Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2010,
№ 475 тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Муқаддима
1) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016 (минбаъд - Барнома) вобаста ба гузариш ба низоми нави тахсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тах,силоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таҳия гардида, барои ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон мусоидат менамояд.
2) Барнома дар доираи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010 таҳия шудааст.
3) Яке аз тадбирҳои асосӣ - таъмини Муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон тадриҷан ҳалли воқеии худро ёфта, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон аз 49-55 фоиз соли 2004 дар соли 2009 ба зиёда аз 92 фоиз расид. Маоши омӯзгорон ба ҳисоби миёна дар соли 2005 барои як ставка 28,8 сомониро ташкил медод, ки дар соли 2009 ба зиёда аз 173 сомонӣ расид. Дар ин давра 624 муассисаи таҳсилоти умумӣ иборат аз 5416 синфхона барои 129862 хонанда сохта шуд.
4) Компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миенаи умумӣ идома дода шуда, шумораи компютерҳо аз 9510 адади соли 2005 дар соли 2010 ба 28202 адад расонида шуд.
5) Дар доираи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, №291 тасдиқ шудааст, нақша ва мазмуни барномаҳои таълимӣ ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуда, дар муассисаҳои тақсилоти олии омӯзгории кишвар ва хориҷа тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои психология, логопедия, сурдопедагогика ба роҳ монда шуданд.
6) Дар баробари ин гузариш ба низоми нави таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумйӣ ҳалли як қатор масъалаҳоеро талаб мекунад, ки амалӣ гардидани онҳо дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ марҳилаи навро оғоз намуда, барои ҳарҷӣ зудтар ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот заминаи устуворро муҳайё месозад.
2. Мақсадҳои асосии Барнома
7) Бо мақсади такмили низоми маориф, дар доираи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатхи таълиму тарбия ва дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ корҳои зеринро анҷом додан зарур аст:
-баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва касбии кормандони соҳаи маориф, тақвияти дастгирии давлатӣ ва ҷамъиятии онҳо;
-баланд бардоштани нақш ва масъулияти субъектҳои раванди таълиму тарбия - хонандагон, омӯзгорон, падару модар, мураббиён ва дигар шахсоне, ки дар раванди таълиму тарбия иштирок менамоянд;
- таҷдиди назари мазмуни нақша ва барномаҳои таьлимӣ дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ бо назардошти гузаштан ба низоми нави таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси дастовардҳои нави илму технологияи муосири таълим;
- такмили мазмуни барномаҳои тахассусии муассисаҳои тахсилоти миёна ва олии касбии омӯзгорӣ ва донишкадаю марказҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф бо мақсади тайёр кардани омӯзгорони баландихтисос;
- таҷдиди назари мӯҳлат ва мазмуни таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ;
- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва донишкадаю марказҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;
- истифодаи теҳнологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсиона дар раванди таълиму тарбия, бо назардошти омилҳои психологӣ ва омӯзгорӣ.
3. Вазифаҳои Барнома
8) Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат аст:
- баланд бардоштани мақоми омӯзгор аз тарафи давлат ва ҷомеа;
- таҳкими робитаи дуҷонибаи мактаб бо оила ва оила бо мактаб;
- баланд бардоштани ҳисси масъулият ва сатҳи дониш, салоҳияти касбии омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо роҳи такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо;
- андешидани тадбирҳои мушаххас оид баг роҳҳои такмили механизми тақсимот ва ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон;
- таҳкими заминаи моддию техникии донишгоҳ, донишкадаҳо ва коллеҷҳои омӯзгорӣ;
- такмили системаи тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ, тавсеаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва роҳҳои татбиқи он;
- таҳкими заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
9) Натиҷаҳои татбиқи Барнома
Татбиқи Барнома натиҷаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
-талаботи муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ таъмин мегардад;
- мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд мешавад;
- баланд бардоштани ҳисси масъулият, сатҳи дониш ва салоҳияти касбии омӯзгорон талаботи ҷомеаро ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ қонеъ гардонида, барои гузариш ба низоми таҳсилоти ҳатмии умумии асосии 10-сола ва таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола мусоидат менамояд.
