ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи байторӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, иқтисодию молиявии фаъолиятро дар соҳаи байторӣ муайян намуда, ба таъмини офияти беҳдошти байторӣ ва эпизоотӣ, ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон, бехатарии маҳсулоти ҳайвонот ва растаниҳо, маводи байторӣ, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ангезандаҳои бемориҳои ҳайвонот - вирусҳо, бактерияҳо, риккетсияҳо, хламидияҳо, микоплазмаҳо, прионҳо, соддатаринҳо, мағоракҳо, кирмҳо, канаҳо ва ҳашаротҳо ;
- аттестатсияи байторӣ (беҳдошти байторӣ) - фаъолиятест, ки мутобиқати шароити истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, воридот, содироти объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро ба талаботи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд ;
- бехатарии биологӣ - низоми тадбирҳо ва воситаҳои байторию биологӣ, ташкилӣ ва муҳандисию техникӣ, ки барои ҳифзи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ, пешбинигардида, ҳайати кормандону пажӯҳишгарон, аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири ангезаҳои иллатзои биологӣ равона гардидаанд, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ ;
- таҳдид - эҳтимолияти риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ ;
- идоракунии таҳдид - тарзу усулҳои амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки барои муайян намудани услубҳои назорати огоҳкунии таҳдид имкон медиҳанд ;
- арзёбии таҳдид - мунтазам муайян намудани афзалиятҳои идоракунии таҳдид тавассути арзёбӣ ва муқоисаи дараҷаи он бо стандартҳои қаблан дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ муқарраршуда;
- огоҳкунӣ аз таҳдид - мубодилаи саривақтӣ ва мунтазами иттилооти объективӣ ва хулосаҳо оид ба хатар ва таҳдид, натиҷаҳои арзёбии таҳдидҳо, қарорҳои қабулгардида дар рафти идоракунии таҳдид байни баҳогузорони таҳдид ва шахсоне, ки барои идоракунии таҳдид ва истеъмолкунандагон масъул мебошанд ;
- муҳофизати байторию биологӣ - татбиқи амалии принсипҳо ва услубҳои таъмини бехатарии биологӣ, ки барои ҳимояи кормандони соҳа аз таъсири манфии кор дар ташхисгоҳҳои байторӣ (клиникӣ ва пажӯҳишӣ) равона гардидааст ;
- маҳсулоти ҳайвонот - ҳама чизе, ки аз ҳайвонот барои коркард гирифта мешавад;
- байторӣ (соҳаи байторӣ) - доираи донишҳои махсуси илмӣ ва фаъолияти амалие, ки ба ҳифзи ҳайвонот, омӯзиши беморӣ ва заҳролудшавии ҳайвонот, ташхис, табобати ҳайвоноти бемор ва барҳам задани манбаи бемории он, таъмини мутобиқати объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ба талаботи Қонуни мазкур, инчунин ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои барои ҳайвонот ва инсон умумӣ равона карда шудааст;
- байтор - шахсе, ки дар соҳаи байторӣ таҳсилоти дахлдор дорад;
- бақайдгирии давлатии маводи байторӣ - аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатпи байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маводи байторӣ ба Феҳристи давлатии маводи байторӣ ва дар ин хусус додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ;
- бехатарии беҳдошти байторӣ - ҳолати объектҳое, ки таҳти назорати давлатии байторӣ буда, барои саломатии ҳайвонот ва одам дар шароити муқаррарии истифодаашон бехатаранд;
- бозор - ҷои махсуси таҷҳизонидашуда, аз ҷумла ҷои хариду фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти он, маводи байторӣ, хӯроки ҳайвонот, хӯрокиҳои ба он иловашаванда;
- борҳои таҳти назорати мақоми давлатии байторӣ қарордоштаҳайвонот, аз ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ, хонагӣ, маҳсулоти ҳайвонот, маҳсулоти растанӣ, маводи байторӣ, хӯроки ҳайвонот ва хӯрокиҳои ба он иловашаванда, инчунин маҷмӯи маводи аз ҳайвонот сохташуда;
- дезинфексия - нобуд кардани ҳашароти буғумҳо, ки гузаронандагони ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) мебошанд;
- дератизатсия - нобуд кардани хояндаҳое, ки гузаронандагони ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) мебошанд;
- табъиз (дискриминатсия) - муқаррар намудани ҳуқуқи пасттар барои ягон давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он нисбат ба давлати дигар, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он ();
- иловаҳои хӯроки ҳайвонот - моддаҳое, ки таркиби органикӣ ва ғайриорганикӣ доранд, аз ҷумла: микроэлементҳо, витаминҳо, орди гӯшту устухони ҳайвонот, хуни ҳайвонот, равғани моҳӣ, гӯшмоҳиҳои баҳрӣ, сафедгил (бентонит), партовҳои корхонаҳои коркарди маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, ки ба хӯроки ҳайвонот илова карда мешаванд;
- карантин - низоми ҳуқуқӣ, ки системаи чорабиниҳои байторӣ ва маъмурию хоҷагидориро пешбинӣ мекунад ва ба маҳдуд ё қатъи робитаҳои хоҷагидорӣ, муваққатан боздоштани интиқоли борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта байни манбаи эпизоотӣ, маҳалли носолим ва ҳудудҳои аз ҷиҳати беҳдошти байторӣ солим бо мақсади нобуд кардани манбаи эпизоотӣ ва ба роҳ надодан ба паҳншавии беморӣ равона карда шудаанд;
- қоидаҳои байторӣ - санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби гузаронидани чорабиниҳои байториро дар асоси меъёрҳои байтории тасдиқкардаи мақоми ваколатдор муайян мекунад ва иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи байторӣ фаъолияткунанда ҳатмист ;
- коркарди махсуси маҳсулоти ҳайвонот - коркарди маҳсулоти ҳайвоноти гирифтори бемориҳои муайяни сироятӣ, ки ин маҳсулотро барои истеъмоли одамон мувофиқ мегардонад;
- забҳи махсус - дар ҷойҳо ва корхонаҳои махсус таҷҳизонидашуда забҳ кардани ҳайвонҳое, ки гирифтори ин ё он бемории сироятианд;
- манбаъи эпизоотӣ - марзи маҳдуд ё бино, ки дар он манбаи ангезаи сироят, омилҳои гузаронанда ва ҳайвоноти ба беморӣ гирифторшаванда ҷойгиранд;
- маводи байторӣ - моддаҳои биологӣ, растаниҳо, кимиёвӣ, фармасевтӣ, барои сироятзудоӣ (дезинфексиякунанда), дезинсексия, дератизатсия, ташхис, пешгирию табобати бемории ҳайвонот, инчунин асбобҳо, таҷҳизот, масолеҳ ва воситаҳои нақлиёти махсус;
- таркибҳои ирсӣ - нутфа, ҳуҷайратухм, ҷанини ҳайвонот, зочаи занбӯр, тухми бордоршудаи моҳӣ, тухми инкубатсионӣ, парвардаи ҳуҷайраҳо, маҳсулоти технологияи ирсию муҳандисӣ, маводи зотӣ гаметаҳо, зиготаҳо (пилла, кирми пилла, зоча);
- маҳсулоти растанӣ - маҳсулоте, ки барои ғизои одам ва ҳайвонот истифода мешавад;
- маҳсулоти гӯштӣ - маҳсулоти саноатие, ки аз гӯшти ҳайвонот барои истеъмоли одам ва ҳайвонот тайёр карда мешавад;
- маҳсулоти ҳайвонот - маҳсулоти истеъмолӣ ва саноатии аз он тайёршуда, инчунин ихроҷи ҳайвонот ва маҳсулоти саноатии аз он тайёршуда;
- маҷмӯи корҳои вобаста бо маҳсулоти ҳайвонот - истеҳсол, таҳия, коркард ва фурӯши маҳсулоти ҳайвонот, дигар намуди интиқоли пулакӣ ё ройгони маҳсулоти ҳайвонот, содирот ва воридоти маҳсулоти ҳайвонот ё дигар фаъолияте, ки дар натиҷаи он маҳсулоти ҳайвонот ба шахсони дигари машғул ё истеъмолкунанда дастрас карда мешавад;
- маҳсулоти ширӣ - маҳсулоти саноатие, ки аз шири ҳайвонот барои истеъмоли одам ва ҳайвонот тайёр карда мешавад;
- мониторинги эпизоотологӣ - низоми ҷамъоварии маълумот оид ба миқдори мавҷудияти бемориҳои ҳайвонот, сифати чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, беҳдошти байторӣ, зоогигиенӣ, инчунин сифат ва бехатарии озуқа, хӯроки ҳайвонот ва иловагиҳои хӯроки ҳайвонот ба он иловашаванда бо мақсади сари вақт ошкор намудани мувофиқати он ба талабот ва стандартҳои муқарраргардида;
- муоинаи узвӣ (органолептикӣ) - арзёбии сифати маҳсулот бо ёрии узвҳои ҳис;
- нобудсозии ҳайвонот ва маҳсулоти он - куштану сӯхтан ё гӯрондани ҳайвонҳои гирифтори бемориҳои сироятии муайян, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдор муайян намудааст ва маҳсулоти онҳо, ки омили сироятёбии ҳайвонот ва одам шуда метавонанд, инчунин маҳсулоти ҳайвоноти солим, ки ба талаботи беҳдошти байторӣ ҷавобгӯ намебошад ;
- нобудсозии дорувории байторӣ - сӯзонидани дорувории байтории ба стандарти давлатӣ номувофиқ ё мӯҳлати истифодааш ба охиррасида;
- маҳалли носолим - ҳудуде, ки дар он манбаъи эпизоотӣ муайян карда шудааст;
- нумӯяҳои (стимуляторҳои) биологӣ - ҳама гуна моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли табиӣ ва сунъӣ;
- объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаҳайвонот, ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ (соматикии) ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, маводи байторӣ, хӯрок ва хӯрокиҳои ба он иловашаванда, микроорганизмҳо ва хайлҳои (штаммҳои) онҳо, асбобҳо, таҷҳизоти байторӣ, воситаҳои нақлиёт, зарфҳо, маводи борпечонӣ, ҳудуд, биноҳои парвариш, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти ҳайвонот, бозорҳо, саллоҳхонаҳо, амборҳои нигоҳдории маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, ки метавонанд омили гузаронидани ангезаҳои бемориҳои ҳайвонот бошанд, инчунин фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо парвариш, захиракунӣ, интиқол, нигаҳдорӣ, коркард, фурӯш ва истифодаи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта машғуланд;
- ташхисгоҳи муоинаи беҳдошти байторӣ - шахси ҳуқуқӣ ё воҳиди махсуси шахси ҳуқуқӣ, ки муоинаи беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонотро дар бозорҳо ё ҷойҳои дигар амалӣ месозанд;
- партовҳои ҳайвонот - лоша ва маҳсулоти ҳайвонот, ки барои истеъмоли инсон нораво мебошанд;
- таҳқиқи (апробатсияи) маводи байторӣ - аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи байторӣ таҳқиқ кардани маводи байторӣ дар шароити ташхисгоҳҳо ё шароити истеҳсолӣ бо мақсади муайян намудани хосиятҳои иммунобиологӣ, табобатӣ, заҳрнокӣ, самаранокии эпизоотологӣ, мавҷуд набудани оқибатҳои маводи байторӣ ва бехатарии онҳо барои муқаррар намудани имконияти истифодабарӣ дар таҷрибаи байторӣ ;
- ташхиси (экспертизаи) беҳдошти байторӣ - санҷиши мутобиқати ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми онҳо ба меъёрҳои байторӣ бо роҳи гузаронидани маҷмӯи таҳқиқҳои узвӣ (органолептикӣ), биокимиёвӣ, микробиологӣ, паразитологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ;
- санҷишҳои бақайдгирии маводи байторӣ - маҷмӯи усулҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор барои муайян намудани мутобиқати маводи байторӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд ;
- сертификати байторӣ - ҳуҷҷати байналмилалие, ки мақоми ваколатдор дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёти тарафи содиркунанда оид ба мутобиқати моли содиршаванда ба талаботи мамлакати воридкунанда медиҳад ва дар он аз ҷиҳати беҳдошти байторӣ бехатар будани бори таҳти назорати давлатии байторӣ ва солимии минтақа ё маҳалли истеҳсоли онро нишон медиҳад ;
- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои низоми сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи санадҳои меъёрӣ тасдиқ менамояд;
- сертификатонӣ - амале, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд;
- сироятзудоӣ (дезинфексия) - барканор ё нобуд кардани ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) аз муҳити зист, бино, нақлиёт, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи байторӣ гузаронида мешавад ;
- фаъолияти байторӣ - соҳаи фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муҳофизати саломатии ҳайвонот, муҳофизати инсон аз бемориҳои барои ҳайвонот ва инсон умумӣ, гирифтани маҳсулоти аз ҷиҳати беҳдошти байторӣ хушсифати ҳайвонот равона шудааст;
- феҳристи давлатии маводи байторӣ - номгӯи аз тарафи мақоми ваколатдор нашршаванда оид ба маводи байторие, маълумот медиҳад, ки аз қайди давлатӣ гузашта, барои истеҳсол ворид ва истифода кардан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст ;
- хайли (штамми) микроорганизм - насли аз ҷиҳати ирсӣ ягонаи микроорганизми намуди муайян, ки дорои шакл ва хислатҳои ба худ хоси биологӣ мебошад;
- ҳайвонот - ҳамаи ширхӯрон, паррандаҳо, хазандаҳо, обхокиҳо, занбӯри асал, моҳӣ ва дигар ҳайвонот, ки дар шароити сунъӣ нигоҳ дошта мешаванд ё дар табиат озодона зиндагӣ мекунанд;
- ҳайвоноти кишоварзӣ - ҳайвонҳое, ки бо мақсади гирифтани маҳсулот ё насли онҳо парвариш карда мешаванд ();
- ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ - ҳайвоноти ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибатнадошта (ба истиснои ҳайвоноти нигоҳдориашон манъкардашуда), ки барои гирифтани маҳсулот, насл, қонеъгардонии талаботи фароғатӣ ва зебоипарастӣ нигоҳ дошта мешаванд ();
- ҳайвоноти бемаҳсул - ҳайвоноте, ки нигоҳубин ва парвариши онҳо барои истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ, дорусозӣ ва соҳаҳои дигари саноат равона карда нашудаанд ();
- ҳайвоноти беназоратмонда - ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ё ваҳшӣ, ки берун аз ҷойи нигоҳдориашон қарор дошта, аз доираи назорати соҳибони худ берун мондаанд, соҳибонашон номаълуманд ё аз ҳуқуқи моликият ба онҳо даст кашидаанд ();
- муносибати бераҳмона бо ҳайвонот - амалҳои барқасдона, ки боиси ҳалок ё маъюб шудани ҳайвонот гардидаанд ё метавонанд боис гарданд: азият додани ҳайвонот бо гуруснагӣ, ташнагӣ, латукӯб, амалҳои дигари зӯроварӣ, инчунин риоя накардани қоидаю шартҳои нигоҳубин ё бе назорат мондани ҳайвонот аз ҷониби шахси масъул, ки боиси ҳалок ё маъюб шудани ҳайвонот мегарданд ();
- паноҳгоҳи ҳайвонот - маҷмӯи бино ва иншооте, ки барои наҷотдиҳӣ ва нигоҳдории минбаъдаи ҳайвоноти дар ҳолати барои ҳаёт ва саломатии онҳо хатарнок қарордошта, инчунин ҳайвоноти беназоратмонда, маҷбуран гирифташуда, аз ҷумла мусодирашуда, истифода мегарданд ();
- ҳуҷҷатҳои байторӣ - хулосаи беҳдошти байторӣ, шаҳодатномаи байторӣ, сертификати байторӣ, маълумотномаи байторӣ, ки аз ҷониби нозирони давлатии байторӣ ба объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дода мешаванд;
- чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) - маҷмӯи қоидаҳои зиддиэпизоотӣ, беҳдошти байторӣ, ки барои пешгирии пайдоиш, паҳншавӣ ё барҳам додани бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла пешгирӣ, табобат ё ташхиси онҳо, безараргардонӣ (бесироятгардонӣ), мусодира ва нобудсозии ҳайвоноти гирифтори бемориҳои сироятии барои ҳайвонот ва инсон хатарнок, таъмини бехатарии маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, инчунин тадбирҳои нишонагузории ҳайвонот равона карда шудаанд;
- чорво (чорпоён) - гову гӯсола, говмеш, бузу гӯсфанд, аспу, хар, шутур, қутос ва ғайраҳо;
- шаҳодатномаи байторӣ - ҳуҷҷати якдафъагӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдор дода, сиҳатӣ ва эм карда шудани ҳайвонотро тасдиқ менамояд ё бори таҳти назорати байторӣ қарордошта аз ҷойҳои барои бемориҳои сироятӣ мусоид бароварда мешавад ;
- шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти ҳайвонот мавод ва маснуоти байторӣ - ҳуҷҷате, ки дар он истеҳсолкунанда мутобиқати сифат ва бехатарии ҳар гурӯҳи маҳсулоти ҳайвонот, мавод ва маснуоти байториро бо санадҳои меъёрии техникӣ тасдиқ мекунад;
- шиносномаи байторӣ - ҳуҷҷате, ки шакли онро мақоми ваколатдор муайян мекунад ва дар он соҳиб, намуд, ҷинс, ранг, сол, рақами (нишонаи) инфиродии ҳайвон, мӯҳлат ва хусусияти тадбирҳои байторӣ бо мақсади пешгирӣ, табобат ва ташхиси бемориҳои ҳайвонот қайд карда мешаванд ;
- эпизоотия - паҳншавии саросарии бемориҳои сироятии ҳайвонот дар як ё якчанд воҳидҳои марзиву маъмурӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ мансубанд ():
- муқаррар намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи байторӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти байторию санитарӣ ва муҳофизати аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон;
- муқаррар намудани тартиби ҷуброни арзиши ҳайвонот ва маҳсулоти он, ки бинобар ба саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок будани онҳо аз тарафи мақоми назорати давлатии байторӣ мусодира ва нобуд карда мешаванд;
- тасдиқ намудани Низомномаи мақоми ваколатдор ;
- таъин намудани сардори мақоми ваколатдор (Сарнозири давлатии байторӣ, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои байналмилалии эпизоотӣ) ;
- таъсис ва тасдиқи Низомномаи "Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ";
- тасдиқи низомнома оид ба намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи таъмини амнияти беҳдошти байторӣ;
- тасдиқ намудани қоидаҳои нигоҳдории саг, гурба ва ҳайвоноти дигари бемаҳсул аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, ё рӯйхати ҳайвоноте, ки нигоҳдории онҳо дар шароити хона манъ аст ();
