Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2011 № 229
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012№ 480)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ буда, иҷозатномадиҳӣ, танзим, назорат, санҷиш ва хизматрасониҳои давлатиро дар соҳаи мазкур амалӣ менамояд.
2) Асоси ҳуқуқии фаъолияти Хадамотро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамин Низомнома ташкил медиҳанд.
3) Хадамот фаъолияти худро бевосита ва (ё) тавассути сохторҳои тобеъ ва намояндагиҳои худ дар хориҷа, инчунин дигар ташкилотҳое, ки ба системаи Хадамот шомиланд, амалӣ менамояд.
4) Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. Вазифаҳои Хадамот
5) Вазифаҳои асосии Хадамот инҳо мебошанд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби донорҳо ҷиҳати ташаккули низоми таҳлили бозори муҳоҷирати меҳнатӣ ва муайян намудани дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, инчунин бо мақсади аз худ кардани бозорҳои иави меҳнат дар хориҷи кишвар;
- ташкил ва амалӣ намудани фаъолият дар самти ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар;
- ташкил ва ҷорӣ намудани низоми самараноки суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани назорат ва санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ, бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи салоҳияти худ пешбурди фаъолият оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ;
- баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд ва бармегарданд;
- ҳамкорӣ бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- мусоидат ба рушд ва такмили низоми давлатӣ ва ташкилотҳои хусусии шуғл, ки дар хориҷа барои шуғл кӯмак мерасонанд;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби соҳибкорон, корфармоён, ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва дигар ташкилотҳо барои ташкил кардани марказҳои таълимӣ ва такмили тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ бо мақсади ба кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар;
- мусоидат ба сиёсати ҳамоҳангсозии муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади ташкили фазои ягонаи муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё ва дигар давлатҳо;
- ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои бакортаъминкунанда бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо тартиби муқарраргардида;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома барои ҷалб ва интиқоли муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бакортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, инчунин додани иҷозатнома барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
- бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;
- ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар масъалаи муҳоҷирати экологӣ ва ихтиёрӣ;
- ташкили тайёрии касбии кормандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, бозомӯзӣ, таҷрибаомузӣ, такмили ихтисос ва фаъолияти таълимӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба фаъолияти сохторҳо ё атташеҳои назди сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират аз ҷиҳати функсионалӣ роҳбарӣ намояд;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
3. Ваколатҳои Хадамот
6) Хадамот дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- дар доираи салоҳияти худ ва ваколатҳои додашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад, оид ба масъалаҳои ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ гуфтушунид доир намояд;
- ба роҳ мондани робита ва ҳамкориҳо бо диаспораҳои тоҷик, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ;
- расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;
- таҳлил, таҳияи барномаҳо ва дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ;
- мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ мекунанд;
- гирдоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили маълумоти оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мутобиқ ба методологияи расмии оморӣ;
- бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодҳо оид ба такмили шаклҳои ҳисоботдиҳии оморӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи ягонаи иттилоотӣ, низоми ягонаи автоматишудаи бақайдгирӣ ва коркарди иттилооте, ки мониторинг ва интиқоли иттилооти марбут ба масъалаҳои салоҳияти Хадамотро таъмин менамояд;
- ташкил ва таъмини кори низоми давлатии иттилоотии баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин саривақт ва дар ҳаҷми пурра ба он ворид намудани маълумоти зарурӣ;
- ташкил ва таъмини кори махзани ягонаи иттилоот, инчунин таъмини якшаклии методологӣ ва амали мувофиқашудаи низоми иттилоотӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- гузаронидани таҳқиқоти зарурӣ, ташхисҳо, таҳлилҳо, мониторинг ва арзёбӣ, инчунин таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои амалӣ кардани назорат ва санҷиш дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- бо тартиби муқарраршуда ҷалби муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳо, коршиносон ва мутахассисон барои ҳалли масъалаҳои соҳа дар асоси шартнома;
- тибқи тартиби муқарраргардида бо дархост талаб намудан ва гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоту ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, инчунин аз ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- таҳияи дастурҳо ва тавсияҳои методӣ, расонидани ёрии машваратӣ ва дигар кӯмакҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- таҳияи дастурҳо ва тавсияҳои методӣ ба намояндагиҳои Хадамот дар хориҷи кишвар, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- таҳлил ва ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ва андешидани тадбирҳо оид ба такмили фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои низоми Хадамот;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои барномаҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ (аз ҷумла лоиҳаҳои хурди молиявӣ ва интиқоли маблағ) бо мақсади дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва аъзои оилаи онҳо дар баланд бардоштани сатхи зиндагӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ;
