Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ доранд, дар муддати 2 моҳ тадбирҳои татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбиро таҳия ва тасдиқ намоянд .
3) Хароҷоти татбиқи Стандарти мазкур дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шавад.
4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2002 № 419 "Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2010 № 388
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз"2" августи соли 2010 № 388
тасдиқ шудааст
Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 386)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ (минбаъдСтандарти давлатӣ) талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб, мӯҳлатҳои азхуд намудани барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳадди ниҳоии сарбории таълимии хонандагонро муқаррар менамояд.
2) Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи Стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошанд, амалӣ шуда, бо натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷати таҳсилоти ибтидоии касбӣ хотима меёбад. Ба хатмкунангоне, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин замима дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷат дода мешавад.
3) Сохтори таҳсилоти ибтидоии касбӣ маҷмӯи барномаҳои асосии таълими касбии аз ҷиҳати меъёр ва мӯҳлатҳо мухталифи таълими ибтидоии касбӣ буда, сатҳи таҳсилоти ибтидоии касбиро арзёбӣ менамояд.
4) Барномаи асосии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин ҳуҷҷате (маҷмӯи ҳуҷҷатҳое) мебошад, ки мутобиқи талаботи Стандарти давлатӣ мазмуни таҳсилоти ибтидоии касбии дараҷаи муайянро аз рӯи иҳтисоси мушаххас муайян мекунад.
5) Мӯҳлати меъёрии таълими касбӣ ин мӯҳлати азхудкунии барномаи таълимии асосӣ ва иловагии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли таълими рӯзона, ғоибона, шабона ва масофавӣ мебошад, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.
6) Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин ҳуҷҷатест, ки аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо тасдиқи он, ки соҳиби ҳуҷҷат барномаҳои асосӣ ва иловагии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуд намуда, ҳуқуқи идомаи таҳсилро дар зинаи дигари таҳсилот дорад ё фаъолияти меҳнатии касбии худро мутобиқи дараҷаи ихтисоси соҳибшуда амалӣ менамояд, дода мешавад.
7) Номгӯи касбҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин номгӯи мураттабшудаи ихтисосҳо (ихтисосҳои ба гурӯҳҳои бо ҳам наздик тақсимшуда) ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарии соҳибкасби дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад. Гурӯҳи касб ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ рамзгузорӣ карда мешаванд.
8) Касб ва ихтисоси таҳсилоти ибтидоии касбӣ маҷмӯи донишҳо, маҳорат ва малакаест, ки дар натиҷаи таълим аз худ шуда, иҷрои вазифаҳои касбӣ ва имконияти фаъолияти касбии шакли муайянро тибқи дараҷаи тахассусии додашуда таъмин менамояд.
9) Дараҷаи касби таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин сатҳи таълимгирӣ ва тайёрии салоҳиятнок баҳри иҷрои намуди муайяни фаъолият тибқи касби гирифташуда мебошад.
10) Дар доираи касбҳои муайян гирифтани тахассуси мушаххасро Стандарти давлатӣ мувофиқи талаботи давлатӣ ба ҳад ди ақали мазмун ва дараҷаи тайёрии касбии хатмкунанда муқаррар менамояд.
2. Талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
11) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:
- фанҳои умумӣ гуманитарӣ;
- фанҳои табиӣ ва риёзӣ;
- фанҳои касбии умумитехникӣ;
- фанҳои тахассусӣ;
- таълими истеҳсолӣ;
- таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.
12) Ҳадди ақали мундариҷаи барномахои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро Стандарти давлатӣ муқаррар менамояд.
13) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар баробари фанҳои ҳатмии касбӣ, бо интихоби хонандагон фанҳои факултативиро низ дар бар мегирад.
14) Ба хонандагон ҳуқуқи гузаштан аз як барномаи асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба дигар барнома бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дода мешавад. Ба гирифтани касбҳо ва ихтисосҳои сатҳи муайян ба таври экстернат иҷозат дода мешавад.
3. Сохтори таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
15) Мӯҳлати меъёрии таълим дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ бо гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ то 3 сол, дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ бе гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ 1-2 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 1-2 солро ташкил медиҳад .
16) Мӯҳлати меъёрии таълим дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи ҳамаи зинаҳои таҳсилот (умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) барои гирифтани касбу ихтисосҳои коргарӣ ё курсҳои забономӯзӣ аз 1 моҳ то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.
17) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо аттестатсияи давлатӣ ва ба хатмкунанда додани дараҷаи муайяни касб ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо нишон додани касб ба итмом мерасад.
18) Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф таҳия шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва ҳуҷҷати мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии ба онҳо баробар, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ ягона мебошад. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ба шахсе, ки сатҳи муайяни таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро аз рӯи касбҳои муайян хатм намудааст, дода мешавад.
4. Меъёри умумии сарбории таълимии хонандагон дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
19) Ҳаҷми ниҳоии сарбории таълимии хонандагони шӯъбаи рӯзона ва ғоибона, аз ҷумла ҳамаи навъҳои корҳои таълимӣ дар як ҳафта набояд аз то 40 соат зиёд бошад .
20) Ҳангоми таълим дар шакли ғоибона ба хонандагон имконияти таҳсил дар ҳаҷми на камтар аз 30 фоизи соатҳои дар шӯъбаи рӯзона пешбинишуда дода мешавад.
21) Ҳангоми зиёда аз 1 сол будани мӯҳлати таҳсил давомнокии умумии таътилҳо дар як сол то 11 ҳафтаро дар бар мегирад. Таътилизимистона пас аз ҷамъбасти нимсолаи аввали соли таҳсил ба мӯҳлати 10 рӯз муқаррар карда мешавад .
22) Теъдоди хонандагони гурӯҳи таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи шакли рӯзонаи таълим 24 нафар ва аз рӯи шакли ғоибонаи таълим то 20 нафар муқаррар карда мешавад.
23) Хонандагони гурӯҳҳои теъдодашон аз 24 нафар зиёд ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои лабораториву амалӣ, машғулиятҳо оид ба асосҳои дониши компютерӣ, таълими фанни забони русӣ дар гурӯҳҳои таълимашон ба забони ғайрирусӣ, таълими фанни забонҳои хориҷӣ дар ҳама намуди гурӯҳҳо, таълими забони давлатӣ дар гурӯҳҳои таълимашон ба забони ғайридавлатӣ, дарсҳои таълими истеҳсолӣ дар устохонаҳо ба ду зергурӯҳ ҷудо карда мешаванд.
5. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти ибтидоии касбӣ
24) Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
25) Стандарти ҳадди ақали ҳар як касбу ихтисоси таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар асоси Стандарти давлатӣ дар алоҳидагӣ таҳия мегардад.
26) Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор муайян шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ қисми таркибии ҷудонашавандаи Стандарти давлатӣ мебошад.
6. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Стандарти давлатӣ
27) Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Стандарти давлатӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф амалӣ мегардад.
28) Дар ҳолати аз тарафи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ риоя нагардидани талаботи Стандарти давлатӣ, нисбат ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2010 № 388
тасдиқ шудааст
Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ниг. ба замима
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ доранд, дар муддати 2 моҳ тадбирҳои татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбиро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3) Хароҷоти татбиқи Стандарти мазкур дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шавад.
4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2002 №419 "Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2010 № 388
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз"2" августи соли 2010 № 388
тасдиқ шудааст
Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ (минбаъдСтандарти давлатӣ) талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб, мӯҳлатҳои азхуд намудани барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳадди ниҳоии сарбории таълимии хонандагонро муқаррар менамояд.
2) Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи Стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошанд, амалӣ шуда, бо натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷати таҳсилоти ибтидоии касбӣ хотима меёбад. Ба хатмкунангоне, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин замима дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷат дода мешавад.
3) Сохтори таҳсилоти ибтидоии касбӣ маҷмӯи барномаҳои асосии таълими касбии аз ҷиҳати меъёр ва мӯҳлатҳо мухталифи таълими ибтидоии касбӣ буда, сатҳи таҳсилоти ибтидоии касбиро арзёбӣ менамояд.
4) Барномаи асосии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин ҳуҷҷате (маҷмӯи ҳуҷҷатҳое) мебошад, ки мутобиқи талаботи Стандарти давлатӣ мазмуни таҳсилоти ибтидоии касбии дараҷаи муайянро аз рӯи иҳтисоси мушаххас муайян мекунад.
