Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441
Мувофиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашудаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) Ба банди 50 пас аз калимаҳои "воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ," калимаҳои "ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ", "муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ" илова карда шаванд.
2) Ба банди 51:
- баъд аз калимаҳои "воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ," калимаҳои "ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ", "муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ" илова карда шаванд;
- ба зербанди е) баъд аз калимаҳои "ғайриҳукуматии байналмилалӣ" калимаҳои "ташкилотҳои ҷамъиятқи давлатҳои хориҷӣ", муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ" илова карда шаванд;
- зербанди "ж" бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"ж) "DP" - барои воситаҳои нақлиёти сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ ба корпуси дипломатӣ ва намояндагиҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин ҳайатҳои давлатҳои хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда.
Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо пешниҳоди расмии вазорати мазкур сурат мегирад.
Ранги таги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои ҳаммонандкунандаи вазорат ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.
Баъд аз гузаштани расмиёти бақайдгирии воситаҳои нақлиёти дар банди 51 зикргардида, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт корти пластикӣ ва коғазҳои барчасп (стикер) медиҳад, ки ба рақамҳои қайди давлатии зикргардида монанд мебошанд.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 феврали соли 2011 № 30
ш. Душанбе