Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2011 № 228
тасдиқ шудааст
Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
1. Муқаддима
Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (минбаъд - Консепсия) самтҳои асосии рушди таҳсилоти фарогирро (инклюзивиро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, дар таъмини ҳуқуқҳои баробари кӯдакони имконияташон маҳдуд барои гирифтани таҳсилот мусоидат менамояд.
2. Зарурати таҳия ва қабули Консепсия
Дар шароити имрӯза қабули Консепсияи мазкур бо сабабҳои зерин зарур мебошад:
-ба хотири ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил дар асоси баробарҳуқуқи онҳо;
-набудани шароити мусоид барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
-нокифоягии миқдори муассисаҳои таълимии махсус ва набудани омори мушаххас оид ба теъдоди кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта;
- пурра ба таҳсил фаро гирифта нашудани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти махсус вобаста ба иллати ҷисмонӣ;
-бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта нашудани кӯдакони иллати ҷисмонидошта дар муассисаҳои таълимии амалкунанда (мактаб-интернатҳо);
-нокифоягии муассисаҳои таълимии махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар маркази ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст;
-хоҳиш надоштани падару модар ба таҳсили фарзандашон дар муассисаҳои таълимии махсус вобаста ба дурии чунин муассисаҳои таълимӣ аз ҷои истиқомат, дастнорасии нақлиёт, хоҳиш надоштани тарбияи фарзанд дар шароити интернат.
Ин мушкилот водор мекунад, ки барои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд дар баробари кӯдакони солим шароити мувофиқ фароҳам оварда шавад.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ як қатор муассисаҳои таълимии махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла барои кӯдакони сустбин, кар, гунг, дершунаво ва гирифтории иллатҳои рӯҳӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо ба таълиму тарбияи чунин категорияи кӯдакон машғул мебошанд.
Дар ҷумҳурӣ банақшагирии фарогирии мақсадноки кӯдакони имконияташон маҳдуд дар рушди таҳсилоти умумӣ ба таври таҷрибаи инфиродӣ ба роҳ монда шудааст, вале айни ҳол он ба таъминоти илмию методӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, кадрӣ, асоси моддию техникӣ, таълимию методӣ ниёз дорад.
Консепсияи мазкур имкон медиҳад, ки дар кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад, ки ин ба амалигардии ҳуқуқҳои онҳо барои гирифтани таҳсили босифат дар шароити дорои маҳдудияти ҳадди аққал мусоидат хоҳад кард.
3. Асоси ҳуқуқии рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ)
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйироти куллии соҳаи маориф нигаронида шудааст. Дар ин самт як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳот ва навсозии низоми маориф барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Имрӯз дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом ҷиҳати инкишоф ва такмили таҳсилоти фарогир дастгирӣ карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" дар мавриди таҳсилоти кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус моддаҳои махсус дорад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Стандарти муассисаи таълимии типи интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар навбати худ тартиби қабул, тартиботи дохилӣ, идоракунӣ, маблағгузорӣ ва хизматрасониҳои тиббиро дар ин мактабҳо пешбинӣ менамоянд.
Дар "Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009" чунин қайд шудааст: "Оид ба фарогирии кӯдакони аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ имконияташон маҳдуд ба раванди таълим Консепсия таҳия гардида, маҷмӯи чорабиниҳо амалӣ карда шавад". Дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим Консепсияи мазкур таҳия гардида, принсипҳо ва вазифаҳои ҷалби кӯдакони иллатӣ ҷисмонидоша ба таҳсил нишон дода шудааст.
Дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчунин муқаррароти марбут ба таҳсил ва таълими касбии маъюбон нишон дода шудааст. Дар он тасдиқ шудааст, ки шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва шахсие, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон кафолат додааст, мебошанд. Заминаи меъёрии ҳуқуқии шахсони аз ҷиҳати ҷисмони ва ақли имконияташон маҳдуд дар ҳуҷҷатҳои зерин- Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи мубориза ба муқобили табъиз дар соҳаи маориф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Қоидаҳои стандартии таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, таъкид гардидааст. Ҳангоми таҳияи ин Консепсия ҳуҷҷатҳои мазкур ба асос гирифта шудаанд.
Консепсияи намунавии амалиёти Дакар ҳуҷҷати байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) маҳсуб меёбад. Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи маориф низ муносибатҳои пурра ва муосирро доир ба ин навъи таҳсилот пешбинӣ намудааст, ки асосҳои он дар ин Консепсия ба инобат гирифта шудааст.
Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) мафҳумест, ки барои тавсифи раванди таълими кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус дар мактабҳои таҳсилоти умумй истифода мешавад. Ин рававди нисбатан васеи ҳамгироӣ мебошад, ки дастрасии таҳсилотро барои ҳамаи кӯдакон дар назар дорад. Дар таҷрибаи байналмилалӣ (ЮНЕСКО) мафҳуми "таҳсили ҳамгиро", ки раванди мазкурро шарҳ медиҳад, бо мафҳуми "таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ)" иваз карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад созишномаи оид ба ҳуқуқи инсон марбут ба кӯдак тасдиқ гардида, дар ин асос ва дигар санадҳои тасдиқгардида кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус дар хона, синфҳои махсус, мактабҳои махсус ва баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таълим мегиранд. Ҳуҷҷати мазкур санади нави давлатӣ дар бораи таҳсилоти кӯдакони иллати ҷисмонидошта дар ҷумҳурӣ мебошад.
4. Таҳлили вазъи инкишофи таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба таълиму тарбияи кӯдакони ба таҳсилоти махсус эҳтиёҷманд диққати махсус дода мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи солонаи шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдак ба бештари чунин кӯдакон ёрӣ расонида шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо шароит муҳайё карда шудааст.
Ҳоло дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 муассисаи томактабӣ, ки барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудаанд, бо фарогирии 730 нафар кӯдак фаъолият мекунанд.
Миқдори мактаб-интернатҳо дар ҷумҳурӣ 84 адад мебошад, ки аз онҳо 18 адад мактаб-интернатҳои иҷтимоии намуди гуногун, 13 адад барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 5 адад навъи фароғатгоҳӣ барои кӯдакони гирифтори касалии сил ба ҳисоб мераванд. Дар муассисаҳои таълимии зикргардида 8971 нафар (543 нафар духтар) таълиму тарбия мегиранд, ки 1895 нафарашон кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд.
Кӯдакони имконияташон маҳдуд асосан дар муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда (барои кӯдакони дорои иллатҳои шунавоӣ, биноӣ, нутқ, ақлан носолим, узвҳои ҳаракаткунандаашон осебдор, инкишофи равониашон суст) таҳсил мекунанд. Ҷалби мақсадноки кӯдакони имконияташон маҳдуд ба муҳити таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ дар шакли падидаҳои алоҳида ва таҷрибаи инфиродӣ ба роҳ монда шудааст.
Давлат тавассути мақомоти дахлдори худ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ як қатор лоиҳаҳоеро, ки барои рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) равона шудаанд, амалӣ гардонида истодааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҳисору Восеъ ва шаҳрҳои Хоруғ ва Кӯлоб 4 адад марказҳои рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият карда истодаанд.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шароит барои рушди ҳуқуқҳои асосии таълимӣ ва иҷтимоӣ давра ба давра шаклҳои нави хизматрасониҳои иҷтимоиро тавассути марказҳои рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар таҷрибаи муассисаҳои зерсохтории иҷтимоӣ ҷорӣ ва инкишоф медиҳанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Исфараи вилояти Суғд, шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон машваратгоҳҳои психологӣ-тиббӣ-педагогӣ (МПТП) фаъолият мекунанд. Машваратгохлои психологӣ-тиббӣ-педагогӣ (МПТП) маҷмӯи васеи мутахассисон, аз ҷумла, корманди иҷтимоӣ, педагог-мутахассисонро оид ба норасоиҳои гуногуни инкишоф дар бар мегиранд.
