Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Аз Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 №591 тасдиқ карда шудааст, бандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 7, 8, 9, 10, 11, 13, 15, 17,18, 19, 20,21, 22, 29, 31,44,47,48, 50 хориҷ карда шаванд.
2) Ба Номгӯи дорувории ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандае, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошад ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 №193 тасдиқ карда шудааст, дар гурӯҳи молии 30 тибқи Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Евразия баъд аз калимаҳои "Ба ғайр аз:" мавқеъҳои молии "3003, 3004" илова карда шаванд.
3) Банди 1 қарори мазкур аз 1 ноябри соли 2010 ва банди 2 қарори мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 октябри соли 2010 № 531
ш. Душанбе