- ташкили мақоми ваколатдор дар соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- пешбурди феҳристҳои давлатии маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, биологӣ ва радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, инчунин навъҳои алоҳидаи хӯроки ҳайвонот ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот, ки бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ();
- таъмини ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бемориҳои сироятии ҳайвонот ();
- ҷорӣ ва бекор кардани тадбирҳои маҳдудкунанда (карантинӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ();
- ҷорӣ ва бекор кардани назорати байторию карантинӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқ намудани қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ ;
- таҳия ва тасдиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдид ;
- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти эпизоотологӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдор
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) дохил мешаванд :
- тасдиқ ва пешбурди феҳристҳои давлатӣ ва аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвонот, маҳсулоти он, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонотро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид месозанд ();
- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи байторӣ;
- таҳия, тасдиқ ва пешниҳод намудани қоида ва меъёрҳои ягонаи беҳдошти байторӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи байторӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
- тасдиқи тартиби амалӣ намудани интиқоли борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ();
- таҳияи қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдор ;
- гузаронидани таҳлилҳо оид ба истифодаи дастовардҳои илмҳои биологӣ дар соҳаи байторӣ ;
- тасдиқи тартиби гузаронидани аттестатсияи беҳдошти байторӣ ва гирифтани иҷозати беҳдошти байторӣ барои содироти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридоти чунин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқи талаботи беҳдошти байтории шароити нигоҳдорӣ ва коркарди гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, моҳию маҳсулоти моҳигӣ, тухм ва маҳсулоти занбӯри асал ();
- тасдиқи низомномаи озмоишгоҳҳои беҳдошти байторӣ;
- тасдиқи қоидаҳои нишонагузорӣ, шиносномадиҳӣ ва шакли шиносномаи инфиродии ҳайвонот;
- ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон;
- тасдиқи тартиби усулҳои гузаронидани санҷиши беҳдошти байторӣ;
- тасдиқи тартиби пешниҳоди ҳисоботи омории байторӣ;
- ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот аз ҳудуди давлатҳои дигар ё минтақаҳои карантинӣ (;
- баъд аз гузаштани санҷиши муайян ва бақайдгирии давлатӣ додани иҷозат барои воридоти маҳсулоте, ки дорои нумӯяҳои биологӣ, антибиотикҳо, маводи гормонии барои суръатбахшӣ ба нумӯ ва афзоиши маҳсулнокии ҳайвонот истифодашаванда буда, радиатсияи баланд дорад ва аз ҷиҳати ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудааст ();
- иҷозат додан ба содирот, воридот ва убури борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта вобаста ба вазъи эпизоотӣ;
- татбиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдидҳо дар соҳаи байторӣ ;
- назорати бехатарии беҳдошти байтории истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- таҳия ва тасдиқ намудани тартиб ва назорати ҷойивазкунӣ, содирот ва воридоти объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- ташхиси беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот, инчунин маҳсулоти растанӣ бо мақсади таъмини назорати давлатии сифат ва бехатарии онҳо;
- ташкили санҷиш (апробатсия), назорати маводи байторӣ, хӯрок ва хӯрокиҳои ба он иловашаванда, санҷишҳои бақайдгирифташудаи онҳо, инчунин пешбурди Феҳристи давлатии маводи байторӣ;
- таҳия, тасдиқ ва пешниҳоди барномаҳои мақсаднок оид ба пешгирӣ кардан ва барҳам додани бемориҳои сироятии ҳайвонот;
- ташкил ва гузаронидани мониторинги эпизоотологии бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ;
- ташкили хариди давлатӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи давлатии маводи байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва пешниҳоди барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таълим додани мутаҳассисони соҳаи байторӣ, истеҳсоли доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, ташкили корҳои тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои байторӣ;
- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи байторӣ аз тарафи мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор, корхонаю муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, новобаста ба тобеият ва шаклҳои моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, соҳибони ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, инчунин маҳсулоти растанӣ;
- тасдиқ намудани қоидаҳои умумии муносибат бо ҳайвоноти беназоратмонда ();
- ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии байторӣ дар байни аҳолӣ;
- иштирок дар кори комиссияҳои давлатӣ оид ба қабул ва истифодаи иншооти чорводорӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ захира (забҳ) кардани ҳайвонот, коркарди маҳсулоти ҳайвонот;
- ташкил ва назорати нишонагузорӣ, бақайдгирии ҳайвоноти кишоварзӣ, хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул, интиқоли ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот ();
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалии соҳаи байторӣ, инчунин ташкили ҳамкорӣ бо онҳо;
- додани супориш барои ҳатман гузаронидани чораҳои зиддиэпизоотӣ ва беҳдошти байторӣ ба ҳамаи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта новобаста ба шакли моликият;
- муқаррар намудани тартиб ва усулҳои забҳ (куштан) ва тасдиқи қоидаҳои гӯрондани ҷасади ҳайвонот ();
- андешидани чораҳо дар ҳолати мавҷуд будани бемориҳои гузаранда барои нобуд кардани ҳайвонот, несту нобуд ё безараргардонии маҳсулоти ҳайвонот, коркарди махсус ё чун партов истифода намудани он ва муайян намудани тартиби аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё ширкатҳои суғуртавӣ ҷуброн намудани зиёни ба соҳибмулк расида;
- боздоштани фурӯш, инчунин коркарди маҳсулоти ҳайвонот ва растаниро, ки ба талаботи беҳдошти байторӣ мувофиқат намекунад, воситаҳои муҳофизат, ташхис, табобати ҳайвонот, иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба талаботи сифат номутобиқро то бартараф кардани камбудиҳо ва вайронкунии қонунгузорӣ бо пешниҳод намудани даъво ба суд;
- боздоштан ва ба суд пешниҳод намудани даъво дар ҳолати ба шиносномаи худ номутобиқ будани хайли (штамми) микроорганизм, риоя накардани реҷаи нигаҳдории микроорганизмҳо дар ташхисгоҳҳои байторӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ тадқиқотӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти ҳайвонот;
- дар мавриди риоя накардани қонунгузории байторӣ ва дар доираи ваколатҳои пешбинигардида қабул намудани қарорҳои дахлдор, додани дастуру амрномаҳо, супоришу хулосаҳо оид ба ислоҳи онҳо ();
- маҳдуд кардан, муваққатан боздоштан ё манъ намудан ва ба суд пешниҳод намудани даъво оид ба фаъолияти корхонаю муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дар ҳолати вайрон шудани меъёрҳои беҳдошти байторӣ ва қоидаҳо, ки метавонанд боиси таҳдиди ҳаёт ва саломатии инсон ё сабабгори дигар оқибатҳои вазнин шаванд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани тартиби ҷорӣ кардани (бекор кардани) карантин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои дахлдори ноҳияҳо, шаҳрҳо, дар объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои татбиқи карантин, дигар чорабиниҳои маҳдудкунандаи беҳдошти байторӣ ва номгӯи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки боиси ҷорӣ намудани карантин, мусодираи ҳайвонот ва ё маҳсулоти он мегардад ();
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатии байторӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъин намудани ҷазои маъмурӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ БАЙТОРӢ
Моддаи 5. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ гардонида мешавад .
2. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини мустақилияти назорати давлатии байторӣ;
- иҷрои ҳатмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақоми ваколатдор қабулгардида барои ҳамаи мақоми давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, новобаста ба тобеияти идоравии онҳо, шакли моликият, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва шахсони бешаҳрванд ;
- таъмини назорати давлатии байторӣ ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва савдои объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- таъмини назорати давлатии байторӣ ҳангоми интиқоли борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта бо нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан;
- дастгирии чорабиниҳо доир ба рушди соҳаи байтории давлатӣ ва хадамоти хусусӣ;
- таъмини мақоми ваколатдор бо захираҳои дахлдори молиявӣ ;
- таъмини муносибати дилсӯзона ба ҳайвонот, ҳимояи ҳайвонот аз муомилаи бераҳмона, муносибати масъулона нисбат ба ҳаёт ва саломатии онҳо ();
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн кардани арзиши ҳайвонот ва маҳсулоти он, ки бинобар ба саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок будани онҳо аз тарафи мақоми назорати давлатии байторӣ мусодира ва нобуд карда мешаванд;
- бо пешниҳоди мақоми ваколатдор тасдиқ намудани номгӯи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки пешгирӣ, ташхис ва нобудсозии онҳо аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ гардонида мешаванд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи байторӣ;
- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи таҳияи усулҳои нави ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳайвонот;
- таъмини шаффофият ҳангоми таҳия, қабул ва амалисозии чорабиниҳои беҳдошти байторӣ;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи байторӣ;
- таъмини мӯътадили арзёӣ, идоракунӣ ва огоҳкунӣ аз таҳдид, назорати бартараф, ихтисор ва кам намудани таҳдид ;
- таъмини талаботи бехатарии биологӣ дар соҳаи байторӣ тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор .
Моддаи 6. Таҳия ва қабули чорабиниҳои беҳдошти байторӣ
1. Тадбирҳои беҳдошти байторӣ дар ҳолатҳои зерин таҳия ва қабул мегарданд:
- дар доираи зарурати ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон ва ҳайвонот;
- бо дар назардошти замина ва нишондодҳои илмии мавҷуда, стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- дар асоси арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва инсон, ки мутобиқи тарзу равишҳои созмонҳои байналмилалии соҳавӣ амалӣ карда мешаванд;
- бо мақсади роҳ надодан ба табъизи худсарона ё беасоси байни мамлакатҳои шароиташон якхела ё монанд, аз ҷумла табъизи байни ҳудудҳои минтақавӣ ва бахшҳои истеҳсолоти чорводории дохилӣ ва ҳудудҳои минтақавию бахшҳои истеҳсолоти чорводории дигар мамлакатҳо.
2. Ҳангоми арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва инсон дар раванди таҳия ва қабул кардани чорабиниҳои беҳдошти байторӣ мақоми ваколатдор нуқтаҳои зеринро бояд ба назар гирад:
- нишондодҳои илмӣ, раванд ва усулҳои истеҳсолот, назорат, интихоб ва санҷиши намунаҳо, мавҷудияти бемориҳои хоса, мавҷудияти минтақаҳои аз бемории сироятӣ озод ё минтақаҳое (ноҳияҳое), ки сатҳи бемориҳои сироятиашон паст аст, шароити дахлдори муҳити атроф, тадбирҳои карантинӣ ва дигар тадбирҳо ();
- нишондодҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муайян намудани талафоти истеҳсолот ва савдо дар ҳолати воридшавӣ (пайдошавӣ), решагирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ;
- хароҷоти назорат ва нобудсозии бемориҳои сироятӣ;
- самаранокӣ ва арзиши чораҳои дигари кам кардани хатар.
3. Ҳангоми мавҷудияти далелҳои кофии илмӣ барои арзёбии объективии таҳдид ё дар вазъиятҳои фавқулодда мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад дар асоси нишондодҳои мавҷуда, аз ҷумла нишондодҳои созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ва маълумот оид ба тадбирҳои беҳдошти байтории дигар мамлакатҳо тадбирҳои муввақатии беҳдошти байториро қабул намояд.
4. Тадбирҳои беҳдошти байтории қабулшаванда бояд ба шароити беҳдошти байторӣ минтақае, ки мол истеҳсол шудааст ва бояд таҳти экспертизаи беҳдошти байторӣ қарор дода шавад ё ба шароити минтақае, ки он таъин шудааст, мутобиқат кунанд. Дар рафти арзёбии шароити беҳдошти байторӣ мақоми ваколатдор инчунин бояд ҳолати саломатии ҳайвонотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакати содироткунанда, мавҷудияти беморӣ, нақшаҳои миллии назорат ва решакансозии бемориҳо, мавҷудияти минтақаҳои аз беморӣ озод ё сатҳи пасти беморӣ дошта, инчунин меъёрҳо ва принсипҳои дастурии созмонҳои байналмилалии соҳавии дахлдорро ба назар гирад.
5. Тадбирҳои беҳдошти байтории қабулгардида сатҳи баландтари ҳифзи ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва инсонро нисбат ба сатҳе, ки аз истифодаи тадбирҳо дар асоси стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ба даст меоянд, метавонанд таъмин намоянд, агар он ба таври илмӣ асоснок карда шуда ё ба ин сатҳи муҳофизат мувофиқ бошад.
6. Ҳангоми қабули тадбирҳои беҳдошти байторӣ, аз ҷумла табирҳои муваққатие, ки дар ҳолатҳои фавқулодда қабул карда мешаванд, мақоми ваколатдор бояд нишондодҳои нави илмиро ба инобат гирад .
Моддаи 7. Тадбирҳои беҳдошти байторӣ дар сурати мавҷуд набудани стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ
1. Агар стандартҳои байналмилалӣ, дастурамалҳо ва тавсияҳо мавҷуд набошанд ё тадбири беҳдошти байторӣ ба стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ мутобиқат накунад ва ё агар чунин тадбир ба савдо таъсири назаррас расонида тавонад, мақоми ваколатдори бояд:
- дар бораи нияти татбиқи тадбирҳо дар марҳилаи аввали таҳияи он огоҳинома нашр намояд;
- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба тарафҳои манфиатдор оид ба молҳое, ки нисбат ба онҳо ин тадбир истифода бурда мешавад иттилоъ диҳад ва қабул кардани тадбири пешниҳодшавандаро дар асоси таҳлили таҳдид асоснок кунад ;
- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва бо дархости мақоми ваколатдори дигар мамлакатҳо матни санади меъёрии ҳуқуқии амаликунандаи тадбири пешниҳодшавандаро бо нишон додани фарқият аз стандартҳо, дастурамалу тавсияҳои байналмилалӣ дастрас намояд;
- барои пешниҳоди мулоҳизот мӯҳлати ниҳоӣ муқаррар кунад ва бо дархости тарафҳои манфиатдор машварат гузаронад.
2. Огоҳинома оид ба молҳо, ки нисбат ба онҳо тадбир амалӣ карда мешавад ва асосноккунии тадбири пешниҳодшаванда бояд ақаллан 75 рӯз пеш аз оғози қабули амалиёт дастрас карда шаванд.
Моддаи 8. Пешниҳоди иттилоот
Мақоми ваколатдор тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ бояд иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маълумотро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод намояд:
- тадбирҳои беҳдошти байтории пешниҳод ва қабулгардида;
- тадбирҳои назоратӣ, муоинавӣ, сертификатсияи маҳсулот ва амалиёти карантинӣ;
- амалиёти арзёбии хатар ва усулҳои муайян кардани сатҳи зарурии ҳифзи саломатии ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узвият ва иштирок дар машваратҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифз кардани саломатии ҳайвонот, мавҷудият ва мӯҳтавои санадҳои ҳуқуқии байналмиаллии дутарафа ва бисёртарафа.
Моддаи 9. Судмандии тадбирҳои беҳдошти байторӣ
1. Тадбирҳои беҳдошти байтории дар мамлакатҳои дигар қабулгардида ба тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда судманд ҳисобида мешаванд ба шарте, ки мақоми ваколатдор муайян кунад, ки тадбирҳои дар мамлакати дигар амалкунанда ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва одамонро ба андозаи баробар ё аз сатҳи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтар ҳифз мекунанд.
2. Қарор оид ба эътироф кардани судмандии тадбирҳои беҳдошти байторӣ бояд нашр карда шавад.
Моддаи 10. Стандартҳои байторӣ
1. Стандартҳои байторӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор, инчунин стандартҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар карда мешаванд ва барои муассисаҳои байторӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд ).