Вазифаи асосии машваратгоҳи намуди нав ин гузаронидани ташхиси кӯдакони синни то 18-сола бо мақсади муайян намудани эҳтиёҷоти махсуси инкишофи онҳо ва муайян намудани мундариҷа, методҳо ва намуди таҳсили ҷавобгӯи эҳтиёҷоти ҳар як нафар мебошад.
Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда дар фаъолияти ин муассисаҳо як қатор мушкилот ҷой доранд:
- нарасидани мутахассисон-дефектологҳо (олигофринопедагогҳо, сурдопедагогҳо), равоншиносон, логопедҳо;
- таъмин набудани муассисаҳои махсус бо машваратчиёни психологӣ-тиббӣ-педагогӣ;
- нокифоя будани миқдори муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд;
- набудани ҳуҷраҳои дахолати барвақтӣ дар муассисаҳои табобатӣ-профлактикӣ.
Яке аз омилҳои муайянкунандаи ҳимояи ҳаматарафаи кӯдакони имконияташон маҳдуд гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба паст кардани хавфи саломатии кӯдакони навзод ва синни хурд мебошад.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари модарон, кӯдакон ва наврасон ба ҳифзи саломатӣ дастрасӣ дошта, ба онҳо хидмати тиббӣ расонида мешавад. Дар баъзе ҷойҳо бо сабаби нокифоягии хизматрасонии тиббӣ ҳастанд касоне, ки аз муоина дур мемонанд.
Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта Вазорати тандурустӣ ҷиҳати беҳдошти ташкили ёрии тиббӣ ба кӯдакони маъюб аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад. Аз ҷумла "Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011 "-ро бо қарори Ҳукумат амалӣ менамояд, дар асоси он ба ҳамаи кӯдакони маъюб аз овони кӯдакӣ, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, кӯдакони ятим, кӯдакони маъюби то 16-сола, кӯдаконе, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, интернатҳо, кӯдакони аз парастории волидайн маҳрумгашта, инчунин кӯдакони то 1-сола кӯмаки тиббии ройгон расонида мешавад.
Дар низоми Вазорати тандурустӣ хонаҳои кӯдакон фаъолият мекунанд, ки мақсади онҳо расонидани кӯмаки тиббӣ ба кӯдакони ятим, кӯдакони аз парастории волидайн маҳрумгашта, инчунин кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои норасоӣ дар инкишофи ҷисмонӣ мебошанд.
Ҳоло мушкилоти асосӣ нарасидани мутахассисон барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошад. Кадрҳое, ки имрӯз дар ин самт фаъолият мекунанд, асосан дар мактабҳои олии Москва, Санкт-Петербург ва Тошканд таҳсил намудаанд. Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ихтисоси дефектология фаъолият мекукад. Аммо аз сабаби паст будани шумораи хоҳишмандон аз рӯи ихтисоси мазкур нақшаи қабул иҷро намегардад.
Барои он ки ҳар кӯдак, сарфи назар аз хусусиятҳои инфиродиаш, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил карда тавонад, доираи ҳуқуқии соҳаро хеле васеъ кардан зарур аст.
Монеаи ҷиддӣ дар самти ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ин омода набудани ҷомеа мебошад. Онҳо ба кӯдакони иллати ҷисмонидошта кам диққат медиҳанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти зикргардида рушди таҳсилоти фарогирро (инклюзивиро) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамчун соҳаи афзалиятноки соҳаи маориф мансуб медонад.
Дар ин иртибот зарурати қабули Консепсияи мазкур ниҳоят муҳим мебошад. Он принсипҳо ва самтҳои рушди таҳсилоти фарогирро (инклюзивиро) муайян намуда, барои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд дар боғчаҳо ва муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам меоварад ва барои амалигардии ҳуқуқи онҳо барои гирифтани таҳсили босифат дар шароити маҳдудияти ҳадди ақал кӯмак менамояд.
