Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 № 456 аз эътибор соқит дониста шуд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағийру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- банди 2) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1780 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 180 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 160 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда шавад.";
- банди 3) дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"3) Маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори маҳаллии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.";
- бандҳои 3), 4), 5), 6) ва 7) мувофиқан бандҳои 4), 5), 6), 7) ва 8) ҳисобида шаванд.
2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷотро барои нигоҳдории воҳидҳои иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2010 № 713
ш. Душанбе