ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, № 7, мод. 563)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар раванди Ташаккулёбӣ, банақшагирӣ, гузаронидани аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботи аудиторӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом дода мешавад;
- аудитори дохилӣ - хизматчии давлатӣ, ки аудити дохилиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;
- супориши аудиторӣ - супориши муайян барои гузаронидани таҳқиқоти аудитӣ, ки аз амали санҷишӣ ва ё машваратӣ иборат мебошад ;
- мақсади супориши аудиторӣ - таҳияи хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои идоракунии таваккал, сифати татбиқ ва самарабахшии низоми идоракунии молиявӣ ва назорат, риояи қонунгузорӣ ва иҷрои нақшаи корхона, муассиса ва ташқилотҳо ;
- намудҳои супориши аудиторӣ - аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявӣ, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотӣ ;
- аудити низом - санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқат ва самаранокии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ ;
- аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати фаъолияти ташкилот оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи фаъолиятро танзим менамояд;
- аудити молиявӣ - омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медиҳад хулосаи худро оид ба таҳия шудани ҳисоботи молиявӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;
- аудити фаъолият - санҷиш ва баҳодиҳии барномаҳо, чорабиниҳо, амалиётҳо, инчунин сохти низоми ташкилот бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои самаранокӣ, даромаднокӣ ва натиҷанокӣ, ки аз ҷониби субъект ва объекти таҳти аудит қарордошта амалӣ карда мешаванд;
- аудити технологияи иттилоотӣ - санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати технологияи иттилоотӣ ва ҳифзи низоми бехатарӣ, ки бо мақсади таъмин намудани махфиятнокӣ, пуррагии низом, бехатарӣ ва дастрасии иттилоот гузаронида мешаванд
- ташкилотҳои бахши давлатӣ - корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва маблағгирандагони буҷетӣ ;
- ёрии машваратӣ - пешниҳоди тавсияҳо, хулосаҳо, изҳори ақидаҳо, омӯзиш ва тавзеҳот, ки барои инкишофи ҷараёни идоракунӣ ва назорати таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, таъин гардидаанд .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Доираи амал ва мақсадҳои Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур амали аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ муқаррар менамояд .
2. Мақсадҳои Қонуни мазкур инҳо мебошанд:
- муайян намудани принсипҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;
- муқаррар намудани механизми татбиқи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ.
Моддаи 4. Принсипҳо ва меъёрҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Фаъолияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ амалӣ карда шуда, ба принсипҳои ошкорбаёнӣ, шаффофият, қонуният, низомнокӣ ва банақшагирӣ асос меёбад. Аудиторҳои дохилӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо бо риояи принсипҳои мустақилият ва беғаразӣ, салоҳият ва касбияти воқеӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва махфият амалӣ менамоянд .
Моддаи 5. Таъиноти асосии аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Аудити дохилӣ ба ташкилотҳои бахши давлатӣ дар иҷрои самаранок ва натиҷабахши вазифаҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин мусоидат мекунад :
1) Ошкор намудан ва баҳодиҳии таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;
2) Баҳодиҳии мувофиқат ва самаранокии низоми идоракунии молия ва назорат аз нуқтаи назари:
- ҳаммонандкунӣ, баҳодиҳӣ ва идоракунии таваккал аз ҷониби роҳбарияти ташкилотҳои бахши давлатӣ;
- риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ ва ғайришартномавӣ
- боэътимод ва мукаммал будани иттилооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ();
- натиҷабахшӣ, самаранокӣ ва сарфакорӣ ();
- таъмини амнияти дороиҳо ва ҳуҷҷатҳо;
- иҷрои вазифаҳо ва ноил шудан ба мақсадҳо.
3) Таҳия намудани тавсияҳо оид ба такмили фаъолияти ташкилотҳои бахши давлатӣ, инчунин анҷом додани мушоҳидаи иҷрои мувофиқи онҳо .
БОБИ 2. АУДИТОРҲОИ ДОХИЛИИ ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 6. Талабот оид ба таъин намудани аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Ба вазифаи аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ, на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосаш собиқаи корӣ дошта, инчунин ҷавобгӯи дигар талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъин карда мешавад.
2. Мансаби холии аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол карда мешавад.
