Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Бо мақсади гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон, мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳое, ки дар Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дастгоҳи марказӣ), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои тобеи вазорат ҳамасола пешбинӣ мегардад, иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011 - 2016 - ро таъмин намояд .
3) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои тадбирҳои Барномаи мазкурро таъмин намуда, аз натиҷаи он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 октябри соли 2010 № 475
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016
Бо мақсади гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон, мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳое, ки дар Буҷети давлатӣ барои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дастгоҳи марказӣ), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои тобеи вазорат ҳамасола пешбинӣ мегардад, иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011 - 2016 - ро таъмин намояд.