Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз 30 октябри соли 2010 № 573

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 октябри соли 2010 № 573

тасдиқ шудааст

Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

1. Зарурати Барнома

1) Бояд зикр намуд, ки пайдоиш ва паҳншавии малах на танҳо ба зироатҳои кишоварӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо, инчунин ба тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар зарари ҷуброннопазир мерасонад. Бинобар ин барои ҳимоят аз ин офати табиӣ дар тамоми кишварҳое, ки хатари эҳтимолии сар задани он вуҷуд дорад, муассисаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо тамоми намудҳои техника ва маводи зарурӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва зараррасонҳои хатарнок амал мекунанд, ки маблағгузории онҳо асосан аз буҷети давлат сурат мегирад.

2) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2003 Муассисаи давлатии махсуси мубориза бар зидди малах фаъолият дошт. Ин муассиса бо техника муҷаҳҳаз ва бо маводи зарурии кимиёвӣ таъмин буд ва на танҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, балки дар ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон, ӯзбекистон ва қисман Қирғизистон амал мекард. Вазифаи асосии муассисаи мазкур на танҳо муоина, таҳқиқот ва гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах, балки муоина ва мубориза бо хояндаҳои саҳроӣ, канаҳои ғалладона ва дигар ҳашароти хатарноки кишоварзӣ буд.

3) Муайян намудани ҷойҳои тухмгузорӣ, сохтани харитаҳои майдонҳои паҳншавӣ ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва дигар ҳашароти хатарноки кишоварзӣ ба ӯҳдаи ин муассиса буд.

4) Баъди барҳам додани Муассисаи давлатии махсуси мубориза бар зидди малах дар ҳайати Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ шӯъбаи мубориза бар зидди малах иборат аз 3 нафар мутахассис ташкил карда шуд, ки гузаронидани корҳои муайян намудани ҷойҳои тухмгузорб, майдонҳои малах паҳнгашта ва гузаронидани корҳои муборизаи кимиёвӣ ба таври кофӣ анҷом дода намешуд. Бояд таъкид намуд, ки баъди барҳам додани ин муассиса сол то сол зиёдшавии малах мушоҳида мегардад.

5) Майдонҳои паҳнгаштаи малах дар соли 2003 дар 12 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, масоҳати умумии майдонҳои паҳншавии малах - 57880 гектарро ташкил медод, аз онҳо ҳамагӣ дар майдони 14900 гектар коркарди кимиёвӣ гузарорида шудааст, дар соли 2004 аз 64900 гектар дар 16457 гектар, соли 2005 аз 67250 гектар дар 15003 гектар, соли 2006 аз 61840 гектар дар 25414 гектар, соли 2007 аз 100106 гектар дар 76094 гектар, соли 2008 аз 115712 гектар дар 107712 гектар, соли 2009 аз 104334 гектар дар 93268 гектар ва соли 2010 дар 81724 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Соли ҷорӣ 2 ноҳияи нав илова шуда, дар ҷумҳурӣ дар 34 шаҳру ноҳияҳо малах паҳн гашта, зиёда аз 110000 гектарро ташкил медиҳад.

6) Алалхусус соли 2007 дар ҷумҳурӣ 2918 гектар пахтазор, 4002 гектар ғалла, 50 гектар боғ, 10 гектар токзор, 926 гектар сабзавоту зироатҳои хӯроки чорво ва 28135 гектар чарогоҳҳо, ҷамъ 36041 гектар аз ҳуҷуми малах нобуд гардиданд, ки ба ҳисоби миёна ин зарар 18 млн. сомониро ташкил дод.

7) Вазъияти баамаломадаро ба инобат гирифта, тибқи карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 №595 Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах" таъсис дода шуд.

8) Ҳар сол аз буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳо маблағ ҷудо мегардад. Маблағҳои ҷудогардида асосан барои хариди заҳрхимикатҳо, дорупошакҳои дастӣ равона карда шудаанд, ки барои пешгирии пурра ва ташкили мубориза бар зидди малахиҳо кофӣ намебошанд.

