Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 № 530 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабрисоли 2006 №618"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабрисоли 2006 №618

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 618 "Дар бораи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 рақамҳои "52" ва "10" мутобиқан ба рақамҳои "55" ва "13" иваз карда шаванд;

- дар банди 5 рақами "10" ба рақами "13" иваз карда шавад;

- дар Сохтори дастгоҳи марказии Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори зикргардида тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Бахши илмию техникӣ"

2) Нақшаи идоракунии Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори зикргардида тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Дастгоҳи марказӣ.

Нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнок.

Нозироти давлатии назорати кӯҳию техникӣ.

Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда.

Нозироти давлатии назорати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.

Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ.

Нозироти давлатии назорати газ.

Нозироти давлатии назорати геологӣ.

Нозироти давлатии назорати зарфҳои зери фишор коркунанда ва иншооти борбардор.

Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд.

Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Хатлон.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 октябри соли 2010 № 530

ш.Душанбе