Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2011 № 166
тасдиқ шудааст
Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ
1) Тартиби талаботи мазкур шакл ва низоми кори истифодабарандагонро бо сомонаи мақомоти идораи давлатӣ муайян намуда, низоми фосилавии ҳудуд, навкунӣ ва пешниҳоди системаҳои тақсимоти ҳамгироиро ба танзим медарорад, инчунин талаботро оид ба мундариҷаи сомона муқаррар менамояд.
2) Сомонаи расмии мақомоти идораи давлатие, ки аз захираҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ таркиб ёфтааст, бояд дар суроғаи электронии домени Т1 ба қайд гирифта шуда, ҳуқуқи дар ихтиёр доштани мундариҷа ва навкунии маълумоти онро дошта бошад.
3) Сомонаи расмии мақоми идораи давлатӣ бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) интишор карда шавад.
4) Мақоми идораи давлатие, ки сомонаи расмии худро дар шабакаи Интернет ҷойгир мекунад, бояд шабакаи ташкилию техникӣ ва маҳдуди баҳисобгирии ташкилоти худро, ки коршоямии онро дастгирӣ ва шароитҳои заруриро барои мукаммал кор кардан ва коркарди иттилоот дар сомона таъмин менамояд, таъсис диҳад.
5) Сомонаи расмии мақомоти идораи давлатӣ бояд ба таври доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи истифодаи умум барои дастрасии номаҳдуди шаҳрвандон васл гардида бошад.
6) Сомонаи давлатӣ бояд аз маҷмӯи ишораҳои зиёд иборат бошад, то ки ба истифодабаранда барои дар сомона пайдо кардани иттилооти зарурӣ ёрӣ расонад. Ишораҳои зиёд барои навигатсия дар сомона вобаста ба намуди берунии матни асосӣ дар саҳифаҳо бо мақсади муайян намудани онҳо дар сомона метавонанд якхела ва ҳархела бошанд. Ба ҳар як саҳифа бояд ранг ва ороиши ягонаи мутобиқ гузошта шавад, то ин ки нақшаи рангаи сомона фасеҳияти сомонаро тақвият бахшида, хамзамон диққати истифодабарандагонро аз моҳият дур накунад. Рангҳои сомона ва рамзҳои давлатии мақоми идораи давдатӣ бояд якдигарро пурра намоянд ва ҳамранг бошанд, ба истиснои рангҳои муқарраршудаи нишонаҳо. Дар саҳифаҳои сомона барои боз ҳам содда ва визуалӣ дарк намудани он аз ҷониби истифодабаранда бояд танҳо се намуди ранг истифода бурда шавад.
7) Ҳангоми коркарди сомона ба мақомоти идораи давлатӣ лозим аст, ки ба нопуррагии коркарди саҳифаҳо, ки он боиси таъсиси сахифаҳои сарбаста гардида, ба истифодабарандагон душвориҳо пеш меоранд, роҳ надиҳанд.
8) Мақоми идораи давлатие, ки ба сомонаи худ аз захираҳои иттилоотии худ иттилоот ҷойгир менамояд, масъалаҳои пешниҳоди иттилооти ба осонӣ дастрасшаванда ва боэътимодро ҳал намуда, баҳри бартараф намудани амалҳои тахрифи он кӯшиш намояд. Иттилооти ҷойгиршаванда бояд фаҳмо ва ба осонӣ даркшаванда бошанд.
9) Сомонаи расмии мақоми идораи давлатӣ набояд дар худ роликҳои рекламавӣ, ишораҳо ба ҳар гуна қисмҳои як сомона, маводро носаҳеҳ ё беэътимод ва маводи ба ин монандро ҷойгир намояд, дар он бояд иттилооти пурмазмун бо нишондоди сарчашмаҳо ҷойгир карда шавад. Хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди роликҳои рекламавӣ дар шабакаи Интернет бояд дар доираи қонунгузорӣ бо нишон додан ва ҷойгир кардани сана ва рақами шартнома амалӣ гардад.
10) Мақомоти давлатие, ки дар захираҳои Интернетии худ матни иҷозатгирифтаро ҷойгир менамоянд, вазифадоранд талаботи соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифро нисбат ба нусхабардорӣ ва паҳнкунии иттилоот риоя намоянд. Ҳамаи намудҳои дорои захираҳои иттилоотии кушода бояд ба қайд гирифта шаванд. Ба мақомоти давлатӣ зарур аст, ки воситаҳои самараноки ҳифзи моликияти зеҳниро ба инобат гиранд. Дар ҳолати истифодаи иттилоот аз сарчашмаҳои берунӣ муаллифон бояд нишон дода шуда бошанд. Ҳамин тавр, ҳуқуқи муаллифон ба иттилоот, ки дар худ на танҳо иттилооти матнӣ, балки мазмунҳои аудио-видеоро доранд, риоя карда шаванд. Бойгонии иттилоот дар сомона бояд дар як файл ҷойгир карда шавад ва бо иттилооти муфассал оид ба муаллифи он инъикос гардад.
