ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 5, мод.362; с. 2009, № 9-10, мод. 551) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 5:
- дар сархати якум пеш аз калимаи "вазоратҳо" калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда, калимаҳои "худидораи шаҳрак ва деҳа" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм баъд аз калимаи "ноҳияҳо" калимаҳои ", маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои "Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда, пеш аз калимаи "Ҳукумати" калимаи "маҷлисҳои", пеш аз калимаҳои "маҷлисҳои маҳаллии" калимаи "иҷлосияҳои", пеш аз калимаҳои "мақомоти иҷроияи" калимаи "ҷаласаҳои", баъд аз калимаи "давлатӣ," калимаҳои "маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот," илова карда шаванд;
- дар сархати чорум баъд аз калимаҳои "Раиси Бонки миллии Тоҷикистон," калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,", пеш аз калимаҳои "вакилони маҷлисҳои маҳаллии" калимаҳои "ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот," ва пеш аз калимаҳои "раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" калимаҳои "раисони судҳои ҳарбӣ," илова карда, калимаҳои "прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо" ба калимаҳои "раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 6:
- сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат;
- дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ;";
- сархатҳои чорум ва панҷум мутаносибан сархатҳои шашум ва ҳафтум ҳисобида шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 8:
...