Дастурамал оиди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети давлатӣ аз 3 феврали соли 2010 № 16

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо фармоиши вазири молияи ҶТ аз 26.05.2022 № 85 аз эътибор соқит дониста шуд

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти № 563

аз 9 феврали соли 2010

"БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ"

Тасдиқ карда шудаст

бо фармоиши Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 16  аз "03" феврали с.2010

Дастурамал оиди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети давлатӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1) Дастурамали мазкур мувофиқи моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ" таҳия карда шуда, тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳои муассисаҳои буҷетиро аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ, иҷроиши кор ва дигар даромадҳо ба истиснои дигар пардохтҳои ҳатмие, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" муқаррар намудааст, муайян менамояд.

2) Маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ, маблағҳои супоришӣ ва дигар намудҳои маблағгузорӣ (грантҳо, кӯмакҳои молиявӣ ва депозитҳои муайяннашуда) ташаккул меёбанд.

3) Маблағҳои махсус дар асоси харҷномаи даромад ва хароҷот, ки тибқи дастурамал аз тарафи муассисаи буҷетӣ тартиб дода мешавад, хароҷот карда мешавад. Харҷнома аз тарафи ихтиёрдори асосии маблағҳои буҷетӣ тасдиқ карда шуда бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти молия дар маҳалҳо мувофиқа карда мешавад. Ихтиёрдори асосии маблағҳои махсус роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мебошанд, ки ба онҳо ҳуқуқи идоракунии маблағҳои буҷетӣ дода шудааст.

4) Харҷномаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ҳуҷҷате мебошад, ки дар он даромад аз хизматрасонӣ ва иҷроиши кори муассисаҳои буҷетӣ нишон дода шуда, баъди тасдиқ барои маблағгузорӣ ба хазинадорӣ пешниҳод карда мешавад.

5) Маблағҳои махсус ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ ва суратҳисоби ягонаи хазинадории маҳаллӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷетҳои маҳаллӣ ворид гардида, хароҷоти онҳо аз ҳамин суратҳисобҳо амалӣ карда мешавад.

6) Маблағҳои нақдие, ки аз ҳисоби иҷрои кор ё хизматрасониҳо ба хазинаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ даромад мешаванд, ҳатмӣ ба суратҳисоби махсуси хазинадорӣ гузаронида мешаванд.

7) Муқаррар намудани манбаъҳои нави даромади маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, ва самтҳои хароҷоти онҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Маблағҳои худӣ

8) Маблағҳои худӣ маблағҳое мебошанд, ки ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ (фурӯши маҳсулот, иҷрои кор, хизматрасонӣ) ва дигар фаъолиятҳое, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудаст, даромад ба даст меоранд.

3. Маблағҳои супоришӣ

9) Маблағҳои супоришӣ маблағҳое мебошанд, ки муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби иҷро намудани супоришҳои муайяни дигар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо ба даст меоранд.

10) Ташкилотҳои буҷетие, ки аз дигар муассисаҳои буҷетӣ маблағҳои супориширо дастрас намуда, дар соли ҷорӣ онро мувофиқи таъинот истифода набурдаанд, вазифадоранд на дертар аз 31 декабри соли буҷетӣ онро ба муассисаи пардохтнамуда баргардонанд, агар дар шартнома дигар муқаррарот муайян нашуда бошад.

4. Дигар намудҳои маблағҳои махсус

11) Дигар намудҳои маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳо аз маблағҳои муайяннашуда дар депозити ташкилоту муассисаи буҷетӣ, грантҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, кӯмакҳои молиявӣ, маблағҳои сарпарастон ва дигар маблағҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои намояндагӣ ва ғайра ворид мешаванд, инчунин даромадҳое, ки хусусияти тиҷоратиро надоранд, ибрат мебошанд. Ин маблағҳо мутобиқи шартнома ва дигар созишномаҳои бо ташкилоти буҷетӣ баста шуда, мақсаднок истифода бурда мешаванд.

