Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 137 Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Замимаи Андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 472 "Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

2) Дар сархати якуми банди 3 Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷи гумрукӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 352 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ" тасдиқ шудааст, калимаи "ва" ба калимаҳои "ва (ё)" иваз карда шавад.

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011, № 38 "Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369" аз 7 августи соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2011 № 137

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" марти соли 2011 № 137

Андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ

+------------------------------------------------+-------------------+
|  Номгӯи хизматрасонии гумрукӣ                  |Андозаи хироҷҳои   |
|                                                |     гумрукӣ       |

|1. Хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории        |10 доллари ИМА     |
|гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёте, ки арзиши   |20 доллари ИМА     |
|гумрукиаш чунин микдорро ташкил медиҳад:        |70 доллари ИМА     |
|-то 5001-долл. ИМА                              |150 доллари ИМА    |
|-аз 5001 то 10001 долл. ИМА                     |450 доллари ИМА    |
|-аз 10001 то 50001 долл. ИМА                    |                   |
|-аз 50001 то 100001 долл. ИМА                   |                   |
|-аз 100001 доллари ИМА ва зиёда аз он           |                   |

|2. Хироҷ барои мушоияти гумрукии мол барои як ё |2 доллари ИМА      |
|якчанд  воситаҳои  нақлиётии ибората аз як      |                   |
|колонна (барои 10 км).                          |                   |

|3. Хироҷ барои нигаҳдории мол дар анборҳои      |                   |
|мақомоти гумрук:                                |                   |
|- воситаҳои нақлиёт, барои як воҳид дар як      |0,5 доллари ИМА    |
|шабонарӯз                                       |                   |
|-молҳо, барои 50 кг дар як шабонарӯз            |0,01 доллари ИМА   |

|4. Хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи     |50 доллари ШМА     |
|   тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи   |                   |
|   гумрукӣ                                      |                   |

Эзоҳ: Маблағи хироҷҳои гумрукии бо доллари ИМА ҳисобшаванда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи барасмиятдарории ордери хазинавии гумрукӣ, қабули эъломияи бори гумрукӣ ё иҷозати мол аз тарафи мақомоти гумрукӣ супорида мешавад.