4. Манбаъҳои маблағгузорӣ
10) Маблағгузории умумии татбиқи тадбирҳои тайёр кардани кадрҳои омӯзгориро то соли 2016 маблағҳое ташкил медиҳанд, ки аз Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дастгоҳи марказӣ), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ новобаста аз шаклхои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ва дигар муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷудо карда мешаванд, ташкил медиҳанд. Ҳамчунин маблағҳои инвеститсионӣ, ки ба низоми соҳаи маорифи Тоҷикистон бо ҳамин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, манбаъҳои дигари ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва дигар сарпарастон барои татбиқи Барномаи мазкур ҷалб карда мешавад .
5. Самт ва давраҳои татбиқи Барнома
11) Самаранокии низоми соҳаи маориф яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувор ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар буда, амалӣ гардидани он пеш аз ҳама ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ, ки яке аз самтҳои асосии Барномаи мазкур ба ҳисоб меравад, алоқаманд мебошад.
12) Гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ иҷрои як қатор масъалаҳои мухими соҳаро ба миён мегузорад, ки бе ҳалли бомуваффақияти онҳо расидан ба ҳадафҳои асосии маориф - баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон ва дар ин замина тарбия ва ба воя расонидани инсони комил, бофарҳангу ватанпараст, ботаҳаммул, масъулиятшинос ва фаъол амалан ғайри имкон аст.
13) Гузариш ба низоми нави таҳсилот, тағйири мазмуни таҳсилот ва ба он мувофиқ гардонидани нақша ва барномаҳои таълимӣ на танҳо шумораи иловагии омӯзгорон, балки инчунин масъалаҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳоро низ ба миён меорад. Аз ин рӯ бо назардошти мақсаду вазифаҳои зикршуда, татбиқи самтҳои зерини Барнома пешбинӣ шудаанд:
14) Тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ мутобиқи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ.
15) Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии омӯзгории ҷумҳурӣ дар асоси талаботи муассисаҳои таълимӣ имконият доранд, ки кадрҳои омӯзгориро аз рӯи тамоми равия ва ихтисосҳо тайёр намоянд. Гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ талаб менамояд, ки ҳангоми тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ талаботи шаҳру ноҳияҳо бо назардошти стандарти нави таҳсилот ва барномаҳои нави таълимӣ ба инобат гирифта шаванд.
16) Дар асоси Барномаи мазкур тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаю олии касбӣ пешбинӣ карда мешаванд.
17) Дар баробари ин тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷи кишвар пешбинӣ мегардад.
18) Таъмини ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии омӯзгорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
19) Яке аз роҳҳои самарабахш ва ҳалли бомуваффақияти масъалаи тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаҳои маорифи щаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
20) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо роҳи таъмини саривақтии имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар ҳавасмадкуниҳо барои омӯзгорон ба баланд рафтани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мусоидат намуда, имконият диҳад, ки таваҷҷӯҳ ва рағбати насли наврас ба касби омӯзгорӣ афзояд.
21) Тахкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии омӯзгорӣ.
22) Дар Барнома барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои омӯзгории таҳсилоти миёна ва олии касбӣ харидорӣ намудани техникаю технологияи муосир, асбобҳои лабораторӣ, химикатҳо барои гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ, таҷҳизонидани синфҳои компютери, лингофони ва дигар чорабиниҳо, ки барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ мусоидат менамоянд, пешбинӣ гардидааст.
6. Давраҳои татбиқи Барнома
23) Барномаи мазкур дар ду давра амалӣ карда мешавад: давраи якум солҳои 2011 - 2013 ва давраи дуюм солҳои 2014 - 2016.
24) Дар давраи якум масъалаҳои зерин ҳал карда мешаванд:
- дар заминаи гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумӣ таҷдиди мазмуни таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
- такмили системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон;
- пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бо компютерҳо, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимӣ;
- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ;
- муқаррар намудани ҳамкориҳои судманди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии омӯзгорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар таъмини эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ;
- таҳияи дурнамои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои минбаъда бо назардошти гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумӣ;
- таҳия ва мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бо низоми нави таҳсилоти умумӣ.