5. Тартиби ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсус

12) Барои ташкил додани маблағҳои махсус дар асоси дастурамали мазкур аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дастурамал тартиб дода мешавад, ки дар он сарчашмаи даромади маблағҳои махсус ва самтҳои хароҷотҳои он дарҷ карда мешавад

Дастурамали муассисаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда бо мақомоти молияи дахлдори маҳаллӣ мувофиқа карда мешавад.

13) Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ метавонад барои ҳар як намуди алоҳидаи маблағҳои махсус дар хазинадорӣ суратҳисоби алоҳида (минбаъд суратҳисоб) кушоянд ва аз рӯи гуруҳбандии даромад ва хароҷоти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоби онҳоро алоҳида баранд.

14) Муассисаҳои буҷетие, ки маблағҳои махсус доранд, ҳар сол харҷномаи даромад ва хароҷотро аз рӯи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Дар харҷнома пеш аз ҳама моддаҳои хароҷотии афзалиятноке, ки аз рӯи барномаҳои соҳавӣ муайян гардидаанд ва имконияти маблағгузорӣ намудани онҳо аз ҳисоби буҷет маҳдуд аст, нишон дода мешаванд.

15) Пардохти маблағи барзиёдии даромад бар хароҷоти муассисаҳои буҷетиро ба буҷет барои ҳар як соли молиявӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ" муқаррар менамояд.

16) Пардохти маблағи барзиёдии даромад бар хароҷот аз тарафи муассисаҳои буҷетӣ ба даромади буҷети дахлдор дар он сурат амалӣ карда мешавад, ки агар хароҷоти онҳо оғоз гардида бошад. Ташкилоту муассисаҳое, ки дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранд ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, барзиёдии даромад бар хароҷотро ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд.

17) Муассисаҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки маблағҳои махсусро дар доираи харҷномаи тасдиқшуда ва воридоти ҳақиқии даромадҳо хароҷот намоянд. Харҷномаи маблағҳои махсус аз 1 январ то 31 декабри соли буҷетӣ амал мекунад.

Бақияи маблағҳои махсус, ки дар охири соли буҷетӣ ба вуҷуд меояд, ба даромади маблағҳои махсуси соли ояндаи молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ гузаронида мешаванд, ба истиснои дигар муқаррарот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва инчунин агар онҳо мувофиқи ҳисоботи солона аз пардохт дар назди буҷет қарздор набошанд. Дар ҳолати дар назди буҷет қарздор будани муассисаи буҷетӣ, ин қарз аз ҳисоби бақияи ба охири сол ташкилёфта ба буҷет ситонида мешавад.

18) Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҳолати касри (дефицит) буҷети давлатӣ метавонанд, дар мувофиқа бо Вазорати молия ва мақомотҳои он дар маҳал хароҷотҳоро дар доираи харҷномаи буҷети тасдиқгардида аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ маблағгузорӣ намоянд.

19) Хароҷотҳои харҷномаи маблағҳои махсус мувофиқи мақсадҳои дар дастурамали тасдиқнамудаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ оид ба истифодаи маблағҳои махсус тибқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ амалӣ карда мешавад.

20) Даромадҳои аз харҷномаи тасдиқшудаи маблағҳои махсус барзиёд воридгардида дар давоми сол танҳо дар асоси харҷномаи иловагӣ тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ ва хароҷот карда мешаванд.

21) Дар ҳолатҳои зарурӣ дар моддаҳои хароҷотии харҷномаи маблағҳои махсуси муассисаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда бо фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда бо фармони роҳбари мақомоти молияи дахлдори маҳаллӣ тағийротҳо ворид карда мешавад.

22) Ба маблағҳои махсус инчунин маблағҳои супоришӣ ва дигар маблағҳое, ки тибқи муқаррароти ҳамин дастурамал ташкил ва истифода бурда мешаванд, шомиланд.

6. Тартиби кушодани суратҳисобҳо барои ба ҳисобгирии маблағҳои махсус

23) Суратҳисобҳо барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рӯи минтақаи ҷойгиршавиашон дар назди Сарраёсати хазинадории марказӣ ва мақомотҳои маҳаллии он кушода мешавад.

