Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 № 231 "Дар бораи азнавташкилдиҳии корхонаи воҳиди ёрирасони "Ирфон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди ёрирасони "Ирфон"

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди ёрирасони "Ирфон" бо роҳи ба он ҳамроҳ кардани Корхонаи нақлиёти автомобилӣ аз нав ташкил дода шуда, он ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Маърифат" номгузорӣ карда шавад.

2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва супоридани амволро аз Корхонаи нақлиёти автомобилӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Маърифат" таъмин намояд.

3) Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои "Корхонаи нақлиёти автомобилӣ" ва "Корхонаи воҳиди ёрирасони "Ирфон" хориҷ карда шуда, ба он сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Маърифат".

4) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаи ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Маърифат"-ро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2011 № 231

ш. Душанбе