25) Дар давраи дуюм масъалаҳои зерин ҳал карда мешаванд:
- бозсозии институтсионалии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар асоси ҳамкории самарабахш бо бозори меҳнат;
- такмили низоми идоракунии соҳаи маориф;
- истифодаи самарабахши захираҳои соҳа ва ҷалби самараноки бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасонии таҳсилот;
- ҷалби аҳли ҷомеа ба идоракунии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
7. Тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016
Дар сутуни муттасадиёт калимаҳои "Вазорати маориф" ба "Вазорати маориф ва илм" ва калимаҳои "Вазорати меҳнат, ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иваз карда шуданд
+---+-------------------------------+---------+----------------------ҷ
|т/р| Номгӯи чорабиниҳо | Мӯҳлати | Мутасаддиён |
| | | иҷро | |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 1 |Тақвият бахшидан ба ҳамкории | Доимӣ |Вазорати маорифи |
| |байни донишкадаҳо ва марказҳои | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |такмили ихтисос бо кабинетҳои | |Академияи таҳсилоти |
| |методӣ ва иттиҳодияҳои методии | |Тоҷикистон, Донишкадаи|
| |муассисаҳои таълимӣ | |ҷумҳуриявии такмили |
| | | |ихтисос ва бозомӯзии |
| | | |кормандони соҳаи |
| | | |Маориф |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 2 |Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси | Доимӣ |Вазорати маорифи |
| |омӯзгорон ва кадрҳои | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |роҳбарикунандаи соҳаи маориф | |Академияи таҳсилоти |
| | | |Тоҷикистон. |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 3 |Бо назардошти ба низоми | 2012 |Вазорати маорифи |
| |кредитии таҳсилот гузаштани | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |муассисаҳои таҳсилоти олии | |муассисаҳои таҳсилоти |
| |касбӣ таҷдиди назар ба | |олии касбӣ |
| |Стандарти давлатии таҳсилоти | | |
| |олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон| | |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 4 |Вобаста ба гузариши муассисаҳои|Соли 2011|Вазорати маорифи |
| |таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ба таҳсилоти бисёрзинагӣ ва | |муассисаҳои таҳсилоти |
| |технологияи низоми кредитии | |олии касбӣ |
| |таҳсилот ворид намудани тағйиру| | |
| |иловаҳо ба Низомномаи намунавии| | |
| |муассисаҳои таҳсилоти олии | | |
| |касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон | | |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 5 |Таҷдиди назар ба нақшаю |2012-2014|Вазорати маорифи |
| |барномаҳои таълимӣ аз рӯи | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |равияҳо ва ихтисосҳо бо | |Академияи таҳсилоти |
| |назардошти меъёрҳои | |Тоҷикистон, Маркази |
| |байналмилалӣ ва стандартҳои | |таълимию методӣ, |
| |давлатии таҳсилот | |муассисаҳои таҳсилоти |
| | | |миёнаи ва олии касбӣ |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 6 |Компютеркунонии ҷараёни таълим,| 2011 |Вазорати маорифи |
| |сабти лаҳзаҳои дарсҳои ашлӣ, | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |лабораторӣ, матни лексионӣ дар | |муассисаҳои таълимӣ |
| |дискҳо, истифодаи технологияи | | |
| |нави таълим дар муассисаҳои | | |
| |таҳсилоти миёна ва олии касбӣ | | |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 7 |Таҳия ва тасдиқи Низомнома доир| 2011 |Вазорати маорифи |
| |ба таҷрибаомӯзии донишҷӯёни | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| |муассисаҳои таҳсилоти миёнаи | | |
| |касбӣ | | |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 8 |Таҳкими заминаҳои моддию |2014-2016|Вазорати маорифи |
| |техникии муассисаҳои таҳсилоти | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, | |Вазорати меҳнат ва |
| |ташкили ихтисосҳои мутобиқ ба | |ҳифзи иҷтимоии аҳолии |
| |талаботи бозори меҳнат | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати рушди иқтисод|
| | | |ва савдои Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
| 9 |Таъмини кабинетҳои фаннии |2011-2016|Вазорати маорифи |
| |мактабҳо бо лавозимоти зарурӣ | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ва муҳайё сохтани шароит барои | |Вазорати молияи |
| |гузаштан ба таҳсилоти равиявӣ | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| |ва касбӣ дар муассисаҳои | | |
| |таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва | | |
| |миёнаи касбӣ | | |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|10 |Таҳия ва пешниҳоди шаклҳои нави| 2011 |Вазорати маорифи |
| |аттестатсия, санҷиши дониш, | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |маҳорат ва малакаи касбии | |муассисаҳои таҳсилоти |
| |донишҷӯён дар муассисаҳои | |ибтидоӣ, миёна ва олии|
| |таҳсилоти касбӣ | |касбӣ |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|11 |Таҳияи Барномаи чопи китобҳои |2011-2014|Вазорати маорифи |
