ будани Конвенсияи мазкур пас аз эътибор пайдо кардани он изҳор намудааст, Конвенсияи мазкур барои ин давлат пас аз сӣ рӯзи санаи изҳори ризоияташ, эътибор пайдо мекунад.

5. а) Конвенсияи мазкур чи тавре, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҳамгироии минтақавӣ, ки аз давлатҳои мустақил иборат буда, дорои салоҳияти бурдани гуфтушунид, бастан ва татбиқ кардани конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои фарогири Конвенсияи мазкур мебошад, барои ҳамроҳшавӣ озод аст.

b) Чунин ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ба салоҳияташон вобаста аз номи худ ҳуқуқҳоеро амалӣ ва ӯҳдадориҳоеро иҷро менамоянд, ки Конвенсияи мазкур ба давлатҳои иштирокчӣ додааст.

с) Дар мавриди ба маҳфуздорӣ супоридани ҳуҷҷати худ оид ба ҳамроҳшавӣ, чунин ташкилот ба маҳфуздоранда ариза ирсол менамояд, ки дар он доираи салоҳияташ вобаста ба масъалаҳои фарогири Конвенсияи мазкур нишон дода мешаванд.

d) Чунин ташкилот илова ба овози давлатҳои аъзо ягон овози дигар надорад.

Моддаи 13 Татбиқи муваққатӣ

Давлат дар мавриди ба имзо расонидан ё дертар аз он, то вақте ки Конвенсияи мазкур барои он эътибор пайдо мекунад, метавонад эълон намояд, ки Конвенсияи мазкурро ба таври муваққатӣ татбиқ менамояд.

Моддаи 14 Тасҳеҳот

1. Давлати иштирокчӣ метавонад ба Конвенсияи мазкур тасҳеҳот пешниҳод намояд. Тасҳеҳоти пешниҳодшуда ба маҳфуздоранда фиристода мешавад, ки он тасҳеҳотро бетаъхир ба ҳамаи дигар давлатҳои иштирокчӣ ирсол менамояд.

2. Агар аксарияти давлатҳои иштирокчӣ аз маҳфуздоранда барои баррасии тасҳеҳоти пешниҳодшуда даъват намудани конфронсро талаб намоянд, он вақт маҳфуздоранда ҳамаи давлатҳои иштирокчиро ба чунин конфронс даъват менамояд, ки он на пештар аз сӣ рӯзи пас аз фиристодани даъватнома оғоз мешавад. Ҳар як тасҳеҳоте, ки дар конфронс бо аксарияти аз се ду ҳиссаи овозҳои ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ қабул мешавад, ба шакли протокол ба расмият дароварда шуда, барои имзои ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ дар Вена ва Ню-Йорк озод мебошад.

3. Протокол дар давоми сб рӯзи пас аз изҳори ризоияти се давлат оид ба ҳатмӣ буданаш барои онҳо эьтибор пайдо мекунад. Барои ҳар як давлате, ки розигии худро ба ҳатмӣ будани протокол барои он пас аз эьтибор пайдо карданаш изҳор менамояд, протокол барои ин давлат дар давоми сӣ рӯзи пас аз санаи изҳори ризоият эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 15 Беэътибордонӣ

1. Давлати иштирокчӣ метавонад Конвенсияи мазкурро тавассути огоҳии хаттии маҳфуздоранда беэътибор донад.

2. Беэътибор донистан дар давоми як сол пас аз санаи дастраси маҳфуздоранда гардидани огоҳинома мавриди амал қарор мегирад.

Моддаи 16 Маҳфуздоранда

1. Директори генералии Агентӣ маҳфуздорандаи Конвенсияи мазкур мебошад.

2. Директори генералии Агентӣ давлатҳои иштирокчӣ ва ҳамаи дигар давлатҳоро фавран огоҳ менамояд:

а) дар бораи ҳар як ба имзорасонии Конвенсияи мазкур ё ҳар гуна протокол оид ба тасҳеҳот;

b) дар бораи ҳар як ба мафуздорӣ супурдани ҳуҷҷат доир ба тасдиқ кардан, қабул кардан, маъқул донистан ё ҳамроҳ шудан, ки ба Конвенсияи мазкур ё ба ҳар гуна протокол доир ба тасҳеҳот дахл доранд;

с) доир ба ҳар изҳорот ё бекор намудани чунин изҳорот тибқи моддаи 11;

d) доир ба ҳар изҳорот ҷиҳати истифодаи муваққатии Конвенсияи мазкур тибқи моддаи 13;

е) доир ба эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур ва ҳар гуна тасҳеҳот ба он; ва

f) доир ба ҳар гуна беэътибордонӣ, ки тибқи моддаи 15 эълон гардидааст.

Моддаи 17 Матнҳои аслӣ ва нусхаҳои тасдиқшуда

Нусхаи аслии Конвенсияи мазкур матнҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавӣ, ки бо ҳам баробаранд ва барои маҳфуздорӣ ба Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ супорида мешаванд, ки ӯ нусхаҳои тасдиқшударо ба давлатҳои иштирокчӣ ва ба ҳамаи дигар давлатҳо ирсол менамояд.

БАРОИ ТАСДИҚИ ИН дар зер имзокунандагони ба таври зарурӣ ваколатдор Конвенсияи мазкурро ба нмзо расониданд, ки он тибқи банди 1 моддаи 12 барои ба имзо расонидан озод аст.

АЗ ҶОНИБИ конфронси генералии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ дар сессияи махсус дар Вена рӯзи бисту шашуми моҳи сентябри соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду шаш қабул гардидааст.