Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Санаи амалкуни: 01.01.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 462 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 783, аз 14.11.2019 № 577, аз 28.12.2019 № 633)  

 

Мутобиқи моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 20 ва 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.11.2019 № 577):

1) Низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тибқи замимаҳои 1, 1(1), 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.11.2019 № 577).

2) Лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 1 апрели соли 2011 мутобиқи замимаҳои 20 ва 21 тасдиқ карда шавад.

3) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тибқи Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 590" тасдиқ шудааст, тасдиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 633).

4) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:

- дар мӯҳдати як моҳ қарорҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд;

- маблағгузории хароҷоти нигоҳдории воҳидҳои басти иловагиро аз 1 апрели соли 2011 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмин ва дар солҳои минбаъда дар буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намоянд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 пардохти музди меҳнати воҳидҳои кории иловагии раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории хароҷоти иловагиро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 783).

6) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва мониторинги шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тибқи қарори мазкур таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 633).

7) Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 25 январи соли 1995 № 104 "Дар бораи сохтор ва штатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия";

- аз 20 феврали соли 1995 № 157 "Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 1995 №104";

- аз 17 марти соли 1995 № 216 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва озод намудани роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд";

- аз 7 августи соли 1995 № 499 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 27 июли соли 2000 №328 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе";

- аз 4 марти соли 2002 №100 "Дар бораи таъсис додани шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар сохтори дастгоҳи Раиси вилояти Суғд";

- аз 30 декабри соли 2001 №597 "Дар бораи ворид намудани тағйирот дар сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе";

- аз 3 июли соли 2003 №303 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

 

аз 3 марти соли 2011 № 115

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 783, аз 14.11.2019 № 577,)

 

Мутобиқи моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 20 ва 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.11.2019 № 577):

1) Низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тибқи замимаҳои 1, 1(1), 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.11.2019 № 577).

2) Лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 1 апрели соли 2011 мутобиқи замимаҳои 20 ва 21 тасдиқ карда шавад.

3) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тибқи Талаботи намунавӣ ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005 №478-14 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 №1624" тасдиқ шудааст, тасдиқ намоянд.

4) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:

- дар мӯҳдати як моҳ қарорҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд;

- маблағгузории хароҷоти нигоҳдории воҳидҳои басти иловагиро аз 1 апрели соли 2011 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмин ва дар солҳои минбаъда дар буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намоянд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 пардохти музди меҳнати воҳидҳои кории иловагии раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории хароҷоти иловагиро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 783).

6) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва мониторинги шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тибқи қарори мазкур таъмин намоянд.

7) Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 25 январи соли 1995 № 104 "Дар бораи сохтор ва штатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия";

- аз 20 феврали соли 1995 № 157 "Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 1995 №104";

- аз 17 марти соли 1995 № 216 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва озод намудани роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд";

- аз 7 августи соли 1995 № 499 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 27 июли соли 2000 №328 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе";

- аз 4 марти соли 2002 №100 "Дар бораи таъсис додани шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар сохтори дастгоҳи Раиси вилояти Суғд";

- аз 30 декабри соли 2001 №597 "Дар бораи ворид намудани тағйирот дар сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе";

- аз 3 июли соли 2003 №303 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2011 № 115 ш. Душанбе