Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010 № 714 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" банди 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаи зотпарвариро таҳлил намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.".

2) Аз шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245 тасдиқ гардидааст, бандҳои 3,4 ва 27 хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2010 № 714

 ш. Душанбе