Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муддати се моҳ тадбирҳои татбиқи Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3) Татбиқи Консепсияи мазкур дардоираҳои маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои вазорату идораҳо ва буҷетҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо мегарданд, амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2011 № 228
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Национальной концепции инклюзивного образования для детей с ограниченными возможностями в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы
Согласно статьи 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных перспективах, концепциях, стратегиях и социально-экономической программы развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Национальную концепцию инклюзивного образования для детей с ограниченными возможностями в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы (прилагается).
2) Министерству образования Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти в течение трех месяцев принять и утвердить меры по реализации данной Концепции.
3) Реализацию данной Концепции осуществить в рамках ежегодных средств Государственного бюджета, выделяемых для министерств, ведомств, местных исполнительных органов государственной власти.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 апреля 2011 года № 228
г. Душанбе