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ чунин ҳуқуқҳо доранд :
- гирифтан ва санҷидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблағгирандагони буҷетӣ талаб кардани тавзеҳоти барои гузаронидани аудити дохилӣ зарур ;
- гузаронидани санҷиши сохтор ва тарафҳои бо ташкилоти бахши давлатӣ алоқаҳои берунадошта, ки маблағҳои давлатиро истифода ё ихтиёрдорӣ мекунад;
- изҳори мулоҳизаи мустақил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молиявӣ ва низоми назорати дохилӣ;
- дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дигар иттилооти муҳиме, ки ба ташаккули мавқеи воқеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санҷиш ва ё изҳори мулоҳизаи худ дар ҳисобот худдорӣ намояд ;
- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
2. Ҳангоми гузаронидани аудит, аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ уҳдадоранд аст, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳоро риоя намояд .
3. Аз ҷониби аудитори дохилӣ истифода гардидани ҳуқуқи худ бо мақсади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин ҳуқуқҳо дар фаъолияти аудиторӣ манъ аст.
4. Дар амалҳои худ аудиторҳои дохилӣ ӯҳдадоранд, ки мустақил, беғараз, салоҳиятнок ва поквиҷдон бошанд .
5. Аудиторҳои дохилӣ вазифадоранд аз паҳннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбӣ ба онҳо дастрасшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, худдорӣ намоянд.
БОБИ 3. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор инҳо дохил мешаванд :
- сиёсати назорати молиявии дохилӣ ва аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи байнамилалии аудити дохилӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;
- барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат фармон интишор мекунад, ки иҷрои он аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатӣ, ҳатмӣ мебошад;
- ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом дода, оид ба натиҷаҳои таҳкиқот хулосаи таҳлилӣ пешниҳод менамояд ();
- ёрии машваратиро барои ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ, вобаста ба дархосташон таъмин менамояд;
- ба омӯзондан, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ба аудиторҳои дохилӣ додани сертификат дар ташкилотҳои бахши давлатӣ мусоидат менамояд ва фаъолиятро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад ();
- тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ оид ба гирифтани сертификати "Аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ"-ро муқаррар менамояд ;
- Кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ ва стандартҳои миллии аудити дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд ;
- тартиб ва қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиториро муқаррар менамояд;
- низомнома ва дастурамалҳои мансабии намунавии аудиторони дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- ҳамкории аудити дохилиро бо аудити беруна ва мақомоти назоратию санҷишӣ ҳамоҳанг месозад;
- низоми аудити дохилиро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин менамояд ;
- махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ва феҳристи аудиторонеро, ки бомуваффақият аз санҷиши тахассусии аудиторҳои дохилӣ дар бахши давлатӣ гузаштаанд, пеш мебарад;
- дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилиро мегузаронад ;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд ().
2. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатӣ уҳдадоранд, ки дастрасии аудиторони дохилии мақоми ваколатдорро ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат заруранд, таъмин намоянд .
Моддаи 9. Гузориши таҳлилӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳар сол, на дертар аз 1 апрел ба мақоми ваколатдор оид ба иҷрои нақшаи аудити соли гузашта гузориши таҳлилиро пешниҳод мекунанд, ки он бояд иттилооти зеринро дар бар гирад :
- супориши аудитории иҷрошуда, ҳолатҳое, ки дар онҳо маҳдудкунии доираи супориши аудиторӣ ҷой доштанд ва сабабҳои эҳтимолии иҷро нашудани нақша ;
- хулосаҳои асосӣ нисбат ба амали низоми идоракунии молиявӣ ва назорати бахши давлатӣ ва тавсияҳо оид ба такмил додани он ();
- ҳолатҳои ошкоршудаи вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- пешниҳодҳо оид ба рушди аудити дохилӣ.
2. Гузориши таҳлилии солона бояд аз ҷониби роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ тасдиқ карда шавад .
3. Мақомоти ваколатдор ҳар сол, на дертар аз 1 май фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилиро барои соли гузашта ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилӣ пешниҳод мекунад .
БОБИ 4. ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИ АВВАЛИ ТАШКИЛОТИ БАХШИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ
Моддаи 10. Вазифаҳои роҳбари ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад
1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, барои таъмини фаъолияти он тибқи меъёрҳои дар Қонуни мазкур муқарраргардида ва ба таври дахлдор иҷро намудани вазифаҳои худ нисбат ба аудити дохилӣ масъул мебошад.
2. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, инҳо дохил мешаванд:
- тасдиқи нақшаи солона ва дарозмуддати санҷиш, инчунин нақшаи такмили ихтисоси кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ;
- тасдиқи нақшаи амалиёти ҷорӣ оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои дар ҳисоботи аудит пешниҳодгардида;
- қабули қарор оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои пешниҳоднамудаи аудиторҳо;
- баррасии ҳисоботи таҳлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохилӣ;
- пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоти дахлдор оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;
- таъмин намудани воҳиди сохтории аудити дохилӣ бо захираҳои дахлдори моддию техникӣ ва молиявӣ барои татбиқи нақшаи солона ва дарозмуддати аудит ).
Моддаи 11. Вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад
1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба гузаронидани аудит аз тарафи мақоми ваколатдор масъул мебошад .
2. Корманди ваколатдори мақоми ваколатдор ҳангоми гузаронидани аудит амалҳои худро бо роҳбари ин ташкилот мувофиқа мекунад .
3. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, дохил мешаванд :
- мусоидат намудан дар фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гузаронидани аудити дохилӣ;
- ба кормандони ваколатдори мақоми ваколатдор пешниҳод намудани иттилооти дархостшудае, ки барои гузаронидани аудит зарур аст ;
- иштирок намудан дар арзёбии таваккалҳо;
- тасдиқ намудани нақшаҳои амалиётӣ ва қабул намудани қарорҳои дахлдор оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳое, ки дар ҳисоботи аудиторӣ пешниҳод шудаанд.
БОБИ 5. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 12. Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 13. Доираи амали аудити дохилӣ
1. Доираи амали аудити дохилӣ барои ҳар як ташкилоти бахши давлатӣ нисбати дигар ташкилот ва сохторҳое (барномаҳо ва лоиҳаҳое) маҳдуд карда мешавад, ки захираҳои онҳо аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори бахши давлатӣ ё ташкилотҳои дигар назорат карда мешавад ва худашон дорои воҳиди сохтории аудити дохилӣ буда, аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки дар тобеияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аудити дохилӣ аз ҷониби аудиторҳои дохилии мақомоти маҳаллии молия мувофиқи дастурҳои методии мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад .
3. Ба тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ риояи тобеияти байни ташкилотҳои гуногуни бахши давлатиро ба инобат гиранд ва ба такроршавии функсияҳои назоратии онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳ надиҳанд.
4. Санҷишҳои сохтор ва тарафҳои беруна нисбат ба ташкилоти бахши давлатӣ, ки маблағҳои буҷетиро мегирад, ё ихтиёрдорӣ мекунад, аз рӯи зарурат, баъди тасдиқи сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, инчунин дар асоси мувофиқа бо роҳбарияти ин сохтор ва тарафҳо, гузаронида мешаванд .
5. Сохтор ва тарафҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бояд ба фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ алоқаманд бошанд ё ба сифати тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ баромад намоянд ё тақсимкунандаи маблағҳои барномаҳои байналмилалӣ ва фондҳое бошанд, ки дар доираи кӯмаки расмӣ расонида мешаванд .
Моддаи 14. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ
1. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисоботдиҳанда ва нисбат ба дигар сохторҳои тобеи тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ дар банақшагирии кори худ, иҷрои аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботҳои аудиторӣ мустақил мебошад .
2. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ оид ба ташкил ва дастгирии низоми назорати дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ёрии машваратӣ расонида, нақшаҳои солона ва дарозмуддати фаъолияти худро бо назардошти нақшаи таълими касбии аудиторҳои дохилӣ таҳия менамояд.
Моддаи 15. ӯҳдадориҳои асосии воҳиди сохтории аудити дохилӣ
Воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин уҳдадориҳо дорад
- дар асоси баҳодиҳии таваккал нақшаҳои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;
- оид ба мушоҳидаи иҷрои нақшаи солона ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод мекунад;
- оид ба кори иҷрогардида ҳар сол ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;
- баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва мувофиқати онро бо мақсадҳои ташкилоти бахши давлатӣ анҷом медиҳад;
- баҳодиҳии воқеият ва дурустии иттилооти муҳими иҷтимоиро анҷом медиҳад;
- ба мувофиқати фаъолияти сохторҳои таркибии ташкилоти бахши давлатӣ бо муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо медиҳад;
- самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатиро оид ба истифодаи маблағҳо, басандагии назорати истифодабарии онҳо ва роҳ надодан ба талафот баҳо медиҳад;
- пешниҳоди гузоришро оид ба натиҷаҳои аудит таъмин менамояд;
- тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохилихоҷагии он пешниҳод менамояд;
- кори аудиторҳои дохилии ташкилотҳои тобеъро ҳамоҳанг месозад ва ба онҳо ёрии методӣ ва машваратӣ мерасонад;
- паҳн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатӣ ё ба дигар сирри бо Қонун ҳифзшаванда тааллуқ дорад, таъмин менамояд;
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷро менамояд.