| |дарсӣ барои муассисаҳои | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |таҳсилоти умумӣ бо назардошти | |Вазорати молияи |
| |гузаштан ба низоми нави | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |таҳсилоти умумӣ | |Вазорати рушди иқтисод|
| | | |ва савдои Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|12 |Таҳияи Барномаи таъмини | 2012 |Вазорати маорифи |
| |муассисаҳои таълимии кишвар бо | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |маводи лабораторӣ ва асбобҳои | |Вазорати молияи |
| |аёнӣ | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати рушди иқтисод|
| | | |ва савдои Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|13 |Ҳамасола ба нақша гирифани |2011-2016|Вазорати рушди иқтисод|
| |номгӯи ихтисосҳои барои | |ва савдои Ҷумҳурии |
| |иқтисодиёти миллӣ зарурӣ, ки | |Тоҷикистон, |
| |дар муассисаҳои таълимии хориҷи| |Вазорати молияи |
| |кишвар тайёр карда мешаванд | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати маорифи |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|14 |Ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, |2011-2016|Кумитаи давлатии |
| |созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо| |сармоягузорӣ ва идораи|
| |барои такмили ихтисоси | |амволи давлатии |
| |омӯзгорон | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати молияи |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати маорифи |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати рушди иқтисод|
| | | |ва савдои Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|15 |Дар асоси талаботи муассисаҳои | Доимӣ |Вазорати маорифи |
| |таълимии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |мондани тақсимоти мутахассисони| |муассисаҳои таҳсилоти |
| |ҷавон ва назорати иҷрои он | |миёна ва олии касбӣ, |
| | | |мақомоти иҷроияи |
| | | |ҳокимияти давлатии |
| | | |вилоят ва шаҳру |
| | | |ноҳияҳо |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|16 |Андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати|2011-2014|Вазорати маорифи |
| |таъмини муассисаҳои таҳсилоти | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |умумӣ бо омӯзгорони синфҳои | |Вазорати рушди иқтисод|
| |ибтидоӣ бо дарназардошти дар | |ва савдои Ҷумҳурии |
| |соли 2014 ба синфи 1-ум қабул | |Тоҷикистон, мақомоти |
| |гардидани кӯдакони синни 6-7 | |иҷроияи ҳокимияти |
| |сола | |давлатии вилоят ва |
| | | |шаҳру ноҳияҳо |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|17 |Бозсозии институтсионалии |2014-2016|Вазорати маорифи |
| |тамоми зинаҳои маориф дар асоси| |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ҳамкории мутақобилан судманд бо| |муассисаҳои таълимӣ, |
| |бозори меҳнат | |мақомоти иҷроияи |
| | | |маҳаллии ҳокимияти |
| | | |давлатии вилоят ва |
| | | |шаҳру ноҳияҳо |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|18 |Омӯзиш ва тавсеаи таҷрибаи | Доимӣ |Вазорати маорифи |
| |пешқадами муаллимони навҷӯ ва | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |эҷодкор дар муассисаҳои таълимӣ| |Академияи таҳсилоти |
| | | |Тоҷикистон, мақомоти |
| | | |иҷроияи ҳокимияти |
| | | |давлатии вилоят ва |
| | | |шаҳру ноҳияҳо |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|19 |Назорати таъминоти кадрӣ дар |2011-2016|Вазорати маорифи |
| |ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, бахусус | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |деҳаҳои дурдаст ва пайдо | |Вазорати молияи |
| |кардани роҳҳои дарёфти имтиёзҳо| |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |барои чунин табақаҳои омӯзгорон| |мақомоти иҷроияи |
| | | |ҳокимияти давлатии |
| | | |вилоят ва шаҳру |
| | | |ноҳияҳо |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
|20 |Таҷдиди назар ба мӯҳлат ва |2011-2013|Вазорати маорифи |
| |мазмуии таҷрибаомӯзии | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |донишҷӯёни ихтисосхои омӯзгории| |муассисаҳои таҳсилоти |
| |муассисаҳои таҳсилоти миёна ва | |миёна ва олии касбӣ |
| |олии касбӣ | | |
+---+-------------------------------+---------+----------------------+
Государственная программа подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
1. Предисловие
1) Государственная программа подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы (далее - Программа) разработана с учетом перехода на новую систему обучения в учреждениях общего образования с целью обеспечения образовательных учреждений высококвалифицированными педагогическими кадрами, укрепления материально - технической базы учреждений общего образования, учреждений начального, среднего и высшего профессионального образования и содействует материально-моральному стимулированию преподавателей.