5. Мақсад, вазифа ва принсипҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ)
Мақсади Консепсия таҳияи модели миллии ҷалби шахсони имконияташон маҳдуд ба раванди таълим мебошад. Таҳсилоти фарогири (инклюзивии) муосир пешниҳоди имконоти баробарро барои ҳамаи таҳсилкунандагон дар гирифтани таҳсилоти босифат, новобаста аз ҷинс, мақоми иҷтимоию иқтисод, ақаллияти миллӣ, нажод, мавқеи ҷуғрофӣ, зарурат ба таълими махсус, синну сол, дин фароҳам меоварад. Ҳуқуқ ба таҳсил ва таъмини дастрасӣ ба он аз хурдӣ то калонсолӣ асоси таҳсилоти фарогирро ташкил медиҳад.
Ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) як қатор масъалаҳои характери этиникӣ ва ахлоқидоштаро ҳал намуда, ҳамзамон ба чунин муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд:
- барои амалӣ гардидани ҳуқуқ ба таҳсил ва дастрасӣ дар гирифтани таҳсили аъзои ҷомеа шароит таъмин мегардад;
- тафаккури муқаррарии ҷамъиятӣ оид ба зарурати ҷудо кардани одамони дорои эҳтиёҷоти махсус бартараф карда мешавад;
- одамони дорои имконияти маҳдуд дар баробари дигарон барои иштирок дар фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ имкон пайдо мекунанд ва ин дар навбати худ вобастагии онҳоро аз кӯмаки моддии давлатӣ кам менамояд;
- ҷомеа ба эҳтиёҷоти одамони имконияташон маҳдуд таҳаммулпазирона ва дилсӯзона муносибат менамояд.
Ҳангоми ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) давлат бояд вазифаҳои зеринро ҳал намояд:
- фароҳам овардани шароит барои гирифтани таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии амалкунанда;
- омода намудани кадрҳои педагогӣ, кормандони тиббӣ ва иҷтимоии дорои дониш ва малака оид ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- бунёди низоми муассисаҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва таълимии таъмингари дастрасии одамони дорои эҳтиёҷоти махсус барои гирифтани таҳсилот;
- бунёди моделҳои иҷтимоӣ, педагогӣ, иқтисодӣ ва технологияи таълимю тарбиявии таҳсилоти фарогири (инклюзивии) тамоми кӯдакон дар манотиқи кишвар;
- таъмини дастгирии давлатии ташаббусҳои шаҳрвандии ба ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) нигаронидашуда;
- таъмини ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва сохторҳои маҳаллии худидоракунӣ ба раванди ташкили таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- мутобиқгардонии мундариҷаи таълими мактабӣ бо мақсади қонеъгардонии талаботи таълимӣ ва эҳтиёҷоти ҳамаи категорияҳои хонандагон;
- дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ, ҷалби маблағҳои донорӣ ва сармоягузории хориҷӣ доир ба ҳал намудани масъалаҳои дар боло зикргардида.
6. Омилҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба омилҳои зерин асосӣ ёбад:
- дастрасӣ ба гирифтани таҳсилот;
- масъулияти давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини дастрасӣ ба таҳсилот;
- баҳисобгирии хусусиятҳои фардӣ ва эҳтиёҷоти шахсӣ ҳангоми ташкили раванди таълим;
- таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари дастрасӣ ба таълим;
- фароҳам овардани шароити мувофиқ оид ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- таъмини афзалиятнокии эҳтиёҷоти фардии шахсияти кӯдак дар гирифтани таҳсилоти мувофиқ (махсус);
- баҳисобгирии маҳорати кӯдак ҳангоми ташкили раванди таълим.
