Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010 № 698 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиктибтаҷҳизот" дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиктибтаҷҳизот" дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиктибтаҷҳизот" дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии корхонаи номбурдаро ҳал намояд.

3) Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

- "Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиктибтаҷҳизот".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2010 № 698

ш. Душанбе