Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 № 403 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 24 ҷумлаи сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ муқаррар менамояд.";

- ба банди 30 ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл илова карда шавад;

"Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, супоридан ва пур намудани ҳуҷҷатҳои намунавии давлатиро дар бораи таҳсилот муқаррар менамояд.";

- дар сархати дуюми банди 49 калимаҳои "фармон ва амр" ба калимаи "фармоиш" иваз карда шаванд;

- ба банди 49 сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад;

"- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтории Вазоратро муқаррар менамояд.";

- дар банди 51 калимаи "фармон" ба калимаи "фармоиш" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 августи соли 2010 № 403

ш.Душанбе