Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 № 154 "Дар бораи тасдиқи барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", бо мақсади пешгирӣ, ташхис, табобат ва паст намудани сатҳи фавт ва барқарорсозии бемориҳои нуқсони модарзодӣ ва тарбоди дил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Ҳамоҳангсози Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

3) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи мақсаду вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур ҳамаи чораҳои заруриро андешанд.

4) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз рафти иҷрои Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 апрели соли 2011 № 154

ш. Душанбе