ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.455; с.2008, №12, қ.2, мод.1013) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2 пеш аз калимаи "эътироф" калимаи "онҳоро" илова карда шавад.
2. Дар моддаи 4:
- дар номи модда калимаи "Шаклҳои" ба калимаи "Намудҳои" иваз карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Тибқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият намудҳои зерини китобхонаҳо мавҷуданд:
1) китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:
- Китобхонаи миллӣ;
- китобхонаи ҷумҳуриявӣ;
- китобхонаҳои вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ;
2) китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд;
3) китобхонаҳои шаҳрак ва деҳот, ки аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешаванд;
4) китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ;
5) китобхонаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият;
6) китобхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
7) китобхонаҳои хусусӣ;
8) китобхонаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.".
3. Сархати дуюми қисми дуюми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
" - бо истифода аз намудҳои гуногуни китобхонаҳо;".
4. Дар қисми сеюми моддаи 7 калимаҳои "ва ноҳиявӣ" ба калимаҳои ", ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
5. Ба қисми якуми моддаи 11 сархати сенздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ба шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла умумиҷаҳонӣ, пайваст шаванд ва сомона (сайт)-ҳои электронии худро кушоянд;".
6. Номи боби 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"БОБИ 4. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КИТОБДОРӢ"
7. Моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 14. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ
Асоси сиёсати давлатиро дар соҳаи китобдорӣ принсипи фароҳам овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишҳои фарҳангие ташкил медиҳад, ки дар китобхонаҳо ҷамъ оварда, барои истифодаи умум пешниҳод карда мешаванд.
Давлат рушди хизматрасонии китобдории гурӯҳҳои аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ камтар ҳифзшаванда (кӯдакон, ҷавонон, маъюбон, нафақахӯрон, гурезаҳо, бекорон, модарони серфарзанд, деҳотиён, сокинони минтақаҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои ба онҳо баробаркардашуда)-ро дастгирӣ менамояд.
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ надоранд китобхонаҳоро ба биноҳои ба талаботи ҳифзи меҳнат, нигаҳдории фонд ва хизматрасониашон номувофиқ кӯчонанд, қароре қабул кунанд ё амалеро иҷро намоянд, ки сабаби бадшавии вазъи таъминоти моддию техникии китобхонаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда гардад. Аз рӯи чунин қарорҳои мақомоти мазкур ва амалҳои шахсони мансабдори онҳо, ки манфиатҳои қонунии истифодабарандагони китобхонаҳоро маҳдуд менамоянд, ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ тибқи Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.".
8. Моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи китобдорӣ муайян менамояд;
- барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдориро тасдиқ мекунад;
- тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи китобдориро амалӣ месозад;
- мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи китобдорӣ муайян менамояд;
- маблағгузории давлатии соҳаи китобдориро таъмин мекунад;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи китобдорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.".
9. Ба Қонун моддаҳои 15(1) ва 15(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 15(1). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ
- барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдориро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- нигаҳдории фонди мавҷудаи китобхонаҳоро назорат ва ба ғанитар шудани он мусоидат мекунад;
- ба таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии фаъолияти китобдорӣ мусоидат менамояд;
- баҳисобгирии давлатии омории китобхонаҳоро амалӣ мегардонад;
- ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти китобхонаҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба роҳ мемонад;
- бақайдгирӣ ва назорати риояи низоми нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди китобхонаҳоеро, ки ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ эътироф шудаанд, анҷом медиҳад;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи китобдорӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 15(2). Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ:
- фаъолияти китобдориро дар ҳудуди шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳот ба роҳ мемонанд;
- ҳамоҳангсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва байниидоравии хизматрасонии иттилооотию китобдорӣ, аз ҷумла, иттилоотонии ҷомеаро ташкил менамоянд;
- ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасии китобхонаҳо ва хизматрасонии китобдорӣ таъмин менамоянд;
- маблағгузории саривақтии китобхонаҳоро барои таҳкими базаи моддию техникии онҳо, харидории адабиёти нав ва дигар маводҳои иттилоотӣ анҷом медиҳанд;
- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ амалӣ мегардонанд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд тавассути дастгирии моддӣ китобхонаҳои ғайридавлатиро, ки ба аҳолӣ ройгон хизмат мерасонанд, ҳавасманд намоянд.".