Моддаи 16. уҳдадориҳои вазифавии сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин уҳдадориҳои вазифавӣ дорад :
- нақшаи солона ва дарозмуддати аудитро омода менамояд;
- кори воҳиди сохтории аудити дохилиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ташкил менамояд;
- мувофиқи меъёрҳо ва методологияи аудити дохилӣ расмиёти аудити дохилиро муайян мекунад;
- мушоҳидаи сифати аудити дохилиро таъмин менамояд;
- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ оид ба фаъолияти яксола, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба низоми назорати дохилӣ ҳисобот пешниҳод мекунад;
- оид ба ҳама гуна омилҳои ошкоршудаи фаъолияти ғайриқонунӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ иттилоот пешниҳод мекунад;
- барои иҷрои ҳар як супориши аудиторӣ мақсад, доира, давомнокӣ, техника ва захираҳои аудитиро муайян мекунад ;
- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ барои таъин намудани коршиноси таҳсилот ва малакаи махсус доштаро барои гузаронидани аудити дохилӣ пешниҳод менамояд;
- оид ба ҳамаи масъалаҳои аудит ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ гузориш пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.
Моддаи 17. Методологияи аудити дохилӣ
Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитӣ кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ шахси масъулеро, ки фаъолияти онро мавриди санҷиш қарор додаанд, хабардор менамоянд ва ба ӯ имконияти муҳокимаи якҷояро дар вақти зерин муҳайё менамоянд:
- то оғози фаъолияти аудитории дахлдор - дар бораи мақсад ва доираи супориши банақшагирифтаи аудиторӣ ;
- баъди анҷоми аудит - хулоса ва тавсияҳои пешниҳодшуда ва дар мавриди муносиб додани шарҳу эзоҳ.
Моддаи 18. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аудитори дохилӣ набояд ба бархӯрди манфиатҳо роҳ диҳад. Ба корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ гузаронидани аудит дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- агар дар он қисми объекте, ки аудит гузаронида мешавад, манфиатҳои шахсӣ ва ё амволии ӯ ҷой дошта бошанд;
- дар давраи гузаронидан ё дувоздаҳ моҳи охир дар қисми объекте, ки аудити дохилӣ гузаронида мешавад, ба сифати корманд ё корфармо фаъолият карда бошад;
- дар ҳолати мавҷудияти дигар ҳолатҳое, ки ба воқеӣ ва холис будани аудиторҳои дохилӣ, ки аз меъёрҳои эътирофнамудаи аудити дохилӣ бармеоянд, таъсир расонад .
2. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатиро огоҳ намояд ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот аз ин хусус роҳбари тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро хабардор намояд.
Моддаи 19. Махфияти фаъолияти аудиторҳои дохилӣ
1. Аудиторҳои дохилӣ бояд талаботи паҳн накардани иттилоотеро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо дастрас шудааст, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риоя намоянд .
2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи санҷиши хазинадорӣ махфӣ мебошад. Ба дигар шахс додани ҳуҷҷатҳои дахлдор танҳо бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, гирифтани он бошад, тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 20. Мустақилияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва ҳамаи аудиторон ба истиснои воҳиди сохтории аудити дохилии мақоми ваколатдор набояд :
- дорои ваколатҳои иҷроия ё идоракунӣ, вазифаҳо ё уҳдадориҳо бошанд ба ғайр аз онҳое, ки ба идоракунии вазифаҳои аудити дохилӣ марбутанд ;
- набояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи ташкилоти бахши давлатӣ иштирок намоянд.
Моддаи 21. Гузориши аудитӣ
1. Гузориши аудитӣ - ҳуҷҷати расмии аудити дохилӣ мебошад, ки аз иттилоот оид ба доираи фарогирӣ ва мақсадҳои супориши аудиторӣ иборат буда, аз ҷумла хулосаҳои воқеӣ ва пешниҳодҳои аудиторро дар бар мегирад .
