Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 № 418 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини рушди соҳаи занбӯрпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 тасдиқ карда шавад.

2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва грантии ба соҳаи кишоварзӣ пешбинигардида, ҳар сол ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд.

3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷиклстон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаи занбӯрпарварӣ оид ба ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.

4) Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал оид ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 сентябри соли 2010 № 418

ш. Душанбе