5) Мӯҳлати меъёрии таълими касбӣ ин мӯҳлати азхудкунии барномаи таълимии асосӣ ва иловагии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли таълими рӯзона, ғоибона, шабона ва масофавӣ мебошад, ки дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.
6) Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин ҳуҷҷатест, ки аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо тасдиқи он, ки соҳиби ҳуҷҷат барномаҳои асосӣ ва иловагии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуд намуда, ҳуқуқи идомаи таҳсилро дар зинаи дигари таҳсилот дорад ё фаъолияти меҳнатии касбии худро мутобиқи дараҷаи ихтисоси соҳибшуда амалӣ менамояд, дода мешавад.
7) Номгӯи касбҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин номгӯи мураттабшудаи ихтисосҳо (ихтисосҳои ба гурӯҳҳои бо ҳам наздик тақсимшуда) ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарии соҳибкасби дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад. Гурӯҳи касб ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Номгӯи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ рамзгузорӣ карда мешаванд.
8) Касб ва ихтисоси таҳсилоти ибтидоии касбӣ маҷмӯи донишҳо, маҳорат ва малакаест, ки дар натиҷаи таълим аз худ шуда, иҷрои вазифаҳои касбӣ ва имконияти фаъолияти касбии шакли муайянро тибқи дараҷаи тахассусии додашуда таъмин менамояд.
9) Дараҷаи касби таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин сатҳи таълимгирӣ ва тайёрии салоҳиятнок баҳри иҷрои намуди муайяни фаъолият тибқи касби гирифташуда мебошад.
10) Дар доираи касбҳои муайян гирифтани тахассуси мушаххасро Стандарти давлатӣ мувофиқи талаботи давлатӣ ба ҳад ди ақали мазмун ва дараҷаи тайёрии касбии хатмкунанда муқаррар менамояд.
2. Талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
11) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:
- фанҳои умумӣ гуманитарӣ;
- фанҳои табиӣ ва риёзӣ;
- фанҳои касбии умумитехникӣ;
- фанҳои тахассусӣ;
- таълими истеҳсолӣ;
- таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.
12) Ҳадди ақали мундариҷаи барномахои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро Стандарти давлатӣ муқаррар менамояд.
13) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар баробари фанҳои ҳатмии касбӣ, бо интихоби хонандагон фанҳои факултативиро низ дар бар мегирад.
14) Ба хонандагон ҳуқуқи гузаштан аз як барномаи асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба дигар барнома бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дода мешавад. Ба гирифтани касбҳо ва ихтисосҳои сатҳи муайян ба таври экстернат иҷозат дода мешавад.
3. Сохтори таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
15) Мӯҳлати меъёрии таълим дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ бо гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ на камтар аз 3 сол, дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ бе гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ 1-2 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 1-2 солро ташкил медиҳад.
16) Мӯҳлати меъёрии таълим дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи ҳамаи зинаҳои таҳсилот (умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) барои гирифтани касбу ихтисосҳои коргарӣ ё курсҳои забономӯзӣ аз 1 моҳ то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.
17) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо аттестатсияи давлатӣ ва ба хатмкунанда додани дараҷаи муайяни касб ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо нишон додани касб ба итмом мерасад.
18) Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф таҳия шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва ҳуҷҷати мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии ба онҳо баробар, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ ягона мебошад. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ба шахсе, ки сатҳи муайяни таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро аз рӯи касбҳои муайян хатм намудааст, дода мешавад.
4. Меъёри умумии сарбории таълимии хонандагон дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
19) Ҳаҷми ниҳоии сарбории таълимии хонандагони шӯъбаи рӯзона ва ғоибона, аз ҷумла ҳамаи навъҳои корҳои таълимӣ дар як ҳафта набояд аз 36 соат зиёд бошад.
20) Ҳангоми таълим дар шакли ғоибона ба хонандагон имконияти таҳсил дар ҳаҷми на камтар аз 30 фоизи соатҳои дар шӯъбаи рӯзона пешбинишуда дода мешавад.
21) Ҳангоми зиёда аз 1 сол будани мӯҳлати таҳсил давомнокии умумии таътилҳо дар як сол на камтар аз 11 ҳафтаро дар бар мегирад. Таътили зимистона пас аз ҷамъбасти нимсолаи аввали соли таҳсил ба мӯҳлати 10 рӯз муқаррар карда мешавад.