24) Амалиётҳои дар суратҳисоби маблағҳои махсус дарҷгардида асоси ба ҳисобгирии бухгалтерии иҷроиши харҷномаи даромад ва хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба ҳисоб мераванд.

7. Бурдани ҳисоби даромадҳои маблағҳои махсус

25) Маблағҳои махсус, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсус ворид мешаванд, дар суратҳисоби муассисаҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

26) Баъди гирифтани руйхати бонкӣ (выписка) бо замимаҳо (ҳуҷҷатҳои пардохтӣ) мақомоти молия маблағҳои ба суратҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ воридгардидаро ба ҳисоб мегирад.

27) Дар ҳолати саҳван ба суратҳисоб ворид гардидани маблағ ташкилот ё муассисаи буҷетӣ вазифадор аст, ки баъди гирифтани рӯйхати бонкӣ (выписка) дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи корӣ ба мақомоти молия барои баргардонидани маблағ супоришномаи пардохтӣ пешниҳод намояд.

28) Мақомоти молия тибқи супоришномаи мазкур маблағи саҳван воридгардидаро аз даромади муассиса бароварда, бақияи суратҳисоби онро кам менамояд.

29) Дар ҳолати ворид гардидани маблағҳое, ки гирандаи онҳо маълум нест, ин маблағҳо ба ҳисоби алоҳидаи "маблағҳои номуайян", гузаронида шуда, то муайян гардидани гирандаи онҳо нигоҳ дошта мешаванд.

8. Бурдани ҳисоби хароҷотҳои маблағҳои махсус

30) Харҷномаи тасдиқ кардашудае, ки аз ҷониби муассисаи буҷетӣ ба мақомоти молия пешниҳод мешавад, ҳамчун асоси амалӣ намудани амалиётҳои хароҷоти ин муассисаҳо ҳисобида мешавад

31) Харҷнома бо тариқи воридшавии автоматикӣ дар барномаҳои иттилоотии компютерӣ ба ҳисоб гирифта шуда, иҷроиши он бо тариқи автоматикӣ ба роҳ монда мешавад.

32) Барои амалӣ намудани хароҷот аз тарафи корманди ваколатдори мақомоти хазинадорӣ ҳуҷҷатҳои пардохтии муассисаҳои буҷетӣ дар доираи маблағҳои дар суратҳисоби муассиса мавҷудбуда қабул карда мешавад.

33) Дар вақти қабули супоришномаҳои пардохтӣ аз муассисаҳои буҷетӣ корманди ваколатдори мақомоти хазинадорӣ санаи пешниҳоди ҳақиқии онҳоро қайд намуда, бо имзо ва штампи худ онро тасдиқ мекунад.

34) Маблағгузории нақдӣ тибқи тартиби муқаррар гардида амалӣ карда мешавад.

35) Маблағҳои баргардонидашудаи қарзи дебиторӣ, ки дар рафти иҷроиши харҷнома, дар ташкилот ё муассисаи буҷетӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин маблағҳое, ки ба ташкилот ё муассисаи буҷетӣ бо сабабе бозпас гардонида мешаванд, дар харҷномаи муассисаҳо дар моддаи хароҷотие, ки аз он хароҷот шуда буд, барқарор карда мешаванд.

36) Мақомоти хазинадорӣ дар ҳолатҳои зерин супоришномаҳои пардохтӣ ва чекҳоро қабул намекунад:

- нарасидани маблағ дар суратҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ;

- мувофиқат накардани имзоҳо ва муҳри ҳуҷҷатҳои маблағгузаронӣ бо имзоҳо ва муҳри намунаи варақаи пешниҳодшуда, ё ин ки имзо ва муҳри ҳуҷҷатҳои маблағгузаронӣ аз тарафи хазинадорӣ шубҳанок эътироф карда шавад;

- пешниҳод накардани харҷномаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсус ва дигар хуҷҷатҳое, ки барои маблағгузорӣ заруранд;

- мувофиқат накардани хароҷотҳои дар ҳуҷҷатҳои пешниҳод намудаи муассисаи буҷетӣ нишондодашуда бо моддаҳои хароҷотии гуруҳбандии буҷет;

- нодуруст будани нишонаҳои бонкӣ (реквизитҳо) ва ғайра дар супоришномаҳои пардохтӣ.

