Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 6 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи иншооти муҳофизатии зидди обхезӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ, инчунин хизматрасонии об ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2011-2015 таҳти назорат қарор дода, ҳар нимсола аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2011 № 112
ш. Душанбе