2. Риоя накардани стандартҳои байторӣ аз тарафи субъектҳои фаъолияти байторӣ метавонад барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан, боздоштани фаъолияти онҳо дар соҳаи байторӣ ё бекор кардани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гардад .
3. Назорати риояи стандартҳои байторӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад .
Моддаи 11. Сохтори идоравии беҳдошти байторӣ
1. Вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо бо нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот, ҳифз ва фурӯши маҳсулоти он, хӯрок ва доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот алоқаманд мебошанд, метавонанд аз ҳисоби воситаҳои худӣ бе истифодаи маблағи буҷети давлатӣ сохтори истеҳсолии байтори дошта бошанд. Тартиби таъсис ва сохтори он аз тарафи мақоми зикршудаи идоравӣ муайян карда мешавад.
2. Сохтори идоравии беҳдошти байторӣ фаъолияти худро таҳти роҳбарии методии мақоми ваколатдор амалӣ мегардонад.
Моддаи 12. Иҷозат додан барои фаъолияти хусусии байторӣ
1. Фаъолияти хусусии байторӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.
2. Иҷозатнома барои фаъолияти хусусии байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.
БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРӢ
Моддаи 13. Назорати давлатии байторӣ
1. Назорати давлатии байториро мақоми ваколатдор амалӣ мегардонад.
2. Назорати давлатии байторӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
- назорати риояи қонунгузории байторӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- назорати объектҳо ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- назорати гузаронидани чорабиниҳои ташкилию хоҷагидорӣ ва байторию пешгирикунанда дар объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- назорат намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти ҳайвонот, ашёи хоми ҳайвонот ва растаниҳо, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати бемориҳои ҳайвонот, хӯрок ва хӯрокиҳои ба он иловашаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати интиқоли борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта бо нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан;
- назорати ба талаботи беҳдошти байторӣ мутобиқ будани сохтмон, таъмири биноҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди гӯшту шир, дӯкон, анборҳо ва дигар объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- назорати риояи реҷаи нигоҳдории микроорганизмҳо дар ташхисгоҳҳои байторӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқоти илмӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот;
- назорати ташкили харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан (расонидан) ва истифода кардани маводи байторӣ, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ харидорӣ мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати шароити нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои ҷумҳуриявии дорую маводи байторӣ ();
- назорати роҳҳои чорвогузар, ҳудуди чарогоҳҳо, ҷойҳои обхӯрии ҳайвонот, қоида ва шаклҳои нишонагузории онҳо;
- назорати чорабиниҳои байторӣ оид ба ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид ва паҳншавии ангезаҳои бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла бемориҳои номаълум (экзотикӣ) аз кишварҳои дигар;
- назорати пеш бурдани ҳисоботи бақайдгирӣ ва ҳисоботдиҳии байторӣ, инчунин мутобиқи қонунгузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо.
Моддаи 14. Принсипҳои муоина ва назорати давлатии байторӣ
1. Амалиёти муоина ва назорати давлатии байторӣ бояд ба таври зерин иҷро карда шаванд:
- фавран, бе кашолкорӣ ва табъизи (дискриминатсия) нисбати молҳои воридшаванда ва молҳои ба ҳамин монанди маҳсулоти ватанӣ;
- дар асоси далелҳо, натиҷаҳои таҳлили таҳдид ва иттилооте, ки барои гузаронидани амалиёт зарур мебошанд ;
- ҳангоми огоҳ кардани дархосткунанда оид ба мӯҳлати ба охир расидани амал, норасоиҳои дар дархост ҷойдошта, марҳила ва натиҷаҳои истеҳсолот;
- ба тарзе, ки ҳифзи сирри иттилоотӣ таъмин гардад;
- бо роҳи гирифтани намунаю чошнӣ ба миқдоре, ки барои гузаронидани амалиёти назорат ва сертификатсия зарур мебошад.
2. Агар баъди муоина ва ё назорати давлатии байторӣ дар таснифоти маҳсулот тағйироте ошкор гардад, амалиёти муоина ва ё назорати маҳсулоти тағйирдодашуда дар ҳолати зарурат иҷро карда мешавад, то ки ба талаботи дахлдор ҷавобгӯ будани маҳсулот новобаста ба тағйирёбӣ муайян гардад.
Моддаи 15. Назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт
1. Мақоми назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт таъсис дода мешавад ва бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид шудани бемориҳои сирояткунандаи ҳайвонот, бемориҳои барои ҳайвонот ва инсон умумӣ, инчунин маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, ки ба талаботи байторию санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест, фаъолият мекунад ().
2. Ҷойҳои кории мақоми назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар минтақаи ягонаи гумрукӣ ҷойгир карда мешавад.
3. Ба гузаронидани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди санҷиши мутобиқати борҳо ба ҳуҷҷатҳои байтории бо онҳо ҳамроҳбуда иҷозат дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ чошнӣ ё намунаи борҳо барои ташхиси озмоишӣ гирифта мешавад.
4. Расмигардонии гумрукии борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта танҳо баъди аз назорат гузаштани онҳо анҷом дода мешавад.
5. Ба ворид намудан ё аз ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронидани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз кишварҳои аз ҷиҳати эпизоотӣ солим дар ҳолати риояи қоида ва талаботи байторӣ, ки мақоми ваколатдор тасдиқ намудааст, иҷозат дода мешавад ().
6. Воситаҳои нақлиёт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакатҳои аз ҷиҳати эпизоотӣ носолим ворид мешаванд, бо тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ, бояд ҳатман сироятзудоӣ (дезинфексия) карда шаванд.
7. Нозирони байтории постгоҳҳои назорати байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ либоси махсуси нишони байторидошта мепӯшанд.
8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо бо ворид намудани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта алоқаманд аст, ӯҳдадоранд, ки ба шӯъбаҳо ва дигар ташкилотҳои назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёт хароҷоти гузаронидани ташхиси беҳдошти байторӣ ва сироятзудоиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.
Моддаи 16. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми интиқоли объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ҳангоми интиқол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман таҳти назорати давлатии байторӣ бошанд ().
2. Назорати давлатии байтории объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ҳангоми интиқол, бор кардан ва фуровардан аз тарафи нозирони давлатии байтории ҳудуде, ки дар он мол бор карда ва фуроварда мешавад, инчунин ҳудудҳое, ки хатсайри интиқол мегузарад, амалӣ карда мешавад.
3. Хатсайрҳои интиқоли ҳайвоноти кишоварзӣ (роҳҳои чорвогузар) аз тарафи мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сарнозирони давлатии байтории ҳудуди маъмурии дахлдор бо дарназардошти вазъи эпизоотии маҳал муайян карда мешаванд ().
4. Интиқоли ҳайвонот бе шаҳодатномаи байторӣ, рақами инфиродӣ ё шиносномаи байторӣ манъ аст ().
Моддаи 17. Назорати давлатии байторӣ дар нуқтаҳои фурӯш
1. Назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо ва дигар ҷойҳо, ки фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ ба роҳ монда шудааст, ҳатмӣ мебошад.
2. Ба фурӯши объектҳо ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, интихобан ҳангоми шубҳа пайдо кардан ба сифати он баъди аз ташхиси байторӣ ё беҳдошти байторӣ гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз мақоми ваколатдори шаҳр ё ноҳияе, ки дар он ҷо бори мазкур ба фурӯш меравад, иҷозат дода мешавад ().
3. Маҳсулот баъди пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти молик ва мутобиқати он бо ҳуҷҷатҳои байтории ҳамроҳбуда барои ташхис қабул карда мешавад.
4. Озмоишгоҳҳои давлатии ташхиси беҳдошти байторӣ дар бозорҳо барои мӯҳрзании гӯшт ва дигар маҳсулоти ҳайвоноту паррандаи забҳшуда бояд мӯҳркоғази нишондиҳандаи сифати маҳсулот, дафтари бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дошта бошанд.
5. Озмоишгоҳи давлатии ташхиси беҳдошти байторӣ ҳуқуқ дорад:
- ҳайвонот, маҳсулоти он ва маҳсулоти растаниро муоина кунад;
- ҳайвонот, маҳсулоти он ва маҳсулоти растании барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнокро мутобиқи Қонуни мазкур аз фурӯш боздорад, мусодира ва нобуд кунад ё барои коркарди махсус фиристонад;
- мутобиқати борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро бо меъёрҳои байторӣ муайян карда, санади ташхис диҳад;
- безараргардонӣ (бесирояттардонӣ), коркард ё нобуд кардани маҳсулот ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд, ташкил кунад.
6. Тартиби гузаронидани ташхиси бехдошти байторӣ, аз фурӯш боздоштан, мусодира ва нобуд кардан ё барои коркарди махсус фиристодани маҳсулот ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаи хатарнокро Мақоми ваколатдор муайян мекунад .