7. Масъалаҳои ҳалталаби ҳамкории байни бахшҳо
Дар давраи амалигардонии Консепсия ҳалли масъалаҳои зерини ҳамкории байни бахшҳо заруранд:
- таҳияи барномаҳои махсуси таълимӣ дар ҳар як бахш;
- зарурати таъсиси хадамоти муайянкунии осеби барвақтӣ дар инкишоф ва хадамоти ислоҳи барвақтӣ ва барқароркунии кӯдакони имконияташон маҳдуди синни хурд;
- ба амал баровардани таълими ҳуқуқии падару модар дар ҳамкорӣ ба Ассотсиатсияи падару модарон;
- дастгирии таҳқиқотҳои илмӣ дар қисмати рушди технологияи муосир доир ба расонидани ёрмандӣ ба одамони дорои имкониятҳои маҳдуд ва барқарорсозии иллатҳои ҷисмонии онҳо.
Вазифаҳои ташкилотҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- мусоидат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар қисмати ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- таъсир расонидан ба таҳаммулпазирии ҷомеа нисбат ба мушкилоти кӯдакони имконияташон маҳдуд;
- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ-омӯзишӣ миёни падару модарон бо мақсади муайян кардани норасоии барвақтӣ дар инкишофи кӯдак, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила.
8. Вазифаҳое, ки ҳангоми амалигардии Консепсияи мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳал карда мешаванд
Бо дарназардошти зарурати таъсиси низоми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ба мақомоти ваколатдори давлатӣ лозим аст, ки маҷмӯи чораҳои пешбиникунандаи гузаштан ба принсипҳои таҳсилоти фарогирро (инклюзивиро) амалӣ намоянд. Мақомоти давлатӣ бояд системанокӣ ва мувофиқати қарорҳоро оид ба рушди таҳсилоти фарогир дар кишвар таъмин намояд. Соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин самт корҳои махсусро бояд амалӣ намоянд.
Дар соҳаи маориф:
- бунёди заминаи ҳуқуқии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо мақсади ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба раванди таҳсилоти умумӣ;
- тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ ва шароити дигар дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ;
- таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва ворид кардани тағйирот дар стандартҳои таҳсилот дар асоси принсипҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- рушди ҳамкориҳо бо ташкилотҳо ва шарикони хориҷӣ бо мақсади омӯзиши таҷриба ва амалияи гузариш ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- баҳисобгирӣ ва инкишофи системаи пешбинии эҳтиёҷоти махсуси муассисаҳои таълимӣ бо мақсади рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ).
Дар соҳаи тандурустӣ:
- пешгирии бемориҳое, ки ба таваллуди кӯдаки дорои имконияти маҳдуд оварда мерасонад;
- муайян намудани сабабҳои вайроншавии функсияҳои организми кӯдакон;
- хизматрасониҳои тиббӣ ва барқароркунии саломатии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус ва падару модарони онҳо.
Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ:
- дастгирии муассисаҳои иҷтимоие, ки барои барқароркунии шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус фаъолият менамоянд;
- хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳо ва марказҳои статсионарии нигоҳдории муваққатӣ ва рӯзона;
- тайёр намудани кормандон ва мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоии дорои дониш ва таҷриба оид ба рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ).
9. Тадбирҳо
Барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои Консепсияи мазкур бояд чунин маҷмӯи тадбирҳо андешида шаванд:
- ворид намудани тағйирот дар қонунгузории амалкунандаи соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- вобаста ба дастрасӣ ба таҳсилот ба низом даровардани маблағгузории муассисаҳои таълимӣ;
- васеъ намудани хизматрасониҳои таълимӣ, бахусус дар деҳот, барои чунин кӯдакон;
- таҳия ва чоп намудани дастурҳо, китобҳои дарсӣ ва барномаҳои махсус оид ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) бо забони давлатӣ барои чунин омӯзгорон ва хонандагон;
- муқаррар намудани квотаҳои махсус ё андешидани чораҳои дигари дастгирии дастрасӣ ба бозори меҳнат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд;
- ташкили бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мунтазами ҳатмии ҳамаи омӯзгорон ва кормандони мактабҳои соҳаи мазкур;
- васеъ ба роҳ мондани таблиғот дар миёни ҷомеа доир ба таҳсилоти фарогир;
- ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақсади амалигардонии ҳадафҳои Консепсияи мазкур.