2. Баъди анҷом додани санҷиш аудиторҳои дохилӣ ё роҳбари гурӯҳи аудиторони дохилӣ уҳдадоранд дар давоми даҳ рӯз ду нусхаи ҳисобот хаттиро тайёр намоянд, ки як нусхаи он ба роҳбари ташкилоти бахши давлатии санҷидашуда супорида мешавад ва нусхаи дигараш, дар воҳиди сохтории аудити дохилӣ нигоҳ дошта мешавад .
3. Шакл, мазмун ва тартиби пешниҳод намудани ҳисоботи аудитӣ дар дастурҳои методии мақоми ваколатдор муайян карда мешавад .
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
21 июли соли 2010 № 631
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
16 июни соли 2010, № 122
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
8 июли соли 2010 № 61
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ
Қонуни мазкур маҷмӯи муносибатҳои марбут ба муқаррар намудани принсипҳо, асосҳои ташаккул, банақшагирӣ, гузаронидан ва ҳисоботи аудити дохилиро дар бахши давлатӣ танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом дода мешавад;
- аудитори дохилӣ - хизматчии давлатӣ, ки аудити дохилиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;
- супориши аудитӣ - супориши муайян барои гузаронидани таҳқиқоти аудитӣ, ки аз амали санҷишӣ ва ё машваратӣ иборат мебошад;
- мақсадҳои супориши аудитӣ - таъмини хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои ҷараён, низом ё ҷузъиёти дигаре, ки аудит онҳоро фаро гирифтааст;
- намудҳои супориши аудитӣ - аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявӣ, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотӣ;
- ёрии машваратӣ - пешниҳоди тавсияҳо, хулосаҳо, изҳори ақидаҳо, омӯзиш ва дигар тавзеҳот, ки барои инкишофи ҷараёни идоракунӣ ва назорати таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, таъин гардидаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амал ва мақсадҳои Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур амали аудити дохилиро дар бахши давлатӣ ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд (минбаъд - ташкилотҳои бахши давлатӣ), муқаррар менамояд.
2. Мақсадҳои Қонуни мазкур инҳо мебошанд:
- муайян намудани принсипҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;
- муқаррар намудани механизми татбиқи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ.
Моддаи 4. Принсипҳо ва меъёрҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Фаъолияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи аудити дохилӣ, талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо бо риояи принсипҳои мустақилияту беғаразӣ, салоҳиятнокӣ ва зарурии касбият, бовиҷдонӣ, масъулиятокӣ ва махфият анҷом дода мешавад.
Моддаи 5. Таъиноти асосии аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Аудити дохилӣ ба тақсимкунандаҳои асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблағгирандагони давлатӣ дар иҷрои самаранок ва натиҷабахши вазифаҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин мусоидат мекунад:
1) Ошкор намудан ва баҳодиҳии таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;
2) Баҳодиҳии мувофиқат ва самаранокии низоми идоракунии молия ва назорат аз нуқтаи назари:
- ҳаммонандкунӣ, баҳодиҳӣ ва идоракунии таваккал аз ҷониби роҳбарияти ташкилотҳои бахши давлатӣ;
- риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва ғайришартномавӣ;
- боэътимод ва ҳаматарафа будани иттилооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ;
- судмандӣ, самаранокӣ ва сарфакорӣ;
- таъмини амнияти дороиҳо ва ҳуҷҷатҳо;
- иҷрои вазифаҳо ва ноил шудан ба мақсадҳо.
3) Таҳияи намудани тавсияҳо оид ба такмили фаъолияти ташкилотҳои бахши давлатӣ, инчунин анҷом додани мушоҳидаи иҷрои мувофиқ.
БОБИ 2. АУДИТОРҲОИ ДОХИЛИИ ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 6. Талабот оид ба таъин намудани аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Ба вазифаи аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ, на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосаш собиқаи корӣ дошта, инчунин ҷавобгӯи дигар талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъин карда мешавад.
2. Мансаби холии аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол карда мешавад.
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудитори дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Аудитори дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ чунин ҳуқуқҳо дорад:
- гирифтан ва санҷидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблағгирандагони давлатӣ талаб кардани тавзеҳоти барои гузаронидани аудити дохилӣ зарур;
- гузаронидани санҷиши сохтор ва тарафҳои бо ташкилоти бахши давлатӣ алоқаҳои берунадошта, ки маблағҳои давлатиро истифода ё ихтиёрдорӣ мекунад;
- изҳори мулоҳизаи мустақил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молиявӣ ва низоми назорати дохилӣ;
- дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дигар иттилооти муҳиме, ки ба ташаккули мавқеи воқеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санҷиш ва ё изҳори мулоҳизаи худ дар маърӯза худдорӣ намояд;
- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
2. Ҳангоми гузаронидани аудит, аудитори дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ӯхдадор аст, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳоро риоя намояд.
3. Аз ҷониби аудитори дохилӣ истифода гардидани ҳуқуқи худ бо мақсади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин ҳуқуқҳо дар фаъолияти аудиторӣ манъ аст.
4. Дар амалҳои худ аудитори дохилӣ бояд мустақил, беғараз, босалоҳият ва бовиҷдон бошад.
5. Аудиторҳои дохилӣ вазифадоранд аз паҳннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбӣ ба онҳо дастрасшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, худдорӣ намоянд.
БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР БАХШИ АУДИТИ ДОХИЛӢ
Моддаи 8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бахши аудити дохилӣ
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бахши аудити дохилӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади дар сатҳи зарурии касбӣ амалӣ намудани аудити дохилӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:
- сиёсати назорати молиявии дохилӣ ва аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи байнамилалии аудити дохилӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;
- барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат фармон интишор мекунад, ки иҷрои он аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатӣ, ҳатмӣ мебошад;
- ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтори аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом медиҳад;
- ёрии машваратиро барои ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ, вобаста ба дархосташон таъмин менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомӯзии аудиторҳои дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом медиҳад;
- тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ оид ба гирифтани сертификати "Аудитори дохилӣ дар бахши давлатӣ"-ро муқаррар менамояд;
- махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ва феҳристи аудиторонеро, ки бомуваффақият аз санҷиши тахассусии аудиторҳои дохилӣ дар бахши давлатӣ гузаштаанд, пеш мебарад;
- ваколатҳои дигареро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом медиҳад.
2. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатӣ ӯҳдадоранд, ки дастрасии аудиторони дохилии мақомоти ваколатдори давлатиро ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат заруранд, таъмин намоянд.
Моддаи 9. Гузориши таҳлилӣ дар соҳаи аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳар сол, на дертар аз 1 апрел ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои нақшаи аудити соли гузашта гузориши таҳлилиро пешниҳод мекунанд, ки он бояд иттилооти зеринро дар бар гирад:
- супориши аудитии иҷрошуда, ҳолатҳое, ки дар онҳо маҳдудкунии доираи супориши аудитӣ ҷой доштанд ва сабабҳои эҳтимолии иҷро нашудани нақша;
- хулосаҳои асосӣ нисбат ба амали низоми идоракунии молиявӣ ва назорати бахши давлатӣ ва тавсияҳо оид ба такмил додани фаъолияти он;
- ҳолатҳои имконпазири вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳодҳо оид ба рушди аудити дохилӣ.
2. Гузориши таҳлилии солона бояд аз ҷониби роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ тасдиқ карда шавад.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳар сол, на дертар аз 1 май фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилиро барои соли гузашта ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилӣ пешниҳод мекунад.
БОБИ 4. МАСЪУЛИЯТИ РОҲБАРИ АВВАЛИ ТАШКИЛОТИ БАХШИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ
Моддаи 10. Масъулияти роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ дар соҳаи аудити дохилӣ
Роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, барои ҷорӣ кардан ва таъмини фаъолияти комилан мувофиқи аудити дохилӣ мутобиқи меъёрҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд, масъул аст, аз ҷумла барои:
- тасдиқи нақшаи солона ва дарозмуддати санҷиш, инчунин нақшаи такмили ихтисоси кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ;
- тасдиқи нақшаи амалиёти ҷорӣ оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳои дар маърӯзаи аудит пешниҳодгардида;
- қабули қарор оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои пешниҳоднамудаи аудиторон;
- баррасии хулосаи таҳлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохилӣ;
- пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоти дахлдор оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;
- таъмин намудани захираҳои дахлдори моддию техникӣ ва молиявӣ барои татбиқи нақшаи солона ва дарозмуддати аудит.
Моддаи 11. Вазифаҳои роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтори аудити дохилӣ надорад
1. Роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба гузаронидани аудит аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ масъул мебошад.
2. Корманди ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми гузаронидани аудит амалҳои худро бо роҳбари ин ташкилот мувофиқа мекунад.
3. Роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад, барои амалҳои зерин масъул аст:
- мусоидат намудан дар фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гузаронидани аудити дохилӣ;
- ба кормандони ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани иттилооти дархостшудае, ки барои гузаронидани аудит зарур аст;
- иштирок намудан дар арзёбии таваккалҳо;
- тасдиқ намудани нақшаҳои амалиётӣ ва қабул намудани қарорҳои дахлдор оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳое, ки дар ҳисоботи аудиторӣ пешниҳод шудаанд.
БОБИ 5. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 12. Ҳатмӣ будани таъсиси воҳиди сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Ташкилотҳои бахши давлатие, ки бояд воҳиди сохтории аудити дохилӣ дошта бошанд, мувофиқи меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд:
- ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуним миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;
- шумораи миёнаи кормандонашон дар соли тақвимӣ зиёда аз 800 (ҳаштсад) нафар бошад.
2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад.
3. Аудитори дохилӣ дар мақомоти маҳаллии молия фаъолияти худро тибқи дастурҳои методии мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад.
Моддаи 13. Доираи амали аудити дохилӣ
1. Доираи амали аудити дохилӣ барои ҳар як ташкилоти бахши давлатӣ нисбати дигар ташкилот ва сохторҳое (барномаҳо ва лоиҳаҳое) маҳдуд карда мешавад, ки захираҳои онҳо аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори бахши давлатӣ ё ташкилотҳои дигар назорат карда мешавад ва худашон дорои воҳиди сохтории аудити дохилӣ буда, аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки дар тобеияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва пурра аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ мегарданд, аудити дохилӣ аз ҷониби аудиторони дохилии мақомоти маҳаллии молия анҷом дода мешавад.
3. Ба тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ риояи тобеияти байни ташкилотҳои гуногуни бахши давлатиро ба инобат гиранд ва ба такроршавии функсияҳои назоратии онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳ надиҳанд.
4. Санҷишҳои сохтор ва тарафҳои беруна нисбат ба ташкилоти бахши давлатӣ, ки маблағҳои давлатиро мегирад, ё ихтиёрдорӣ мекунад, аз рӯи зарурат, баъди тасдиқи сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, инчунин дар асоси мувофиқа бо роҳбарияти ин сохтор ва тарафҳо, гузаронида мешаванд.
5. Сохтор ва тарафҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бояд ба фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ алоқаманд бошанд ё ба сифати тақсимкунандаи асосии маблағҳои давлатӣ баромад намоянд ё тақсимкунандаи маблағҳои барномаҳои байналмилалӣ ва фондҳое бошанд, ки дар доираи кӯмаки расмӣ расонида мешаванд.
Моддаи 14. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ
1. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисоботдиҳанда ва нисбат ба дигар сохторҳои тобеи тақсимкунандаи асосии маблағҳои давлатӣ дар банақшагирии кори худ, иҷрои аудити дохилӣ ва таҳияи гузоришҳои аудиторӣ мустақил мебошад.
2. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ оид ба ташкил ва дастгирии низоми назорати дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ёрии машваратӣ расонида, нақшаҳои солона ва дарозмуддати фаъолияти худро бо назардошти нақшаи таълими касбии аудиторҳои дохилӣ таҳия менамояд.
Моддаи 15. ӯҳдадориҳои асосии воҳиди сохтории аудити дохилӣ
Воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ӯҳдадориҳо дорад:
- дар асоси баҳодиҳии таваккал нақшаҳои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;
- оид ба мушоҳидаи иҷрои нақшаи солона ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод мекунад;
- оид ба кори иҷрогардида ҳар сол ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;
- баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва мувофиқати онро бо мақсадҳои ташкилоти бахши давлатӣ анҷом медиҳад;
- баҳодиҳии воқеият ва дурустии иттилооти муҳими иҷтимоиро анҷом медиҳад;
- ба мувофиқати фаъолияти сохторҳои таркибии ташкилоти бахши давлатӣ бо муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо медиҳад;
- самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатиро оид ба истифодаи маблағҳо, басандагии назорати истифодабарии онҳо ва роҳ надодан ба талафот баҳо медиҳад;
- пешниҳоди гузоришро оид ба натиҷаҳои аудит таъмин менамояд;
- тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохилихоҷагии он пешниҳод менамояд;
- кори аудиторҳои дохилии ташкилотҳои тобеъро ҳамоҳанг месозад ва ба онҳо ёрии методӣ ва машваратӣ мерасонад;
- паҳн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатӣ ё ба дигар сирри бо Қонун ҳифзшаванда тааллуқ дорад, таъмин менамояд;
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷро менамояд.
Моддаи 16. Ваколатҳои сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ваколатҳо дорад:
- нақшаи солона ва дарозмуддати аудитро омода менамояд;
- кори воҳиди сохтории аудити дохилиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ташкил менамояд;
- мувофиқи меъёрҳо ва методологияи аудити дохилӣ расмиёти аудити дохилиро муайян мекунад;
- мушоҳидаи сифати аудити дохилиро таъмин менамояд;
- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ оид ба фаъолияти яксола, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба низоми назорати дохилӣ ҳисобот пешниҳод мекунад;
- оид ба ҳама гуна омилҳои ошкоршудаи фаъолияти ғайриқонунӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ иттилоот пешниҳод мекунад;
- барои иҷрои ҳар як супориши аудитӣ мақсад, доира, давомнокӣ, техника ва захираҳои аудитиро муайян мекунад;
- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ барои таъин намудани коршиноси таҳсилот ва малакаи махсус доштаро барои гузаронидани аудити дохилӣ пешниҳод менамояд;
- оид ба ҳамаи масъалаҳои аудит ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ гузориш пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.
Моддаи 17. Методологияи аудити дохилӣ
Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитӣ кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ шахси масъулеро, ки фаъолияти онро мавриди санҷиш қарор додаанд, хабардор менамоянд ва ба ӯ имконияти муҳокимаи якҷояро дар вақти зерин муҳайё менамоянд:
- то оғози фаъолияти аудитории дахлдор - дар бораи мақсад ва доираи супориши банақшагирифтаи аудитӣ;
- баъди анҷоми аудит - хулоса ва тавсияҳои пешниҳодшуда ва дар мавриди муносиб додани шарҳу эзоҳ.
Моддаи 18. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аудитори дохилӣ набояд ба бархӯрди манфиатҳо роҳ диҳад. Ба корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ гузаронидани аудит дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- агар дар он қисми объекте, ки аудит гузаронида мешавад, манфиатҳои шахсӣ ва ё амволии ӯ ҷой дошта бошанд;
- дар давраи гузаронидан ё дувоздаҳ моҳи охир дар қисми объекте, ки аудити дохилӣ гузаронида мешавад, ба сифати корманд ё корфармо фаъолият карда бошад;
- дар ҳолати мавҷудияти дигар ҳолатҳое, ки ба воқеӣ ва холис будани аудитори дохилӣ, ки аз меъёрҳои эътирофнамудаи аудити дохилӣ бармеоянд, таъсир расонад.
2. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатиро огоҳ намояд ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот аз ин хусус роҳбари тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро хабардор намояд.
Моддаи 19. Махфияти фаъолияти аудитори дохилӣ
1. Аудиторҳои дохилӣ бояд талаботи паҳн накардани иттилоотеро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳо дастрас шудааст, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риоя намоянд.
2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи санҷиши хазинадорӣ махфӣ мебошад. Ба дигар шахс додани ҳуҷҷатҳои дахлдор танҳо бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, гирифтани он бошад, тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 20. Мустақилияти аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва ҳамаи аудиторон ба истиснои воҳиди сохтории аудити дохилии мақомоти ваколатдори давлатӣ набояд:
- дорои ваколатҳои иҷроия ё идоракунӣ, вазифаҳо ё ӯҳдадориҳо бошанд ба ғайр аз онҳое, ки ба идоракунии вазифаҳои аудити дохилӣ марбутанд;
- набояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи ташкилоти бахши давлатӣ иштирок намоянд.
Моддаи 21. Гузориши аудитӣ
1. Гузориши аудитӣ - ҳуҷҷати расмии аудити дохилӣ мебошад, ки аз иттилоот оид ба доираи фарогирӣ ва мақсадҳои супориши аудитӣ иборат буда, аз ҷумла хулосаҳои воқеӣ ва пешниҳодҳои аудиторро дар бар мегирад.
2. Баъди анҷом додани санҷиш аудитори дохилӣ ё роҳбари гурӯҳи аудиторони дохилӣ ӯҳдадор аст дар давоми даҳ рӯз ду нусхаи гузориши хаттиро тайёр намояд, ки як нусхаи он ба роҳбари ташкилоти бахши давлатии санҷидашуда супорида мешавад ва нусхаи дигараш, дар воҳиди сохтории аудити дохилӣ нигоҳ дошта мешавад.
3. Шакл, мазмун ва тартиби пешниҳод намудани гузориши аудитӣ дар дастурҳои методии мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.