7. Фурӯши хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди ташхиси беҳдошти байторӣ дар ташхисгоҳҳои ваколатдор ва аз тарафи фурӯшандагон гирифтани хулосаи мақоми назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо, ки мутобиқати чунин хӯроквориро бо қоидаю меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, иҷозат дода мешавад.
8. Фурӯши маҳсулоти ҳайвонот ё растанӣ дар ҷойҳое, ки барои ин амал ҷудо нашудааст ё аз ташхиси беҳдошти байторӣ нагузаштааст, манъ аст. Дар ҳолати риоя нашудани ин талабот маҳсулоти ҳайвонот ё маҳсулоти растанӣ бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур мусодира ва нобуд карда ё барои коркарди махсус фиристода мешавад.
9. Шахсони масъули нуқтаҳои савдо барои иҷозат додан ба фурӯши маҳсулоти аз ташхиси беҳдошти байторӣ нагузашта ҷавобгар мебошанд.
10. Фурӯши ҳайвонот бе шаҳодатномаи байторӣ, рақами инфиродӣ ё шиносномаи байторӣ манъ аст ().
Моддаи 18. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми шикори сайд
Ташкилотҳои шикорӣ вазифадоранд, ки барои коркарди сайд мутобиқи талаботи беҳдошти байторӣ майдончаҳои махсус таҷҳизонад ва ташхиси беҳдошти байтории сайдро, ки дар хӯрок истифода мешавад, таъмин намоянд.
Моддаи 19. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои нозирони давлатии байторӣ
1. Нозирони давлатии байторӣ дар фаъолияти худ мустақил буда, талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегиранд.
2. Нозирони давлатии байторӣ ҳуқуқ доранд:
- ба объектҳои таҳти назоратбудаи ҳудуди дахлдор бе мамониат дароянд (бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ) ва барои муайян кардани ҳолати эпизоотӣ, ошкор намудани сабабҳои бемории ҳайвонот, муайян кардани сифати беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот маълумоти зарурӣ гиранд.
3. Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои мустасно метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои дахлдор ирсол намояд.
4. Ба ваколати Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ӯ дохил мешаванд:
- ташкил ва амалӣ кардани назорати давлатии байторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- интишори санадҳои иҷроашон ҳатмӣ бо мақсади амалӣ сохтани назорати давлатии байторӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дигар ваколатҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
5. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ мегардонанд, бо либоси махсуси хизматии дорои нишони фарқкунанда таъмин карда мешаванд.
Моддаи 20. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони байторӣ
1. Кормандони соҳаи байторӣ дар ҳолатҳои маъюбӣ ё бемории касбӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мубориза бо бемориҳои сирояткунанда ва ҳангоми муомилаи бевосита бо ҳайвонот гирифтор мешаванд, суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.
2. Мутахассисони байторӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ таъмин карда мешаванд.
3. Дар давоми кор дар манбаъҳои бемориҳои сироятии ҳайвоноти мубталои бемориҳои сирояткунанда маоши вазифавии онҳо ба андозаи дукарата аз ҳисоби Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ пардохта мешавад.
Моддаи 21. Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи байторӣ
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо мақсади гузаронидани назорати давлатии риояи қонунгузорӣ дар соҳаи байторӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.
БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ БАЙТОРӢ
Моддаи 22. Манбаъҳои маблағгузории соҳаи байторӣ ва назорати байторӣ
Соҳаи байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:
- маблағи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо;
- маблағи фондҳои мақсадноки байторӣ;
- даромад аз фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои байторӣ;
- маблағгузории сармоягузорони лоиҳаҳои инноватсионии соҳаи байторӣ;
- кредити бонкҳо ва дигар қарзҳо;
- кӯмакҳои беғаразона ё башардӯстона ва ё маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 23. Маблағгузорӣ кардани соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақоми ваколатдор, сохторҳои тобеи он, бевосита аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд .
2. Банақшагирии хароҷоти барои маблағгузории соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағи Буҷети давлатӣ дар асоси хароҷоти молиявии ягонаи меъёрӣ барои фаъолияти соҳаи байторӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва дар қисми хароҷоти буҷети ҳамаи сатҳҳо дар як воҳиди "Байторӣ" пешбинӣ мешавад, амалӣ мегардад.
БОБИ 5. ТАЛАБОТИ БЕҲДОШТИ БАЙТОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ҲАЙВОНОТ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 24. Назорати риояи талаботи беҳдошти байторӣ нисбат ба лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаҳо оид ба истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот
1. Ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти чорводорӣ, фабрикаҳои паррандапарварӣ, корхонаҳои шир, гӯшт, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, дигар корхонаҳои истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон бояд муҳайё намудани шароити бештар мусоид барои нигоҳ доштани ҳайвонот, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз нигоҳи байторию санитарӣ бехатар будани маҳсулоти ҳайвонот пешбинӣ карда шавад. Ҳангоми таҳияи меъёрҳои лоиҳакашии объектҳои назорати байторӣ, ҳалли масъалаҳои ҷойгиронии онҳо ва муқаррар намудани минтақаҳои беҳдошти байторӣ бояд қоидаҳои байторӣ риоя шаванд.
2. Ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмон, тасдиқи меъёрҳои лоиҳакашӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, таҷдиди объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, инчунин ба истифода додани иншооти сохта ва таҷдидшуда ҳангоми мавҷуд будани хулосаҳои беҳдошти байторӣ иҷозат дода мешавад.
Моддаи 25. Талаботи беҳдошти байторӣ ба парвариш, хӯроку обдиҳӣ, бо нақлиёт бурдану ба дигар ҷойҳо рондани ҳайвонот
1. Хӯрок, об ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бояд барои сиҳатии ҳайвонот бехатар бошанд ва набояд нумӯяҳои афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла гормонӣ ва дигар моддаҳои барои ҳайвонот, муҳити зист ва инсон зарарнокро дар сатҳи зиёда аз меъёр дошта бошанд.
2. Меъёрҳои беҳдошти байтории бехатарӣ ва ё безарарии хӯрок, иловаҳои хӯроки ҳайвонот ва тартиби сертификатсияи онҳо бо қоидаҳои байторӣ муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои бехатарӣ ва ё безарарии хӯрок, иловаҳои хӯроки ҳайвонот набояд аз меъёрҳои дахлдори стандартҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ташкилотҳои байналмилалии байторӣ муқаррарнамуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, фарқ кунанд.
3. Истеҳсол ва истифодаи хӯрок, иловаҳои хӯроки ҳайвонот ба мақсади муомилот аз рӯи таъинот ҳангоми мавҷуд будани сертификат, ки мақоми ваколатдор додааст, иҷозат дода мешаванд.
4. Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба талаботи беҳдошти байторӣ номутобиқ (сертификатсиянашуда) бо қарори мақоми ваколатдор аз истеҳсолот ва истифода боздошта мешаванд ё аз тарафи соҳибони онҳо мутобиқи хулосаи беҳдошти байторӣ истифода мегарданд.
5. Бо нақлиёт бурдан ва ба ҷойҳои дигар рондани ҳайвонот танҳо ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои байтории ҳамроҳбуда бо риояи талаботи беҳдошти байторӣ оид ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот дар хатсайрҳои бо мақоми ваколатдор мувофиқашуда иҷозат дода мешавад. Бо нақлиёт бурдан ва рондани ҳайвонот, аз ҳудудҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ки нисбат ба бемориҳои сироятии ҳайвонот вазъи номусоид доранд, манъ мебошад ().
Моддаи 26. Талаботи беҳдошти байторӣ ба ташкили забҳи ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, тухм, тухми моҳӣ, ашёи хоми аз ҳайвонот гирифташуда ва маҳсулоти занбӯри асал
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба забҳи ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, тухм, тухми моҳӣ, ашёи хоми аз ҳайвонот гирифташуда ва маҳсулоти занбӯри асал машғуланд, фаъолияти худро дар асоси аттестатсияи беҳдошти байтории шароити истеҳсолии онҳо амалӣ мекунанд ().
2. Аттестатсияи беҳдошти байтории шароити истеҳсолӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - роҳбарон ё шахсони масъули нуқтаҳои хӯроки умумӣ, барои таъмини талаботи беҳдошти байтории шароити нигоҳдорӣ ва коркарди гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, моҳию маҳсулоти моҳигӣ, тухм ва маҳсулоти занбӯри асал ҷавобгар мебошанд ().
