ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024
№ 2096)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини иттилооти экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳоро дар таъмини ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дастрасии иттилооти экологии мукаммал, эътимоднок ва саривақтӣ дар ин бахш танзим менамояд (№ 2096).
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
хориҷ карда шуд (№ 2096);
- иттилооти экологӣ – маълумот дар шакли хаттӣ, визуалӣ ва шифоҳӣ дар бораи ҳолати ҳавои атмосфера, об, хок, замин, олами набототу ҳайвонот, гуногунии биологӣ, экосистемаҳо ва объектҳои дигари табиӣ, ки барои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамият доранд (№ 2096);
- иттилооти махсуси экологӣ - иттилооти экологӣ, ки дар асоси шартнома манзур мешавад ва барои пешниҳоди он тайёрии иловагӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот зарур аст (№ 2096);
- иттилооти умумии экологӣ - иттилооти экологие, ки барои истифодаи омма аз ҷониби моликони иттилооти экологӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояшон, ки аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, муқаррар шудааст (№ 2096);
- захираҳои иттилооти экологӣ - иттилооти экологие, ки сарфи назар аз усули пешниҳод ё ташкили нигоҳдориаш (аснод, маҷмуи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, махзани маълумот), барои воридкунӣ ба системаи иттилоотии экологӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст (№ 2096);
- молики иттилооти экологӣ - мақомоти давлатӣ ё дигар шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо иттилооти экологӣ ташаккул меёбад (№ 2096);
- пешниҳоди иттилооти экологӣ - амали молики иттилооти экологӣ, ки тибқи уҳдадориҳои ба моликони чунин иттилоот вогузоркардаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартнома оид ба пешниҳоди иттилооти махсуси экологӣ ба расонидани иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат менамояд (№ 2096);
- интишори иттилооти экологӣ - амали молики иттилооти экологӣ, ки мақсадаш тавассути ҷойгиронӣ дар нашрияҳо, дигар воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои расмии худ ё бо роҳҳои дигари дастраси умум расонидани иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ, шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад (№ 2096).
...