- бо тартиби муқарраргардида мустақилона ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо таъсис додани мақомоти машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳои байниидоравӣ, гурӯҳҳои корӣ ва ғ.) барои баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- дар доираи салоҳияти худ пешгирӣ ва мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
- ташкили нуқтаҳои назорати муҳоҷирати меҳнатӣ ва назорати иҷрои қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодҳо оид ба квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти низоми таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор таҳия намудани барномаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ташкили курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди хизматрасониҳо барои ташкили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор муайян намудани талабот ба тайёр намудани кадрҳо, ташкили низоми марказҳои омӯзишӣ оид ба таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷорӣ кардани усулҳои таълими модулӣ, инноватсионӣ ва дигар усулҳои муосир;
- ташкили низоми маълумотдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба хатару таҳдидҳое, ки ба муҳоҷират дар хориҷа алоқаманд мебошад;
- бо тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои ҷалб ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи фаъолияте, ки бо бакортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа алоқаманд мебошад;
- тибқи тартиби муқарраргардида пешбурди истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан, ба кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ё шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба берун кардани (депортатсияи) муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кардаанд, масъалагузорӣ менамояд;
- таҳким ва рушди заминаи моддию техникии Хадамот, сохторҳои дохилӣ ва хориҷии он, инчунин дигар муассисаву ташкилотҳои системаи Хадамот;
- таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар доираи салоҳияти худ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
4. Ташкили фаъолият
7) Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8) Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
9) Сардор дорои муовинон, аз ҷумла муовини якум мебошад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
10) Роҳбарони намояндагиҳои Хадамот дар хориҷа бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
11) Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.
12) Дар Хадамот Ҳайати мушовара иборат аз Сардори Хадамот (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Хадамот ташкил карда мешавад. Аъзои Ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки тибқи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
13) Сардор:
- манфиатҳои Хадамотро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;
- дар доираи салоҳияти худ фармоишҳо содир менамояд ва супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Дастгоҳи марказӣ, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Хадамот ҳатмӣ мебошанд;
- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, соҳторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Хадамотро тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамот, роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ ва кормандони намояндагиҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони намояндагиҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони сохторҳо ё атташеҳо оид ба муҳоҷират, ки ба Хадамот аз ҷиҳати функсионалӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд, таъсис дода шудаанд, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд;
- ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро ҳал менамояд;
- фаъолияти Хадамотро бо вазорату идораҳои дахлдрр дар масъалаҳое, ки ба салоҳияти якҷояи онҳо вобастаанд, ҳамоҳанг месозад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро барои сарафроз гардонидани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатии Хадамот ва сметаи хароҷотии нигаҳдошти Хадамотро дар доираи давраи дахлдори маблағгузорӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Хадамот пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- дигар ваколатҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
14) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
15) Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
16) Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот - шаҳри Душанбе мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" апрели соли 2011 № 229
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012№ 480)
Роҳбарият
Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ
Раёсати ташкилию таҳлилӣ
Раёсати назорати муҳоҷират
Раёсати назорати муҳоҷират дар нақлиёт ва баҳисобгирии муҳоҷирон
Раёсати иҷозатномадиҳӣ
Раёсати маълумотдиҳӣ
Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ
Шӯъбаи кадрҳо
Шӯъбаи умумӣ
Шӯъбаи робита бо ҷомеа
Бахши бақайдгирӣ ва кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Бахши ҳуқуқ
Бахши молия ()
3амимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" апрели соли 2011 № 229
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Намояндагяи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистрн дар Федератсияи Руссия
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" апрели соли 2011 № 229
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикхориҷакор"