Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" августи соли 2010 № 391
тасдиқ шудааст
Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.04.2011 № 189)
1) Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ (минбаъд - Тартиб) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардидааст.
2) Меъёрҳои Тартиб нисбат ба амволи давлатие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ тааллуқ дорад ва хусусигардонии онҳо тибқи қонунгузорӣ манъ намебошад, татбиқ мегардад.
3) Тартиби мазкур ба амволе, ки фурӯши онҳо доираи баҳампайвастагии технологии корхонаҳои давлатиро вайрон мекунад, татбиқ намегардад.
4) Объектҳои мустақили хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
а) тамоми намуди амволи корхонаҳои давлатӣ, ки барои фаъолияти онҳо таъин шудаанд;
б) бино ва иншооти давлатӣ, ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологии корхонаро вайрон намекунад;
в) амволи алоҳидаи корхонаи давлатӣ.
5) Қарор дар бораи ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди моликияти коммуналӣ аз тарафи маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳият, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар асоси пешниҳоди дорандаи баланси амволи давлатӣ қабул карда мешавад.
6) Барои қабули қарор дар бораи фурӯши амволи давлатӣ аз тарафи дорандаи баланс бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
а) Фармоиши дорандаи баланс бо имзои роҳбари корхона;
б) Қарори маҷлиси умумии саҳмдорон нисбат ба амволи ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад;
в) Маълумотнома дар бораи арзиши балансии амволи ба фурӯш пешниҳодшаванда (мутобиқи замима);
г) Нусхаи шиносномаи техникӣ ё нақшаи ҷойгиршавии аз тарафи дорандаи баланс тасдиқгардида бо зикри масоҳати умумии биною иншоот, қитъаи замини вобастагардида ва суроғаи ҷойгиршавӣ;
д) Нусхаи шиносномаи техникӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёт;
е) Маълумотнома дар бораи сарфи маблағҳои дорандаи баланс дар панҷ соли охир, ки барои таъмир ва барқароркунии амволи давлатӣ равона гардидаанд;
ё) Аксҳои (суратҳои) амволи давлатӣ, ки ҳолати воқеии онро пурра нишон медиҳанд.
7) Барои ба фурӯш баровардани иншооти соҳаи иҷтимоию маишӣ ва фарҳангии мансуб ба моликияти давлатӣ, ки дар баланси ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида қарор доранд, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар банди 6 Тартиби мазкур дарҷгардида зарур намебошад ().
8) Дар ҳолати зарурӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки аз мақомоти болоии дорандаи баланси амволи давлатӣ маълумоти иловагиро талаб наадояд.
9) Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда роҳбарияти дорандаи баланси амволи давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
10) Масъулияти нигохдории амволи давлатии ба фурӯш пешниҳодгардида то ҳолати супоридани он ба соҳибмулки нав ба зиммаи дорандаи баланс вогузор карда мешавад.
11) Муайян намудани нархи пешниҳод ва фурӯши амволи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
12) Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки мустақилона ҳуҷҷатҳои иншооти соҳаи иҷтимоию маишӣ ва фарҳангии ба моликияти давлатӣ тааллуқдоштаи дар тавозуни ҷамъияти саҳомии хусусигардида қарордоштаро омода намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба фурӯш барорад ().
Замимаи 2
ба Тартиби ба фурӯш
баровардани амволи давлатӣ
ҳамчун объекти мустақили
хусусигардонӣ
Маълумотнома дар бораи арзшии балансии амволи давлатии ба фурӯш пешниҳодшавандаи ______________________________________________________
(номи пурраи корхона)
тибқи ҳолати то "____"_________соли 20___
(бо сомонӣ)
+-+------+------+--------+--------+--------+---------+--------+------ҷ
|№|Номгӯй|Миқдор|Соли |Меъёри |Арзиши |Арзиши | Фарсу- |Арзиши|
|№| | |баисти |солонаи |ибтидоӣ |барқарор-| дашавии|бақи- |
| | | |фодадиҳӣ|истеҳлок|бо нархи|кардашуда| воқеӣ |явии |
| | | | | |соли ба | | дар |ба- |
| | | | | |истифода| | тамоми |лансӣ |
| | | | | |додан | | давраи | |
| | | | | | | | истифо-| |
| | | | | | | | дабарӣ | |
| | | | | | | | | |
| | | | | | | +-----+--+------+
| | | | | | | | маб-|фо| |
| | | | | | | | лағ |из| |
| | | | | | | | | | |
+-+------+------+--------+--------+--------+---------+-----+--+------+
Роҳбари корхона (имзо) (ному насаб)
Сармуҳосиби корхона (имзо) (ному насаб)
Эзоҳ:
1. Маълумотнома бо мӯҳри мудаввари корхона тасдиқ карда мешавад.
2. Дар ҳолати мавҷуд набудани маълумот дар бораи арзиши аввалаи воситаҳои асосӣ, арзиши барқароркардашудаи он тибқи маълумотҳои муҳосибӣ, ки дар баланси корхона дарҷ гардидааст, нишон дода мешавад.