2) Программа разработана в рамках требований Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "Об образовании", Национальной концепции образования Республики Таджикистан, Концепции перехода на новую систему обучения в общеобразовательных школах Республики Таджикистан, Государственной программы развития образования Республики Таджикистан на 2010-2015 годы и Послания Президента Республики Таджикистан в Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 22 апреля 2010 года.
3) Одно из основных мер - обеспечение образовательных учреждений педагогическими кадрами нашло свое коренное решение, явка молодых специалистов с 49-55 процент в 2004 году в 2009 году превысило 92 процент. Зарплата учителей в среднем в 2005 году на одну ставку составляла 28,8 сомони, в 2009 году превысило 173 сомони. За это время было построено 624 учреждения общего образования, состоящих из 2416 класса для 129862 учащихся.
4) Была продолжена компьютеризация учреждений общего образования, число компьютеров от 9510 в 2005: году в 2010 году достигло 28202 компьютеров.
5) В рамках Плана реализации реформы системы образования на 2004-2009 годы, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2004 года, № 291, планы и содержание учебных программ были приведены в соответствии современным требованиям и в педагогических учебных заведениях высшего профессионального образования страны и зарубежья осуществилась подготовка специалистов по специальностей психология, логопеда и сурдопедагога.
6) Вместе с этим, переход на новую систему обучения в учреждениях общего образования требует решения некоторых проблем, реализация которых в учебно-воспитательном процессе учреждении общего образования, учреждения начального, среднего и высшего профессионального образования появляется новый этап, который даст возможность и создаст прочную основу для ускоренного вхождения в единое образовательное пространство.
2. Основные цели Программы
7) С целью совершенствования системы образования в рамках требований мировых стандартов, повышения уровня обучения и воспитания и подготовки педагогических кадров на должном уровне необходимо выполнить следующее:
- повышение социального и профессионального статуса работников сферы образования, укрепление их государственной и общественной поддержки;
- повышение роли и ответственности субъектов учебновоспитательного процесса - учащихся, учителей, родителей, воспитателей и других лиц, участвующих в учебно-воспитательном процессе;
- пересмотр содержания учебных планов и программ во всех видах образовательных учреждений, с учётом перехода на новую систему обучения в учреждениях общего образования на основе новых достижений современной науки и технологии обучения;
- совершенствование содержания специализированных программ педагогических учреждений среднего и высшего профессионального образования, институтов и центров повышения квалификации работников сферы образования с целью подготовки высококвалифицированных педагогов;
- пересмотр сроков и содержания практики студентов педагогических специальностей;
- укрепление материально-технической базы учреждений среднего и высшего профессионального образования, институтов и центров повышения квалификации работников сферы образования;
- использование новых информационных и коммуникационных технологий в; учебно-воспитательном процессе, с учётом психологических и педагогических факторов.
3. Задачи Программ
8) Основными задачами Программы являются:
- повышение статуса учителя со стороны государства и общества
- укрепление двухсторонней связи школы и семьи, семьи и школы;
- повышение чувства ответственности и уровня знаний, профессиональной компетенции преподавателей и руководителей образовательных учреждений, путём повышения их квалификации и переподготовки;
- принятие конкретных мер путём совершенствования механизма распределения и явки молодых специалистов по месту работы;
- укрепление материально-технической базы университетов, институтов и педагогических колледжей;
- совершенствование системы подготовки педагогических кадров, распространение передового педагогического опыта и пути её реализации;
- укрепления материально-технической и кадровой базы учреждений общего образования.
9) Результаты реализации Программы:
Реализация указанной Программы предусматривает следующие результаты:
- будет обеспечена потребность учреждений общего образования в квалифицированных педагогических кадрах;
- повысится статус учителя в обществе;
- повышение чувства ответственности, качество знаний и профессиональная компетенция учителей удовлетворит потребность общества к качеству учёбы и воспитания в образовательных учреждениях и содействует перехода в систему обязательного 10-летнего образования и общего среднего 12-летнего образования.
