Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замимаи №2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 №832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба замимаи №2 карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баъд аз банди "Раёсати корҳо" банди нав дар таҳрири зерин ворид карда шавад:
"Шӯъбаи сохтмони асосӣ".
2) Маблағгузории фаъолияти шӯъбаи зикргардида аз ҳисоби маблағҳои барои сохтмони мазкур ҷалбшаванда пардохт карда шавад.
3) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 сентябри соли 2010 № 467
ш. Душанбе