Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 135 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 115 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 95 воҳид муқаррар карда шуда, аз он 92 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 3 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махусуси Кумита маблағгузорӣ карда шаванд".

2) Ба Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар тамоми матн калимаҳои "инвеститсионӣ", "инвеститсионии", "инвеститсия", "инвеститсияҳо", "инвесторҳо", "инвесторҳои" мувофиқан калимаҳои "сармоягузорӣ", "сармоягузории", ’"сармоя", "сармояҳо", "сармоягузорон", "сармоягузорони" иваз карда шаванд;

- дар банди 1 фасли 1 баъд аз калимаҳои "дар соҳаи инвеститсионӣ" калимаҳои "тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна" илова карда шаванд;

- сархати шашуми банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ҳамоҳангсозии умумии ҷараёни ҷалб, истифода ва мониторинги кӯмаки беруна, инчунин татбиқи нақшаю чорабиниҳое, ки дар барномаҳо ва стратегияҳо оид ба ҷараёни ҷалб, истифода ва мониторинги кӯмаки беруна пешбинигардида;";

- сархати ёздаҳуми банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- роҳбарӣ ва ҳамоҳансозии фаъолияти раёсату шӯъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ";

- аз сархати ҳаждаҳуми банди 4 фасли II калимаҳои "истиқрор ва" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати бисту шашуми банди 4 фасли II пас аз калимаи "инвеститсияҳо" калимаҳои "ва ҳамаи намудҳои кӯмаки берунаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" илова карда шаванд;

- сархатҳои бисту ҳафт ва бисту ҳашти банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- кӯмак ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими баҳсҳои хоҷагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дар мурофиаҳои судӣ";

- сархати сию ҳашти банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ, лоиҳаҳои инфиродии реструктуризатсия ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз нигоҳи стратегӣ барои иқтисоди ҷумҳурӣ муҳим мебошанд";

- сархати шасту сеи банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- идоракунии ҳиссаҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта дар ҷамъиятҳои муштараки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ таъсисдодашуда ва иштироки бевоситаи намояндаҳои Кумита дар шӯроҳои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ва маҷлисҳои умумии иштирокчиён";

- сархати ҳафтоди банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- таъсис додани фондҳои қарздиҳии хурд ба соҳибкорон бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ";

- пас аз сархати ҳафтоди банди 4 фасли II сархатҳои нав дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"- омода намудани хулоса ва дар мавридҳои зарурӣ додани пешниҳодот ба бонкҳои тиҷоратӣ ҳангоми додани қарзҳо ба соҳибкорон;

- пешбурди феҳристи ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони тоҷики бурунмарзӣ;";

- дар сархати ҳафтоду дуи банди 4 фасли II калимаи "проблемаҳои" ба калимаи "масъалаҳои" иваз карда шавад;

- пас аз сархати ҳаштоду се сархатҳои нав дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"- мустақилона гузарониданидани гуфтушунид бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, донорҳо ва сармоягузорони хориҷӣ барои ҷалби воситаҳои зарурӣ ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок;

- ба маҳзани маълумот ворид намудани лоиҳаҳое (созишномаҳо), ки аз ҳисоби кӯмаки беруна маблағгузорӣ мегарданд;

- омода намудани ҳисобот оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вазъи ҷараёни ҷалби кӯмаки беруна барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иштирок намудан дар таҳия ва мувофиқаи лоиҳаҳои барномаҳои сармоягузории давлатӣ;

- андешидани тадбирҳо оид ба таъмини шаффоф, боадолатона ва самарабахши ҷараёни хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ;

- ташкили фаъолият оид ба кушодани дархостҳои тендерӣ барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ;

- мониторинги фаъолияти харид дар марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоятузорӣ;

- таҳия ва амалӣ намудани Низоми идоракунии иттилоотии кӯмаки беруна, амалисозии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот дар бораи татбиқи лоиҳаҳои кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва омодасозии шакли намунавии пешниҳодҳои лоиҳавӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорон;

- иштирок намудан дар чорабиниҳои вобаста ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омӯзиш ва таҳлили иҷрои шартҳои созишномаҳо, шартномаҳо оид ба сармоягузорӣ;

- омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;";

- пас аз сархати шаши банди 5 фасли II сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- раванди барҳамдиҳии марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, ихтиёрдорӣ ва ба тавозуни дигар сохторҳои давлатӣ гузаронидани амволи дар доираи татбиқи лоиҳаҳо харидоришударо ташкил намояд;

- ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи чорабиниҳоеро, ки ба дастгирии давлатии сармоягузории мустақими хориҷӣ равона шудаанд, амалӣ намояд;

- пешниҳод ва ҳисоботҳоро оид ба рафти иҷрои стратегияи миллии рушд ва стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ омода намояд;

- ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ.";

- сархати ҳаждаҳуми банди 5 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ихтиёрдорӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши амволеро, ки ба манфиати давлат мусодира карда шудааст ва инчунин амволеро, ки аз ҷониби мақомоти судӣ ва андоз ба ҳабс гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида анҷом диҳад;";

- дар сархати бисту яки банди 5 фасли II баъди калимаҳои "ҷамъиятҳои саҳомӣ" калимаҳои "ва муштарак" ва баъди калимаи "намояндагонро" калимаҳои "ба ҳайати шӯрои директорон (нозирон) ва маҷлиси умумии саҳмдорон" илова карда шаванд;

- пас аз сархати бисту чори банди 5 фасли II сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номзадҳо барои таъин ба вазифа ва ё аз вазифаи ишғолнамуда сабукдӯш кардани роҳбарон ва муовинони роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- роҳбарони ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки ҳамаи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;

- таклифҳоро ҷиҳати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони ҷамъиятҳои саҳомие, ки масъалаҳои таъину озод кардани онҳо ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошанд, пешниҳод намояд;

- шунидани ҳисоботи роҳбарони лоиҳаҳои кӯмаки беруна дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара;

- гузаронидани санҷиши мавзӯии дурустии маълумот ва ҳисобот оид ба ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна;";

- дар сархати дуюми банди 8 фасли III калимаҳои "қарору фармонҳо" ба калимаи "қарорҳо" иваз карда шаванд;

- дар банди 10 фасли III калимаҳои "фармон" ва "қарору фармонҳоро" ба калимаи "қарор" иваз карда шаванд.

3. Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 590 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2011 № 135

 ш. Душанбе

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2011 № 135

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна

Раёсати моликияти давлатӣ

Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ

Раёсати дастгирии соҳибкорӣ

Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи маҷмӯӣ ва таҳлилӣ

Шӯъбаи иттилоот ва ташкилӣ

Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ

Шӯъбаи умумӣ ва назорат