ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 2007, № 5. мод. 362; с. 2009 № 9-10, мод. 551; с. 2011, № 3. мод. 162, № 6. мод. 451)
(Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 558, аз 25.03.2011 № 695, аз 14.11.2016 № 1376, аз 20.06.2024 № 2079, аз 16.02.2026 № 2246)
Қонуни мазкур рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад (№ 2079).
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 11. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2079)
1. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд.
2. Ҳифз ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
3. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад (№ 2079).
Моддаи 2. Тасдиқи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
...