Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 № 475 "Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Бо мақсади гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон, мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳое, ки дар Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дастгоҳи марказӣ), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои тобеи вазорат ҳамасола пешбинӣ мегардад, иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011 - 2016 - ро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои тадбирҳои Барномаи мазкурро таъмин намуда, аз натиҷаи он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 октябри соли 2010 № 475

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

С целью перехода на новую систему обучения учреждений общего образования, обеспечения учебных заведений квалифицированными педагогическими кадрами, укрепления материально-технической базы учреждений общего образования, учреждений начального, среднего и высшего профессионального образования и материально-моральной заинтересованности преподавателей, в соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегии и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Государственную программу подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы (прилагается).

2) Министерству образования и науки Республики Таджикистан обеспечить реализацию Государственной программы подготовки педагогических кадров на 2011-2016 годы в рамках средств, ежегодно выделяемых Государственным бюджетом на содержание Министерства образования Республики Таджикистан (центральный аппарат), Академии образования Таджикистан и других учреждений подведомственных данному министерству (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

3) Министерствам и ведомствам, председателям ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить исполнение мероприятий указанной программы и по её итогам ежегодно предоставлять информацию Правительству Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан              Эмомали Рахмон

от 2 октября 2010 года № 475

г. Душанбе