4. Источники финансирования
10) Общее финансирование реализации мер по подготовке педагогических кадров до 2016 года составляют средства, ежегодно выделяемые из Государственного бюджета для Министерства образования (центрального аппарата), Академии образования Таджикистана, учреждений среднего и высшего профессионального образования, независимо от их организационно - правовых форм собственности и других подведомственных учреждений Министерства образования и науки Республики Таджикистан. Также, привлекаются инвестиции, предусмотренные на эти цели для системы образования, другие внебюджетные источники, в том числе средства негосударственных организаций и учреждений, других спонсоров для реализации данной Программы
5. Направления и периоды реализации Программы
11) Эффективность системы образования является одним из основных факторов обеспечения устойчивого развития экономики и социальной жизни страны, реализация которой связана с подготовкой высококвалифицированных педагогических кадров, являющимся одни из основных направлений данной Программы.
12) Переход на новую систему общего образования создаст ряд важных проблем сферы, без удачного решения которых достичь основной цели образования - повышение качества обучения и воспитания, уровня знания учащихся и на этой базе воспитание и формирование всесторонне развитого человека, культурного, патриота, толерантного, ответственного и активного, практически не возможно.
13) Переход на новую систему образования, изменение содержания образования и приведение в соответствие ему учебных планов и программ не только требует дополнительного количества учителей, но и ставит проблему их повышения квалификации и переподготовки. Поэтому, с учётом вышеуказанных целей и задач, предусмотрены следующие пути реализации Программы:
14) Подготовка педагогических кадров с учётом потребности образовательных учреждений республики.
15) Педагогические учреждения среднего и высшего профессионального образования республики на основании потребности образовательных учреждений имеют возможность готовить педагогических кадров по всем направлениям и специальностям. Переход на новую систему общего образования требует во время подготовки педагогических кадров с учётом нового образовательного стандарта и новых учебных программ учитывать потребность городов и районов.
16) На основании данной Программы предусмотрена подготовка высококвалифицированных педагогических кадров для учреждений дошкольного, начального, основного, общего среднего и среднего, высшего профессионального образования.
17) В то же время предусматривается подготовка педагогических кадров по отдельным специальностям в зарубежных учреждениях среднего и высшего профессионального образования.
18) Обеспечение сотрудничества педагогических учреждений среднего и высшего профессионального образования с местными органами государственной власти, отделами образования и учреждения общего образования.
19) Одним из эффективных путей и удачного решения проблемы подготовки педагогических кадров в учреждениях среднего и высшего профессионального образования страны и полное обеспечение образовательных учреждений высококвалифицированными педагогическими кадрами является сотрудничество педагогических учреждений среднего и высшего профессионального образования с исполнительными органами государственной власти, районными и городскими отделами образования и учреждений общего образования.
20) Исполнительные органы государственной власти путём своевременного обеспечения установленных льгот молодым учителям и установления дополнительных льгот и других поощрений учителям, содействующие повышению статуса учителя в обществе, в результате которого внимание и интерес нового поколения к профессии учителя увеличивается.
21) Укрепление материально-технической базы учреждения общего образования, учреждения среднего и высшего профессионального образования.
22) В данной Программе для общеобразовательных, средних и высших профессиональных педагогических учреждений предусмотрена покупка современной техники и технологии, лабораторных принадлежностей, химикаты для проведения лабораторных испытаний, оснащение компьютерных и лингафонных классов и другие мероприятия, содействующие подготовке высококвалифицированных педагогических кадров.
6. Периоды реализации Программы
23) Данная Программа реализуется в два этапа: первый этап 20112013 годы и второй этап 2014-2016 годы.
24) В первом этапе решаются следующие вопросы:
- на основе перехода на новую систему общего образования обновление содержания учреждений общего образования, среднего и высшего профессионального образования;
- совершенствование системы переподготовки и повышение квалификации преподавателей;
- полное обеспечение учреждений общего образования, среднего и высшего профессионального образования страны компьютерами, учебниками, учебными программами и методическими пособиями;
- укрепление материально-технической базы образовательных учреждений;
- установление эффективного сотрудничества педагогических учреждений среднего и высшего профессионального образования с исполнительными органами государственной власти, городских и районных отделов образования и учреждений общего образования в обеспечении потребности образовательных учреждений педагогическими кадрами;
- прогнозирование подготовки педагогических кадров для последующих годов, с учётом перехода на новую систему общего среднего образования;
- разработка и приведение в соответствие нормативных правовых актов сферы к новой системе общего образования.