10. Дар моддаи 16:
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Фонди китобхонаҳое, ки ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад, таҳти низоми махсуси ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ қарор дошта, ба хориҷи кишвар баровардан, нусхабардорӣ, чопи электронӣ ва интиқоли матни онҳо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.";
- дар қисми сеюм калимаҳои "мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодабарии мероси миллии китобдорӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ" иваз карда шаванд.
11. Моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 17. Китобхона ҳамчун ҷузъи мероси таърихию фарҳангӣ
Фонди китобхонаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дониста шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ нигаҳдорӣ ва ҳимоя карда мешаванд.
Китобхонаҳое, ки мақоми онҳо тибқи қисми якуми моддаи мазкур муайян шудааст, ҳуқуқ доранд пайваста ва ба таври ройгон ду нусхаи ҳатмии маводҳои чопии дар ҳудуди мамлакат ва берун аз он нашршудаи ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста аз шакли моликияташон, дастрас намоянд.".
12. Дар қисми сеюми моддаи 18:
- калимаҳои "Вазифа ва функсияҳои" ба калимаи "Вазифаҳои" иваз карда шаванд;
- сархати сенздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.".
13. Дар моддаи 19:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо метавонанд ба китобхонаи умумии пешбар мақоми китобхонаи марказиро диҳанд.
Вазифаи китобхонаи марказиро инҳо амалӣ менамоянд:
- дар вилоят - китобхонаи марказии вилоятӣ;
- дар шаҳр - китобхонаи марказии шаҳрӣ;
- дар ноҳия - китобхонаи марказии ноҳиявӣ.";
- дар қисми сеюм калимаи "функсияҳои" ба калимаи "вазифаҳои" иваз карда шавад.
14. Дар ном ва қисми якуми моддаи 22 калимаҳои "Амволи" ва "амволи" мутаносибан ба калимаҳои "Молу мулки" ва "молу мулки" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
29 декабри соли 2010 № 679
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2010, № 221
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010 № 114
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О библиотечной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2003г., №8, ст.455; 2008г., №12, ч.2, ст.1013) следующие изменения и дополнения:
1. Часть вторую статьи 4 изложить в следующей редакции:
"Согласно порядку учреждения и формам собственности существуют следующие виды библиотек: учрежденные органами
1) государственные библиотеки, государственной власти, в том числе: и других государственных библиотеки, учрежденные
- Национальная библиотека;
- республиканская библиотека;
- библиотеки министерств, ведомств органов;
2) областные, городские, районные местными органами государственной власти;
3) поселковые и сельские библиотеки, учрежденные органами самоуправления поселков и сел;
4) библиотеки Академии наук Республики Таджикистан, отраслевых академий, научно-исследовательских институтов, образовательных учреждений;
5) библиотеки предприятий, учреждений и других организаций, независимо от форм собственности;
6) библиотеки общественных объединений;
7) частные библиотеки;
8) библиотеки, учрежденные иностранными физическими и юридическими лицами, а также международными организациями в соответствии с международными соглашениями Республики Таджикистан.".
2. Абзац второй части второй статьи 5 изложить в следующей редакции:
"- путем использования различных видов библиотек;".
3. В части третьей статьи 7 слова "и районных" заменить словами ", районных, поселковых и сельских".
4. Часть первую статьи 11 дополнить абзацем тринадцатым следующего содержания:
"- подключаться к различным, в том числе всемирным сетям и создавать свои электронные сайты;".
5. Название главы 4 изложить в следующей редакции:
"ГЛАВА 4. ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПОЛИТИКА В ОБЛАСТИ БИБЛИОТЕЧНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ".
6. Статью 14 изложить в следующей редакции:
"Статья 14. Государственная политика в области библиотечной деятельности
Основу государственной политики в области библиотечной деятельности составляет принцип создания условий для общего доступа к информации и культурным ценностям, собранных в библиотеках и предоставляемых для общественного пользования.
Государство поддерживает развитие библиотечного обслуживания наименее социально и экономически защищенных категорий населения (детей, молодёжи, инвалидов, пенсионеров, беженцев, безработных, многодетных матерей, жителей сельской местности, жителей высокогорья и приравненных к ним местностей).
Государственные органы и органы самоуправления поселков и сел не вправе перевести библиотеки в помещения, не соответствующие требованиям охраны труда, хранению библиотечных фондов и библиотечного обслуживания, принимать решения и осуществлять действия, влекущие ухудшение материально-технического обеспечения библиотек, находящихся на бюджетном финансировании. Решения указанных органов, а также действия их должностных лиц, ущемляющие законные интересы пользователей библиотек, могут быть обжалованы в судебном порядке.