Моддаи 27. Талаботи беҳдошти байторӣ ба ташкили фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар нуқтаҳои савдо
1. Ҳангоми ташкили фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар бозорҳои савдои яклухт, чакана, озуқаворӣ ва ғайра, бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва пешгирии заҳролудшавӣ аз хӯрокҳо бояд қоидаҳои байторӣ ва беҳдоштӣ иҷро карда шаванд ().
2. Ба фурӯши маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати сифати маҳсулот иҷозат дода мешавад.
3. Дар бозорҳо барои ташкили назорати иҷрои қоидаҳои байторӣ, гузаронидани ташхисҳои байторию санитарӣ, дигар чорабиниҳои махсус оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти фурӯхташавандаи ҳайвонот ва растанӣ аз тарафи шахсони мансабдор ва (ё) шахсоне, ки дар бозорҳо вазифаи идоракуниро ба ӯҳда доранд, бояд ташхисгоҳҳои беҳдошти байторӣ таъсис дода шаванд. Кори ташхисгоҳҳои мазкур тибқи низомномаи ташхисгоҳҳои беҳдошти байторӣ ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 28. Талаботи беҳдошти байторӣ ба ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд
1. Ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зимни мавҷудияти сертификатҳои байтории гувоҳидиҳандаи (кафолатдиҳандаи) бехатарии беҳдошти байторӣ, офияти эпизоотии мамлакати содиркунанда барои ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ворид карда мешаванд.
2. ӯҳдадориҳо оид ба иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва кафолати риояи қоидаҳои байторӣ ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридсозии ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бояд қисми таркибии шартномаи ба расонидани ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бошад.
3. Ба фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, интихобан ҳангоми шубҳа пайдо кардан ба сифати он танҳо баъди аз ташхиси байторӣ ва беҳдошти байторӣ гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз мақоми ваколатдори давлатии байтории шаҳр ё ноҳияе, ки дар он бори мазкур фурӯхта мешавад, иҷозат дода мешавад ().
Моддаи 28(1). Талаботи умумии беҳдошти байторӣ нисбат ба парвариши ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул
Парвариши ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул бояд бо назардошти таъмини қонеъгардонии талаботи физиологӣ ва рафтори ҳайвонот, инчунин талаботи дахлдори байторӣ ва беҳдоштию эпидемиологӣ бо риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар амалӣ карда шавад ().
Модцаи 28(2). Хусусиятҳои муносибат бо ҳайвоноти беназоратмонда
1. Дошта гирифтани ҳайвоноти беназоратмонда тибқи нақша ё муроҷиати шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо мақсади пешгирӣ намудани эпизоотия, инчунин бемориҳои ба одамон ва ҳайвонот сирояткунанда, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии аҳолӣ, танзими шумораи чунин ҳайвонот сурат мегирад.
2. Танзими шумораи ҳайвоноти беназоратмонда бо роҳи барои нигоҳдорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани онҳо, инчунин ҷойгир намудан дар паноҳгоҳи ҳайвонот ё ба тариқи ахтакунӣ (сагу гурбаҳои беназоратмонда) ва баргардондан ба ҷойи аввалаи зисти ин ҳайвонот амалӣ карда мешавад.
3. Забҳи (куштани) ҳайвоноти беназоратмонда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мустақилона танзим намудани шумораи ҳайвоноти беназоратмонда манъ аст ().
Моддаи 28(3). Паноҳгоҳи ҳайвонот
1. Паноҳгоҳи ҳайвонот бо мақсади нигоҳдории ҳайвонот, аз ҷумла ҳайвоноти беназоратмонда, ташкил карда мешавад.
2. Ҳайвонот дар бино ва иншооти махсуси бо ин мақсад пешбинишуда ҷойгир карда мешаванд.
3. Паноҳгоҳи ҳайвонот метавонад давлатӣ ва хусусӣ бошад.
4. Дар паноҳгоҳи ҳайвонот хизматрасонии байторӣ ва дигар намуди хизматрасонӣ, аз ҷумла нигоҳдории (ҷойгиронии) муваққатии чунин ҳайвонот дар мувофиқа бо соҳибони ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ анҷом дода мешаванд.
5. Нисбати ҳайвоноти дар паноҳгоҳи ҳайвонот мавҷудбуда соҳибони онҳо ва шахсони аз тарафи онҳо ваколатдоргардида соҳибони воқеии ҳайвоноти мазкур эътироф карда мешаванд.
6. Меъёрҳои нигоҳдории ҳайвонот дар паноҳгоҳи ҳайвонот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи байторӣ муқаррар карда мешаванд ().
Моддаи 29. Нишонагузории ҳайвонот
1. Ҳайвонот аз рӯи шаклу намунаҳои муқаррарнамудаи меъёру қоидаҳои байторӣ бояд ҳатман нишонагузорӣ карда шаванд.
2. Нишонагузории ҳайвонот аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби маблағи муомилоти буҷети давлатӣ (Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ) амалӣ карда мешавад. Хароҷоти нишонагузории ҳайвонот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби соҳибони ҳайвонот пардохт мегардад .
3. Ҳар як чорво аз рӯзи тавлид шудан бояд рақами инфиродии алоҳида дошта бошад ва он дар шакли тамға ва ё ба шакли ҳалқа дар гӯши ҳайвонот аз рӯи қоида ё ба тарзи дигар мустаҳкам карда шавад. Инчунин аз микрочипҳо ва аломатгузорӣ дар гӯш истифода кардан мумкин аст. Паррандаҳо, моҳӣ, занбӯри асал ва дигар ҳайвоноти хурд ба таври гурӯҳӣ нишонагузорӣ карда мешаванд ().
4. Тибқи талаботи байналмилалӣ барои ҳайвоноти бемаҳсул аз рӯзи зоидашавиашон дар давоми си рӯз шиносномаи инфиродии алоҳидаи байторӣ тартиб дода мешавад, ки он бояд то рӯзи фавташон (забҳашон) нигоҳ дошта шуда, сипас аз рӯи тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супорида шавад ().
5. Нишонагузории ҳайвонот барои муқаррар намудани зот, синну сол, ҷои тавлиди ҳайвон, инчунин барои назорати интиқоли (ҷойивазкунии) ҳайвон ва маҳсулоту ашёи хоми он, пур кардани варақаҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз тарафи мақоми давлатии назорати байторӣ имконият медиҳад.
БОБИ 6. ТАЪМИНИ МУҲОФИЗАТ АЗ БЕМОРИҲОИ ХАВФНОКИ УМУМИИ ҲАЙВОНОТ ВА ИНСОН ВА АЗ ЗАҲРОЛУДШАВӢ АЗ ХӯРОКИҲО
Моддаи 30. Барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотӣ ва бартараф кардани хавфи пайдошавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятии ҳайвонот
1. Барои барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хатарноки ҳайвонот ва бартараф намудани хавфи пайдоиш ва паҳншавии ин бемориҳо бо қарори мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар асоси пешниҳоду дастурҳои мақоми ваколатдори ҳудуди маъмурӣ, метавонад карантин ҷорӣ намуда, ҳайвонот ё маҳсулоти ҳайвонот мусодира ва дигар чорабиниҳои беҳдошти байтории маҳдудкунанда амалӣ гардонида шаванд .
2. Тартиби ҷорӣ (бекор) кардани карантин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои дахлдори ноҳияҳо, шаҳрҳо, дар объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои татбиқи карантин, дигар чорабиниҳои маҳдудкунандаи беҳдошти байторӣ ва номгӯи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки боиси ҷорӣ намудани карантин, мусодираи ҳайвонот ва ё маҳсулоти ҳайвонот мегардад, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад .
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба онҳо зарари дар натиҷаи мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот расонидашуда ҷуброн карда шавад. Тартиби ҷуброни зарарро дар натиҷаи мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 31. ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шахсони мансабдори мақоми ваколатдор оид ба барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии махсусан хатарноки бемориҳои ҳайвонот
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - соҳибони ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот бо мақсади барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии бемориҳои сироятии ҳайвонот ӯҳдадоранд:
- талаботи Қонуни мазкур, инчунин қарорҳо, дастурҳо ва хулосаҳои байторию санитарии нозирони давлатии байториро иҷро намоянд;
- чорабиниҳои муқарраршуда ва иловагии беҳдошти байторӣ, аз ҷумла корҳои сироятзудоӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсиониро амалӣ гардонанд;
- ҳайвоноти ба бемориҳои сироятӣ гирифторшударо нобуд созанд ва ё барои коркарди махсус ба корхонаҳо супоранд.
2. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдор барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотии дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ки барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии бемориҳои сироятии ҳайвонотро таъмин менамоянд, ӯҳдадор мебошанд.
