Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба Тартиби ба фӯруш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 391 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 7) калимаҳои "зербандҳои "а" ва "б" хориҷ карда шаванд;
- банди 12) дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"12) Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки мустақилона ҳуҷҷатҳои иншооти соҳаи иҷтимоию маишӣ ва фарҳангии ба моликияти давлатӣ тааллуқдоштаи дар тавозуни ҷамъияти саҳомии хусусигардида қарордоштаро омода намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба фурӯш барорад."
2) Ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 705 "Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд" иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати чорум пас аз калимаҳои "ба истиснои иншооти" калимаҳои "соҳаи тандурустӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида ҳамчун моликияти давлатӣ қарор доранд," илова карда шаванд;
-дар сархати шашум пас аз калимаҳои "ба истиснои калимаҳои "соҳаи маориф, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида ҳамчун моликияти давлатӣ қарор доранд," илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аэ 7 апрели соли 2011 № 189
ш. Душанбе