Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байни буҷетӣ"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", инчунин бо мақсади татбиқи "Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ" таъсис дода шавад.
2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.
3) Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2010 № 627
ш. Душанбе