11) Мақоми идораи давлатие, ки ягон намуди хизматрасониро пешниҳод менамояд, бояд дар блоги худ номгӯи хизматрасониро пешниҳод намояд.
12) Сомонаи расмии мақоми идораи давлатӣ бояд баррасии электронии дархости шаҳрвандонро дар бар гирад ва тибқи тартиби қабули муроҷиатҳо амалӣ шавад. Аз рӯи дархостҳое, ки бе пешниҳоди маълумоти иловагӣ иҷро шуда наметавонанд, ба аризадиҳанда оид ба зарурати пешниҳод намудани маълумоти иловагӣ ҷавоб ирсол карда мешавад. Муроҷиати шаҳрвандон дар намуди анъанавӣ тавассути дархости электронӣ ба мӯҳлати тибқи қонунгузорӣ муқаррагардида бояд баррасӣ гардад.
13) Қабули электронии муроҷиати шаҳрвандон аз рӯи дархостҳо бояд мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда гузарад ва аз рӯи мундариҷаи савол байни шахсони масъул, ки бо имзои электронии рақамӣ ва ё бо дигар тарзи ҷавоби электронӣ дархостҳоро тасдиқ менамояд, тақсим карда шавад. Шахси ваколатдор бояд боэътимодӣ ва пуррагии иттилооти пешниҳодшавандаро бо риоя намудани мӯҳлатҳои муқарраршуда ва шароити пешниҳоди он таъмин намояд.
14) Мақоми идораи давлатӣ бояд дар сомонаи худ дархости ҷустуҷӯиро ҷойгир намояд. Дархости ҷустуҷӯӣ бояд аз ҷониби омодакунанда мувофиқи хоҳиши истифодабаранда дар сомона мухтасар ифода карда шуда, ниҳоят кӯтоҳ ва содда бошад. Аз рӯи имкон сомона метавонад бо системаи ҷустуҷӯӣ барои иҷро намудани ҷустуҷӯ дар шабакаи Интернет ва эътино ба дархости истифодабаранда, ки дар намуди ибораҳои матнӣ (ҷустуҷӯи дархост) бо додани рӯйхати ишораҳо ба сарчашмаи иттилоот бо тартиби марбута таҷҳизонида шавад.
15) Сомонаи мақоми идораи давлатӣ, ки дар шабакаи Интернет ҷойгир шудааст, бояд низоми машваратии ОМ-ЫКЕ дошта бошад.
16) Мақоми идораи давлатӣ вазифадор аст дар сомонаи худ оид ба фаъолияти худ иттилоот, инчунин матнҳои баромадҳои расмӣ, изҳороти роҳбарон ва муовинони роҳбаронро ҷойгир намуда, ҳамчунин тартиби интишор кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ (фармону фармоишҳо), ки тибқи қонунгузорӣ муқаррар шудааст, риоя намоянд.
17) Сомонаи расмӣ бояд дар худ шакли алоқаи мутақобиларо барои гирдоварии фикру мулоҳизаҳо, тақризҳо ва номаҳо аз муштариён ҷойгир карда бошад. Ба сифати ба даст овардани алоқаи мутақобила дар сомона метавонад форуми саволу ҷавобҳои ошкор истифода бурда шавад. Дар ҳолати зарурат ба мақоми идораи давлатӣ зарур аст, ки шакли интишори автоматии пешниҳодот ва фикру мулоҳизаҳоро бо назардошти азнавкунии мунтазам гузорад.
18) Мақоми идораи давлатӣ бояд дар сомонаи расмии худ баҳисобгирии электронии муштарӣ, инчунин хизматрасоние, ки вақти пур шудани саҳифаро ҳисоб мекунад ва мӯҳлати нигоҳдории захираҳои иттилоотии расмиро, ки дорои иттилоот барои истифодаи шаҳрвандон мебошад, ҷойгир намояд.
19) Сомонаи расмии мақоми идораи давлатӣ бояд блоги иттилоотӣ оид ба бартариҳо, ҷуброн ва имтиёзҳое, ки барои шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва корхонаҳо пешниҳод мешаванд, дошта бошад. Дар бораи ҷойҳои холии мансаби хизмати давлатӣ, ки дар мақоми идораи давлатӣ ва муассисаҳои зертобеи он мавҷуд аст, маълумот дошта бошад.
20) Дар сомонаҳои мақоми идораи давлатӣ интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ қатъиян манъ аст.
21) Барои риоя накардани Тартиби талаботи мазкур мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад фаъолияти сомонаи расмии мақоми идоракунии давлатиро муваққатан боздорад.