Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, № 603 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо

Мутобиқи моддаҳои 3, 24, 26, 26(1), 29, 30, 71, 71(1) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба низоми муайян даровардани масъалаи тақсимоти қитьаҳои замини маҳалҳои аҳолинишин (наздиҳавлигӣ) ва шаффофу боадолатона гузаронидани онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо масъалаи тақсимоти қитъаҳои замини маҳалҳои аҳолинишинро (наздиҳавлигиро) тибқи талаботи Қоидаҳои мазкур амалӣ намуда, ҷиҳати шаффофу боадолатона анҷом додани он тадбирҳои мушаххас андешанд.

3) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар мақомоти дахлдор масъалаи тақсимоти замини маҳалҳои аҳолинишинро (қитъаҳои замини наздиҳавлигиро) зери назорати қатъӣ қарор дода, аз ҷараёни амалӣ гардидани он мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.

4) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рафти иҷрои қарори мазкур ҳар се моҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол созанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

аз 11 ноябри соли 2010 № 603

ш. Душанбе