25) Во втором этапе решаются следующие вопросы:
- институциональная перестройка всех ступеней образования на основе эффективного сотрудничества с рынком труда;
- совершенствование системы управления сферы образования;
- эффективное использование ресурсов сферы и эффективное привлечение частного сектора для создания образовательных услуг;
- привлечение всего общества к управлении учреждении общего образования."
7. Меры реализации "Государственной Программы подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы"
+--+-----------------------------+---------+-------------------------ҷ
|№ | Наименование мероприятий | Срок | Исполнители |
| | | испол- | |
| | | нения | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|1 |Укрепление сотрудничества |Постоянно|Министерство образования |
| |между институтами и центрами | |и науки Республики |
| |повышения квалификации с | |Таджикистан, Академия |
| |методическими кабинетами и | |образования Таджикистан, |
| |методическими объединениями | |Республиканский институт |
| |образовательных учреждений | |повышены квалификации |
| | | |переподготовки работ- |
| | | |ников образования |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|2 |Переподготовка и повышение |Постоянно|Министерство образования |
| |квалификации учителей и | |и науки Республики |
| |руководящих кадров сферы | |Таджикистан, Академия |
| |образования | |образования Таджикистан |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|3 |С учётом перехода учреждений |2012 |Министерство образования |
| |высшего профессионального | |и науки Республики |
| |образования на кредитную | |Таджикистан, учреждения |
| |систему образования, | |высшего профессионально- |
| |пересмотр Государственного | |го образования |
| |стандарта высшего професси- | | |
| |онального образования | | |
| |Республики Таджикистан | | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|4 |Внесение изменений и допол- | 2011 |Министерство образования |
| |нений в Типовое положение | |и науки Республики |
| |учреждений высшего | |Таджикистан, учреждения |
| |профессионального образо- | |высшего профессионально- |
| |вания, с учётом перехода | |го образования |
| |учреждений высшего професси- | | |
| |онального образования на | | |
| |многоуровневую и кредитную | | |
| |систему образования | | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|5 |Пересмотр учебных планов и |2012-2014|Министерство образования |
| |программ по направлениям | |и науки Республики |
| |и специальностям,с учётом | |Таджикистан, Академия |
| |международных норм и государ-| |образования |
| |ственных образовательных | |Таджикистан, Учебно- |
| |стандартов | |методический центр, |
| | | |учреждения среднего и |
| | | |высшего профессиональ- |
| | | |ного образования |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|6 |Компьютеризация образовате- | 2011 |Министерство образования |
| |льного процесса, запись | |и науки Республики |
| |моментов практических, | |Таджикистан, образова- |
| |лабораторных занятий,текст | |тельные учреждения |
| |лекции в дисках, использо- | | |
| |вание новых технологий | | |
| |обучения в учреждениях | | |
| |среднего и высшего професси- | | |
| |онального образования | | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|7 |Разработка и утверждение | 2011 |Министерство образования |
| |Положения о прохождении | |и науки Республики |
| |педагогической практики для | |Таджикистан |
| |студентов учреждений среднего| | |
| |профессионального образования| | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|8 |Укрепление материально-техни-|2011-2016|Министерство образования |
| |ческой базы учреждений | |и науки Республики |
| |начального и среднего | |Таджикистан |
| |профессионального образования| | |
| |организация,специальностей, | | |
| |соответствующих к | | |
| |требованиям рынка труда | | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|9 |Обеспечение предметных |2014-2016|Министерство образования |
| |кабинетов школ необходимым | |и науки Республики |
| |оборудованием, создание | |Таджикистан,Министерство |
| |условий для перехода на | |финансов Республики |
| |систему профильного и | |Таджикистан |
| |профессионального обучения в | | |
| |учреждениях общего образо- | | |
| |вания, учреждениях среднего | | |
| |и высшего профессионального | | |
| |образования | | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|10|Разработка и представление | 2011 |Министерство образования |
| |новых форм аттестации и | |и науки Республики |
| |проверки знаний, умений и | |Таджикистан |
