Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2006 № 783 тасдиқ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Аз 1 январи соли 2011 то 31 декабри соли 2012 оид ба ҷорӣ намудани низоми кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таҷриба гузаронида шавад.
2) Тартиби таъин ва пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон оид ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
4) Дар давраи татбиқи Тартиби таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ амали қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" ва аз 2 майи соли 2007 № 244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд", дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон боздошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 октябри соли 2010 № 586
ш. Душанбе