ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БИРЖАИ МОЛӢ ВА САВДОИ БИРЖАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 "Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №3, мод.’30; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 117; №23-24, мод. 333; с. 2005, №12, мод. 660) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
Бандҳои 16 ва 17 фасли III дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"16. Биржа аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқии таъсисёфта ба ҳисоб меравад. Биржа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
17. Маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Биржа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" бояд дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дарҷ карда шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 698
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар брраи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 2 феврали соли 2011, № 303
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 138
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ТОВАРНОЙ БИРЖЕ И БИРЖЕВОЙ ТОРГОВЛЕ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 23 декабря 1991 года "О товарной бирже и биржевой торговле в Республике Таджикистан" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1992г., №3, ст.30; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997г., №9, ст.117; №23-24, ст.ЗЗЗ; 2005г., №12, ст.660) следующие изменения:
1. Пункты 16 и 17 раздела III изложить в следующей редакции:
"16. Биржа считается учреждённым юридическим лицом с момента государственной регистрации. Биржа проходит государственную регистрацию в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей".
17. Сведения о филиалах и представительствах Биржи, создаваемых на территории Республики Таджикистан, вносятся в Единый государственный реестр юридических лиц и индивидуальных предпринимателей в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей".".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе, 25 марта 2011 года № 698
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О товарной бирже и биржевой торговле в Республике Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О товарной бирже и биржевой торговле в Республике Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе,2 февраля 2011 года №303
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О товарной бирже и биржевой торговле в Республике Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О товарной бирже и биржевой торговле в Республике Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О товарной бирже и биржевой торговле в Республике Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе,11 марта 2011 года №138