Моддаи 32. Ташхиси беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот
1. Гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва маҳсулоти занбӯри асал ва маҳсулоти дигари ҳайвонот барои муайян кардани сифат, муқаррар намудани бехатарии беҳдошти байторӣ ва мувофиқ будани онҳо барои истифода ҳамчун хӯрокворӣ воҷиби санҷиши беҳдошти байторӣ мебошанд. Ташхиси беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот аз ҷониби озмоишгоҳҳои мақоми ваколатдор гузаронида мешавад. Озмоишгоҳҳои мақоми ваколатдор барои сифат ва ташхиси беғаразона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
2. Маҳсулоти ҳайвонот, ки аз рӯи натиҷаҳои ташхиси беҳдошти байторӣ барои истеъмол хавфнок шуморида мешавад, мутобиқи хулосаи беҳдошти байторӣ бояд дар шароити саноатӣ бехатар (безарар) гардонида, бо мақсади бартараф намудани зарарнокии онҳо ба инсон, ҳайвонот ва муҳити зист аз тарафи моликон мавриди коркард қарор гирад ё нобуд карда шавад.
3. Фурӯши маҳсулоти мавриди истеъмол, ки бо тартиби муқарраршуда аз санҷиши байторию санитарӣ нагузаштааст, манъ аст.
Моддаи 33. Сертификатсияи маҳсулоти ҳайвонот
Маҳсулоти саноатии ҳайвонот, ки хушсифатӣ ва бехатарии беҳдошти байтории онҳо дар асоси натиҷаҳои санҷиши беҳдошти байторӣ муқаррар шудааст ва бо хулосаи беҳдошти байторӣ расман тасдиқ гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд ба он сертификати мутобиқати маҳсулот дода шавад ().
Моддаи 34. Ҳамкории мақомоти идоравии беҳдошти байторӣ, шахсони мансабдор, сохторҳои мақомоти ваколатдор, мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
Мақомоти идоравии беҳдошти байторӣ, шахсони мансабдор, сохторҳои мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии назорати беҳдошти эпидемиологӣ ва мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва заҳролудшавӣ аз хӯрокворӣ бояд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.
Моддаи 35. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардан
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардани ҳайвонот ҳуқуқ доранд:
- сохторҳои давлатӣ ё ғайридавлатии байторӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки дар соҳаи байторӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, интихоб намоянд;
- ташхис ва эмкунии профилактикии бамузди зидди бемориҳои ҳайвоноти дар номгӯи бемориҳои ҳайвонот дохилбуда, ташхис ва пешгирии махсуси онҳоро гузаронанд, ки барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода мешаванд.
2. Ҳангоми сироятнопазир намудан шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд талаботи нозирони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмӣ ба мақсади пешгирии бемориҳои ҳайвонот, ки аз рӯи нишондодҳои эпизоотӣ ва бемориҳои дар рӯйхати Бюрои Байналмилалии Эпизоотӣ дохилбуда зарур мебошад, иҷро намоянд ().
3. Нисбат ба ҳайвоноте, ки соҳибонашон талаботи нозирони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмии ҳайвонот мутобиқи муқаррароти қисми дуюми моддаи мазкур иҷро накардаанд, фурӯхтан, интиқол додан ё ба ҷои дигар рондан, забҳ кардан ва коркарди он барои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштии он бе иҷрои маҳдудиятҳои беҳдошти байтории қонунгузории байторӣ муқаррарнамуда иҷозат дода намешавад. Барои иҷро накардани талаботи мазкур соҳибони ҳайвонот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
4. Ташкилотҳои суғурта ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳайвонот бояд дар он талаботро оид ба эмкунии ҳатмии ҳайвонот, ки қисми дуюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, дохил намоянд. Ҳангоми иҷро накардани талаботи мазкур аз тарафи соҳибони ҳайвонот пардохтҳои суғуртавии онҳо бозгардонида намешавад.
Моддаи 36. Маблағгузорӣ барои ташхис ва сироятнопазир намудан ва дигар чорабиниҳои зидди эпизоотӣ
1. Маблағгузорӣ барои ташхис, сироятнопазир намудан ва дигар чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
2. Банақшагирии хароҷоти маблағгузории чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ (аз ҷумла хароҷоти ташхис ва сироятнопазир намудан) дар асоси меъёрҳои хароҷоти молиявӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсадҳо муқаррар мекунад, амалӣ гардонида, дар қисми хароҷоти буҷети мақоми ваколатдори дар зерфасли "Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ" нишон дода мешавад .
3. Мавод барои гузаронидани таҳқиқоти ташхисӣ ва дорувории иммунобиологӣ, барои эмкунии профилактикии зидди бемориҳое, ки дар номгӯи бемориҳои ҳайвонот дохил гардидаанд, инчунин ташхис ва пешгирии махсуси онҳо барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои моликият аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба таври ройгон расонида мешаванд.
хориҷ карда шуд
Моддаи 37. Расонидани хизмати бамузди байторӣ
1. Ташкилотҳои байторӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи байторӣ фаъолият мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмати бамузди байторӣ расонанд. Барои кор ва хизмати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи байторӣ соҳибони ҳайвонот, новобаста ба манбаи ба даст овардани маводи байторӣ, бояд музд пардохт намоянд (буҷети давлатӣ, грантҳо, маблағҳои башардӯстона, донорӣ ва ғайра).
2. Номгӯи намудҳои хизмати бамузди байторӣ ва тартиби расонидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Ташкилотҳои байторӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи байторӣ фаъолият мекунанд, новобаста ба шакли моликият ӯҳдадоранд, ки баҳисобгирии омории байторӣ тартиб диҳанд ва ба мақомоти давлатии болоии идоравии соҳаи байторӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
4. Маблағе, ки корхонаю муасиссаҳо ва дигар ташкилотҳои байтории давлатӣ аз фаъолияти хизматии бамузди байторӣ ба даст меоранд, ба мақсадҳои рушди соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути системаи фондҳои инкишофи соҳаи байторӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон харҷ карда мешаванд.
БОБИ 7. ТАЪМИНИ ИЛМИИ БАЙТОРӢ
Моддаи 38. Муносибатҳои тарафайни ташкилотҳои илмӣ ва мақомоти ваколатдор
1. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон равияҳои афзалиятноки мавзӯъҳои илмии хусусиятҳои таҷрибавӣ доштаро муайян намуда, барномаи ҳифзи сиҳатии ҳайвонот ва назорати давлатии байториро ҳамоҳанг месозанд ва консепсияи рушди байторӣ ва илми байториро таҳия, пешниҳод ва тасдиқ мекунад .
2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи комплексии барномаҳои илмии соҳавӣ, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявиро дар соҳаи байторӣ якҷоя татбиқ намуда, барои амалӣ кардан ва самаранок истифода бурдани дастовардҳои илми байторӣ тавсияҳо пешниҳод мекунанд .
3. Мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки корҳои тадқиқоти илмиро, ки ба душвориҳои соҳаи байторӣ дар минтақа алоқаманд мебошанд, муайян карда, барномаҳои корҳои зикршавандаро дар ҳаҷми маблағи дар буҷети он тасдиқшуда маблағгузорӣ менамояд .
Моддаи 39. Такмили ихтисос ва касбомӯзии кормандони соҳаи байторӣ
1. Такмили ихтисос ва касбомӯзии кормандони соҳаи байторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад .
2. Роҳбарони мақомоти ваколатдор, ташкилоту муассисаҳои байторӣ ӯҳдадоранд, ки барои такмили ихтисоси кормандони байторӣ шароити зарурӣ муҳайё намоянд.
Моддаи 40. Фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳаи байторӣ
1. Фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳаи байторӣ фаъолиятест, ки барои истеҳсоли доруворӣ бо мақсади ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, асбобҳои байторӣ, зоотехникаи байторӣ ва таҷҳизоти байтори равона карда шудааст.
2. Ташкили истеҳсол ва хариди доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, инчунин истеҳсоли асбобҳои байторӣ, зоотехникаи байторӣ ва таҷҳизоти байторӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 41. Дастгирии давлатии фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳаи байторӣ
Бо мақсади таъмини офияти эпизоотӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати байторӣ ва истеҳсоли доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот дар доираи маблағгузории буҷетӣ, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои махсуси хизматрасонӣ аз дастгирии давлатӣ бархӯрдор мешавад ().
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 42. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи байторӣ
Баҳсҳои соҳаи байторӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд ҳал карда мешаванд.
Моддаи 43. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи байторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12 мод. 701; с. 2005, №12, мод, 632; с. 2007, №7, мод. 688) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 45. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
29 декабри соли 2010 № 674
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ"
Маҷлиси намояндагоии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2003, №977 "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №11, мод. 593) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 8 декабри соли 2010, № 250
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи байторӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010 № 108