Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳамдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии ҷумҳуриявии "Шамъ"
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии ҷумҳуриявии "Шамъ" барҳам дода шавад.
2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, мутобиқи қонунгузории амалкунанда оид ба барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии ҷумҳуриявии "Шамъ" тадбирҳо андешанд.
3) Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, № 191 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии ҷумҳуриявии "Шамъ" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2011 № 236
ш. Душанбе