9) Барои пешгирии таҳдид ва паҳншавии малах мутахассисони соҳа бояд назорати доимӣ анҷом диҳанд ва аз пайдошавӣ ва паҳншавии малахиҳо пайваста маълумот пешниҳод намоянд. Мутаассифона, барои иҷрои ин чорабиниҳо сарчашмаи маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст.

10) Вобаста ба тамоюли саросар ва сол аз сол зиёд паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатии мубориза бар зидди малахиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 таҳия гардид, ки иҷрои он ба дӯши Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах" вогузор карда мешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

11) Мақсади асосии Барнома ин сари вақт гузаронидани чорабиниҳои муҳофизати киштзорҳо, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз малахиҳои зараррасон ва дар ин замина эмин нигоҳ доштан, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, хӯроки чорво ва зиёд намудани истеҳсоли онҳо мебошад.

12) Қайд кардан бамаврид аст, ки макони асосии инкишоф ва паҳншавии малахиҳо зараррасон ҷангалзорҳо, таллу теппаҳо, чарогоҳҳо ва заминҳои фонди давлатӣ мебошанд.

13) Чораҳои муҳофизатӣ бар зидди малахиҳо аз чунин усулҳо иборат мебошанд: механикӣ, агротехникӣ ва кимиёвӣ. Усулҳои механикӣ ва агротехникӣ, қувва ва маблағи зиёдеро талаб менамоянд. Дар айни ҳол тарзи асосии мубориза бар зидди малахиҳо усули кимиёвӣ боқӣ мемонад.

3. Тадбирҳо ҷиҳати иҷрои Барнома

14) Зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани сифати он бе гузаронидани чораҳои муҳофизатӣ бар зидди малахиҳо имконнопазир аст. Гузаронидани чорабнниҳои агротехникию фитосанитарӣ ба ҳолати санитарии киштзорҳо таъсири мусбӣ расонида, хароҷоти зиёдеро талаб менамояд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза нигоҳ доштани муҳити соҳаи растанипарвариро таъмин месозад.

15) Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани муоинаҳои баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ дар мавзеъҳои паҳншавиии малахиҳо барои солҳои 2011- 2015 аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ 364 ҳазор сомонӣ тибқи замимаи № 1 пешбинӣ шудааст.

4. Тадбирҳо оид ба мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ

16) Ба таври самаранок амалӣ гардонидани Барномаи мазкур бе заминаи моддию техникӣ имконнопазир аст.

Дар ташкили мубориза бар зидди малахиҳо зараррасон барои истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар, баробари усулҳои агротехникӣ, механикӣ, усули кимиёвӣ аз ҷихати экологӣ мавқеи хоса дорад. Барои иҷрои Барномаи мазкур зарур аст, ки аз хориҷи кишвар ворид намудани маводи кимиёвӣ бар зидди малахиҳо ташкил карда шавад, ки онҳо сифати баланди таъсирнокӣ доранд. Барои ҳимоя намудани соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва муайян намудани мӯҳлатҳои коркарди кимиёвӣ аз малахиҳо зараррасон таъмини маводи кимиёвӣ мувофиқи замимаи №2 зарур мебошад.

17) Коркарди кимиёвии киштзорҳо ва чарогоҳҳо, зарурати истифодаи трактору мошинолот, дорупошакҳои махсус ва мошинҳои систернадорро барои кашонидани об ба миён меорад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолӣ барои эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ва киштзорҳои наздиҳавлигиашон ба техникаи хурду камхарҷ ва дорупошакҳои дастӣ эҳтиёҷ доранд. Барои ҳимоя намудани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз малахҳои зараррасон таъмини давра ба давраи механизмҳо, тракторҳою мошинолот мувофиқи замимаи №3 зарур мебошад.

18) Иҷрои Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки зарароварии малахиҳо ба зироатҳои кишоварзӣ пешгирӣ карда шавад ва барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ имконият фароҳам оварда шавад.

19) Барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах таъминоти сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, таҷҳизот, музди меҳнати механизаторон ва коргарони мавсимӣ тибқи замимаи №4 амалӣ мешавад.

20) Маблағгузории Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хараҷотҳои давлатӣ, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шавад.

21) Хараҷоти молиявӣ барои татбиқ намудани Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тибқи (замимаи №5) анҷом дода шавад.