Компетенция Правительства Республики Таджикистан, государственного уполномоченного органа, местных органов государственной власти и органов местного самоуправления поселков и сел в сфере библиотечного дела регулируется в соответствии с настоящим Законом.".
7. Статью 15 изложить в следующей редакции:
"Статья 15. Компетенция Правительства Республики Таджикистан в области библиотечной деятельности
Правительство Республики Таджикистан в области библиотечной деятельности:
- определяет государственную политику в области библиотечного дела;
- утверждает государственные программы по развитию библиотечной деятельности;
- осуществляет подготовку и переподготовку специалистов в области библиотечной деятельности;
- определяет уполномоченный государственный орган в области библиотечной деятельности;
- осуществляет государственное финансирование библиотечной деятельности;
- осуществляет иные полномочия в области библиотечной деятельности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
8. Закон дополнить статьями 15(1) и 15(2) следующего содержания:
"Статья 15(1). Полномочия государственного уполномоченного органа в области библиотечной деятельности
Государственный уполномоченный орган в области библиотечной деятельности:
- осуществляет подготовку и предоставление на утверждение Правительству Республики Таджикистан государственных программ по развитию сферы библиотечной деятельности;
- контролирует сохранение имеющегося библиотечного фонда и содействует его пополнению;
- содействует в проведении научных исследований и методического обеспечения сферы библиотечной деятельности;
- осуществляет государственный статистический учет библиотек;
- налаживает сотрудничество и координирует деятельность библиотек, независимо от организационно-правовых форм и форм собственности;
- проводит учет и контроль за соблюдением режима сохранения и использования библиотечного фонда, признанного историкокультурным наследием;
- осуществляет иные полномочия в области библиотечного дела, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан.
Статья 15(2). Полномочия местных органов государственной власти и органов местного самоуправления поселков и сел в области библиотечной деятельности
Местные органы государственной власти и органы местного самоуправления поселков и сел в области библиотечной деятельности:
- организуют библиотечную деятельность на территории городов, районов, поселков и сел;
- осуществляют координацию межрегиональных и межведомственных связей по оказанию информационных и библиотечных услуг, в том числе информирование общества;
- обеспечивают права граждан на доступ к библиотекам и библиотечному обслуживанию;
- обеспечивают своевременное финансирование библиотек с целью укрепления их материально-технической базы, приобретения новой литературы и иного информационного материала;
- осуществляют другие полномочия в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Местные органы государственной власти и органы местного самоуправления поселков и сел могут поощрять путем материальной поддержки негосударственные библиотеки, бесплатно обслуживающие население.".
9. В статье 16:
- часть вторую изложить в следующей редакции:
"Библиотечные фонды, отнесенные к объектам историкокультурного наследия, находятся на особом режиме охраны, хранения и использования и вывоз, копирование, электронная версия и передача их текста через информационные сети и другие средства осуществляются в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и другими международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.";
в части третьей слова "специального уполномоченного государственного органа в области использования национального библиотечного наследия" заменить словами "уполномоченного государственного органа в области библиотечной деятельности.".
10. Статью 17 изложить в следующей редакции:
"Статья 17. Библиотеки как часть историко-культурного наследия
Охрана и использование фонда библиотек, отнесенных в установленном порядке к объектам историко-культурного наследия, осуществляется согласно законодательству Республики Таджикистан об охране и использовании объектов историко-культурного наследия.
Библиотеки, статус которых определен согласно части первой настоящей статьи, вправе получить постоянно и бесплатно два обязательных экземпляра печатного материала, изданного издателями Республики Таджикистан на территории страны и за ее пределами, вне зависимости от их форм собственности.".
11. Абзац тринадцатый части третьей статьи 18 изложить в следующей редакции:
"- осуществление сотрудничества в сфере библиотечной деятельности с обществами таджиков, действующих за пределами Республики Таджикистан.".
12. Часть 1 статьи 19 изложить в следующей редакции:
"Местные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов могут присваивать ведущей универсальной библиотеке статус центральной библиотеки. Функции центральной библиотеки выполняют:
- в области - центральная областная библиотека;
- в городе - центральная городская библиотека;
- в районе - центральная районная библиотека.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
29 декабря 2010 года № 679
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Реснублики Таджикистан Ш.Зухуров
г. Душанбе, 3 ноября 2010 года, №221