Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази байналмилалии тавонбахшӣ"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Дар деҳаи Шаҳидони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Муассисаи давлатии "Маркази байналмилалии тавонбахшӣ" таъсис дода шавад.
2) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Маркази байналмилалии тавонбахшӣ"-ро тасдиқ ва бақайдгирии давлатии онро таъмин намояд.
3) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориро барои Муассисаи давлатии "Маркази байналмилалии тавонбахшӣ" дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таъмин намояд.
4) Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" тасдиқ щудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-Муассисаи давлатии "Маркази байналмилалии тавонбахшӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2011 № 125
ш. Душанбе