| |профессионализма студентов | | |
| |учреждений профессионального | | |
| |образования | | |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|11|Разработка Программы издания |2011-2014|Министерство образования |
| |учебников для учреждений | |и науки Республики |
| |общего образования, с учётом | |Таджикистан, |
| |перехода на новую систему | |Министерство финансов |
| |общего рбразования | |Республики Таджикистан, |
| | | |Министерство экономиче- |
| | | |ского развития и |
| | | |торговли Республики |
| | | |Таджикистан |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|12|Разработка Программы | 2012 |Министерство образования |
| |обеспечения образовательных | |и науки Республики |
| |учреждений страны | |Таджикистан, |
| |лабораторными принадлежнос- | |Министерство финансов |
| |тями и наглядными пособиями | |Республики Таджикистан, |
| | | |Министерство экономиче- |
| | | |ского развития и |
| | | |торговли Республики |
| | | |Таджикистан |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|13|Ежегодное планирование |2011-2016|Министерство экономиче- |
| |перечня необходимых | |ского развития и |
| |специальностей, необходимых | |торговли Республики |
| |для национальной экономики | |Таджикистан |
| |готовящихся в образовательных| |Министерство финансов |
| |учреждениях за рубежом | |Республики Таджикистан, |
| | | |Министерство образования |
| | | |и науки Республики |
| | | |Таджикистан |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|14|Привлечение инвестиций, |2011-2016|Государственный комитет |
| |международных организаций, | |по инвестициям и управле-|
| |грантов для повышения | |нию государственным |
| |квалификации учителей | |имуществом Республики |
| | | |Таджикистан, |
| | | |Министерство образования |
| | | |и науки Республики |
| | | |Таджикистан,Министерство |
| | | |финансов Республики |
| | | |Таджикистан |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|15|Организация распределения |Постоянно|Министерство образования |
| |молодых специалистов и | |и науки Республики |
| |контроль его исполнения на | |Таджикистан, учреждения |
| |основании потребностей | |среднего и высшего |
| |образовательных учреждений | |профессионального |
| |городов и районов | |образования, исполни- |
| | | |тельные органы госу- |
| | | |дарственной власти |
| | | |областей, городов и |
| | | |районов |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|16|Принятие практических мер по |2011-2014|Министерство образования |
| |обеспечению учреждений общего| |и науки Республики |
| |образования учителями | |Таджикистан,Министерство |
| |начальных классов, с учётом | |экономического развития |
| |принятия в 2014 году в первый| |и торговли Республики |
| |класс детей 6 - летнего и | |Таджикистан, исполни- |
| |7-летнего возраста | |тельные органы |
| | | |государственной власти |
| | | |областей городов и районо|
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|17|Институциональная перестройка|2010-2016|Министерство образования |
| |всех ступеней образования на | |и науки Республики |
| |взаимовыгодной основе с | |Таджикистан, образова- |
| |рынком труда | |тельные учреждении, |
| | | |исполнительные органы |
| | | |государственной власти |
| | | |областей, городов и |
| | | |районов |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|18|Изучение и распространение |Постоянно|Министерство образования |
| |передового опыта творческих | |и науки Республики |
| |учителей и новаторов в | |Таджикистан, Академия |
| |образовательных учреждениях | |образования Таджикистан, |
| | | |исполнительные органы |
| | | |государственной власти |
| | | |областей, городов и |
| | | |районов |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|19|Контроль кадрового обеспече- |2011-2016|Министерство образования |
| |ния во всех городах и районах| |и науки Республики |
| |особенно в отдаленных селах и| |Таджикистан,Министерство |
| |нахождения путей поиска льгот| |финансов Республики |
| |для этих слоев учителей | |Таджикистан исполнитель- |
| | | |ные органы государст- |
| | | |венной власти областей, |
| | | |городов и районов |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+
|20|Пересмотр сроков и содержания|2011-2013|Министерство образования |
| |практики студентов, | |и науки Республики |
| |педагогических специальностей| |Таджикистан, учреждения |
| |учреждений среднего и высшего| |среднего и высшего |
| |профессионального образования| |профессионального |
| | | |образования |
+--+-----------------------------+---------+-------------------------+