10. Самтҳои асосии татбиқи Консепсияи рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Самтҳои асосии татбиқи Консепсия аз инҳо иборатанд:
- такмили заминаи меъёрии хуқуқӣ;
- ҷорӣ намудани низоми тайёр намудани мутахассисон дар ҳама самтҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- ташкили заминаи моддӣ ва илмию методӣ дар соҳаи маориф, ки барои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Дар назар дошта шудааст, ки барои амалӣ намудани Консепсияи мазкур барномаҳои мақсадноки соҳавӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ таҳия ва тасдиқ мегарданд.
11. Давраҳои амалигардии Консепсия
Давраи якуми амалигардонии Консепсия солҳои 2011-2015 дар бар гирифта, чорабиниҳои зеринро фаро мегирад:
- гузаронидани тадқиқот бо мақсади омӯзиши вазъияти мавҷуда дар соҳаи маориф, баҳодиҳии имкониятҳо оид ба гузариш ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ва ҳаҷми эҳтиёҷот ба захираҳо барои амалигардии Консепсияи мазкур;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрӣ доир ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- ба роҳ мондани курсҳо аз фанҳое, ки тайёр кардани мутахассисон оид ба таҳсилоти фарогирро (инклюзивиро) пешбинӣ менамоянд;
- таъмини асоснокии илми зимни таҳияи барномаҳои таълимии махсус ва адабиёти таълимию методӣ барои хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- таҳия ва ба роҳ мондани усулҳои пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ, барқароркунӣ ва ислоҳи норасоиҳо дар инкишофи кӯдак;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастгирии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии пилотии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- гузаронидани тадқиқоти махсус барои баҳодиҳии натиҷаҳои таълими ҳамгиро бо вазифаҳои васеи таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии хизматрасонӣ ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ).
Давраи дуюм солҳои 2016-2020-ро дар бар гирифта, амалигардонии чораҳои зеринро дар назар дорад:
- таъмини гузариши давра ба давраи як қисми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ);
- амалигардонии тадбирҳои дастгирии давлатӣ бо мақсади рушди шабакаи муассисаҳои таълимӣ ва иҷтимоии ба шакли моликияти ғайридавлатӣ асосёфта;
- муайян намудани мақом ва соҳаи истифодабарии забони ишора, алифбои Брайлӣ ва дигар усулҳои расонидани иттилоот ба шахсони дорои талаботи махсус;
- таҳия ва ба роҳ мондани барномаҳои махсуси таъминкунандаи ҳамгироии шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус дар ҷомеа, аз ҷумла муҳайё намудани ҷои кор барои онҳо ва ба эҳтиёҷоти онҳо мутобиқ намудани ҷойҳо ва биноҳои истифодабарии умум (театр, клубҳо, китобхонаҳо, тарабхонаҳо, нақлиёт ва ғайра).
Маблағгузории таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва буҷетҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷудогардида, аз он ҷумла, маблағҳои ҷудокардаи донорҳо, грантҳо ва дигар сарчашмаҳо амалӣ карда мешавад.
12. Натиҷаҳои ниҳоии Консепсияи мазкур
Татбиқи Консепсияи мазкур ба ҳалли масъалаҳои зерин имкон фароҳам меоварад:
- ҳуқуқҳои кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд барои зиндагӣ кардан ва тарбия ёфтан дар оила ҷиҳати гирифтани таҳсилоти босифат, дастрасӣ ба захираҳои коммуникатсионии иттилоотӣ таъмин карда мешавад;
- заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таҷдиди назар ва такмил карда мешавад;
- принсипҳои таълими ҳамгиро дар таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд муайян карда мешаванд;
- самтҳои асосии рушди таълими ҳамгиро барои кӯдакони имконияташон маҳдуд муайян мегарданд;
- шартҳои ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба раванди таҳсилоти миёнаи умумӣ муқаррар карда мешаванд.