37) Муассисаҳои буҷетӣ ҳуҷҷатҳои пардохтиро ба хазинадорӣ бо миқдори нусхаҳои зарурӣ бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамоянд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ки барои маблағгузорӣ пешниҳод мешаванд, аз тарафи шахсони масъул, ки ҳуқуқи имзоро дар ин ҳуҷҷатҳо доранд, имзо карда шуда бо мӯҳри хазинадорӣ тасдиқ карда мешаванд.

38) Мақомоти хазинадорӣ баъди гирифтани руйхати бонкӣ (выписка), ки дар асоси онҳо маблағҳо аз суратҳисоби махсус бароварда шудаанд, ин амалиётҳоро дар суратҳисоби муассисаҳои буҷетии дахлдор нишон дода, як нусхаи супоришоти пардохтиро бо замимаи ҳуҷҷатҳои пардохтӣ бо сабти бонкӣ ба муассиса бармегардонад.

39) Дар суратҳисоби махсуси ташкилоту муассисаҳо чунин амалиётҳои даромад ва хароҷот дарҷ карда мешаванд:

- воридоти даромадҳо;

- амалӣ намудани хароҷотҳо;

- баргардонидани маблағҳо (барқароршавии хароҷотҳои хазинавӣ);

- гардиши маблағҳо дар дохили суратҳисоб (амалиётҳои дохилӣ).

40) Ҳисоби воридоти номуайяни маблағҳои махсус бо амалиётҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- гузаронидан ба ҳисоби воридоти номуайян;

- баргардонидани маблағ аз ҳисоби воридоти номуайян ба пардохткунанда;

- гузаронидани маблағ аз ҳисоби воридоти номуайян ба суратҳисоби ташкилоту муассисаҳо ҳангоми муайян шудани соҳиби маблағ.

41) Муассисаи буҷетӣ на камтар аз се рӯзи баъди гирифтани руйхати бонкӣ вазифадор аст, ки ба хазинадорӣ оид ба маблағҳои саҳван ба суратҳисобаш воридшуда хабар диҳад. Дар ҳолати надоштани эътироз оид ба амалиётҳои дар суратҳисоб дарҷгардида, бақияи ин ҳисоб тасдиқшуда ҳисобида мешавад.

42) Мақомоти хазинадорӣ дар ҳолати дар суратҳисоби муассисаҳо дарёфт кардани навиштаҷоти саҳван қайдгардида, ҳуқуқ дорад на дертар аз даҳ рӯзи баъди дарёфти хатогӣ, дар суратҳисоби онҳо навиштаҷоти ислоҳотиро дар доираи соли ҷории молиявӣ бе розигии муассисаи мазкур қайд намояд ва онро хабардор намояд.

43) Баъди ба охир расидани моҳ мақомоти хазинадорӣ ба муассисаҳои буҷетӣ руйхати моҳонаи гардиши маблағҳои суратҳисоби онҳоро медиҳад.

44) Бо муроҷиати ихтиёрдори асосии маблағҳо мақомоти хазинадорӣ маълумотнома дар бораи хароҷотҳои гузаронидаи зерташкилотҳои онҳоро дар давраи на камтар аз як моҳ, ё дигар давраҳои дархостшуда бо тартиби зиёдшавӣ медиҳад.

45) Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ тибқи шакли муқаррар намудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар семоҳа (семоҳа, шашмоҳа, нӯҳ моҳа ва солона) ба хазинадорӣ оид ба иҷрои сметаи маблағҳои махсус ҳисобот пешниҳод менамоянд.

46) Дар ҳолати пешниҳод накардани ҳисобот, ё напардохтани маблағи барзиёдии даромад бар хароҷот ба даромади буҷет, хазинадорӣ метавонад маблағгузории ташкилоту муассисаҳоро (ғайр аз моддаҳои ҳимояшаванда) боз дорад.