Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 № 503

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.12.2016 № 529 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2010

№503 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умумӣ

1) Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи ҳамоҳангсоз) фаъолияти вазорату идораҳоро дар татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Барнома), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №222 тасдиқ карда шудааст, ҳамоҳанг месозад.

2) Кумитаи ҳамоҳангсоз дар давраи татбиқи Барнома фаъолият менамояд ва фаъолияташро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мекунад.

3) Кумитаи ҳамоҳангсоз аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар танзиму идоракунӣ ва назорати амалиёти савдои беруна, ташкилотҳои хизматрасони вобаста ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда дар соҳаи савдои беруна, намояндагони бахши хусусӣ (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо), инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ созмон дода мешавад.

4) Ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

5) Фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз дар асоси баррасии озодонаи ҳамаи масъалаҳо ва қабули қарорҳои коллективона мутобиқи Низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад.

6) Кумитаи ҳамоҳангсоз дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дастури амал қарор медиҳад.

7) Вазифаҳои асосии Кумитаи ҳамоҳангсоз инҳо мебошанд:

- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мутақобилаи байниидоравӣ ва мақомоти ҷалбгардида дар танзими масъалаҳои тиҷорати хориҷӣ;

- анҷом додани мониторинги фаъолияти системаи Равзанаи ягона тибқи банди 25 Барнома;

- таъмини таҳияи пешниҳодҳои мувофиқашуда ва чорабиниҳои барномавӣ;

- амалӣ намудани танзими умумӣ ва назорати ягонаи ҷорӣ намудан ва фаъолияти системаи Равзанаи ягона дар тамоми марҳилаҳои иҷро дар мутобиқати қатъӣ бо Барномаи тасдиқшуда;

- мусоидат дар ташкили таъминоти иттилоотӣ оид ба рафти татбиқи Барнома;

- муайян намудани мутобиқатии чорабиниҳои иҷрошавандаи Барнома;

- таъмини назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои молиявие, ки барои татбиқи Барнома ҷудо карда мешаванд;

- муайян намудани мушкилиот дар рафти иҷрои Барнома ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти иловагие, ки барои ноилшавӣ ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат менамоянд;

- муҳокима ва мушаххас намудани ҷузъиёти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барнома ва мӯҳлати иҷро бо мақсади ҷорӣ намудани минбаъдаи он ба низоми ягонаи автоматикунонидашудаи иттилоотии сохтори гумрук;

- гузаронидани мониторинги иҷрои Барнома бо пешниҳоди ҳисоботи семоҳа ва ҳар сол оид ба татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8) Кумитаи ҳамоҳангсоз ҳуқуқ дорад:

- аз вазорату идораҳо ва тарафҳои дигари манфиатдор маводе, ки барои иҷрои вазифаҳои дар назди Кумитаи ҳамоҳангсоз гузошташуда заруранд, дархост ва дастрас намояд;

- роҳбарони вазорату идораҳои вобаста ба татбиқи Барномаро ба ҷаласаҳо даъват карда, ахборашонро шунавад ва баррасӣ намояд;

- оид ба масъалаҳое, ки қарори ниҳоиро вобаста ба татбиқи Барнома талаб менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифҳо пешниҳод намояд;

- барои таҳияи пешниҳодҳо нисбат ба масъалаҳои алоҳидае, ки ба татбиқи Барнома ва омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, гурӯҳҳои корӣ таъсис диҳад;

- ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ мутахассисони вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои (дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо) манфиатдорро ҷалб намояд ва ба сифати мутахассис аз бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ коршиносонро даъват намояд;

- қарорҳои дахлдорро, ки барои татбиқи пурсамари Барнома равона шудаанд, қабул кунад;

- ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои Кумитаи ҳамоҳангсоз намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусиро, ки ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсоз дохил нестанд, ба сифати мушоҳид бо ҳуқуқи овози машваратӣ ҷалб кунад;

- доир ба масъалаҳое, ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамоянд, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия пешниҳод намояд.

9) Кумитаи ҳамоҳангсоз фаъолияти кории худро дар асоси нақша кории тасдиқнамудаи Кумитаи ҳамоҳангсоз, ки дар ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамоҳангсоз тасдиқ мсгардад, ташкил менамояд.

10) Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз дар ҳолатҳои зарурӣ, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешавад. Рӯзномаи ҷаласаро раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз вобаста ба нақшаи фаъолияти корӣ таҳия менамояд. Ҷаласаи ғайринавбатӣ бо қарори раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз гузаронида мешавад.

11) Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз ҳангоми иштироки аз нисф зиёди аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз дар он қонунӣ ҳисоб меёбад.

12) Аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз дар ҷаласаҳои он бояд шахсан иштирок намоянд. Дар ҳолати иштирок накардан дар ҷаласа узви Кумита ҳуқуқ дорад, ки то гузаронидани ҷаласа ба котиби масъул мавқеи худро расман ба таври хаттӣ нисбати масъалаҳои баррасишаванда манзур намояд.

13) Кумитаи ҳамоҳангсоз нисбат ба маъалаҳое, ки ба фаъолияти корӣ ва салоҳияти он тааллуқ доранд, дар ҷаласаҳои худ ҳуқуқ дорад ҷиҳати иҷрои ҳатмии онҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар созмонҳои дахлдор қарор қабул намояд.

14) Қарори Кумитаи ҳамоҳангсоз бо аксарияти овозҳои иштироккунандагони ҷаласа (бо назардошти фикру мулоҳизаҳои хаттии аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз, ки дар ҷаласа иштирок надоранд) қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози шахси раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

15) Қарори Кумитаи ҳамоҳангсоз дар шакли Протокол бо имзои раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз ва аъзои дар ҷаласа иштирокнамуда омода карда мешавад ва барои иҷрои ҳатмӣ ба вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои дахлдор пешниҳод мегардад.

16) Тартиби мувофиқакунии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамоянд, аз тарафи аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз дар ҷаласаҳои он анҷом дода мешавад.

17) Кори Кумитан ҳамоҳангсозро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

18) Ташкили корҳои омодагирӣ ба ҷаласаҳои Кумитаи ҳамоҳангсоз, аз ҷумла гузаронидани таҳлил ва назорат аз болои қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Кумитаи хамоҳангсоз қабул шудаанд ва инчунин пешниҳоди маълумот ба раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз дар бораи натиҷаҳои онҳо, аз ҷониби котиби масъул иҷро карда мешавад.

19) Котиби масъул қарорҳои дар ҷаласа қабулгардидаро таҳия ва барои имзо ба раис ва аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз пешниҳод менамояд, дигар супоришҳои раис ва муовинро оид ба ташкили фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз, инчунин таҳияи лоиҳаи нақшаи корҳо ва пешниҳоди онҳоро барои баррасӣ ба аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз иҷро менамояд.