ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 октябри соли 2020, № 189
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 93
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ" аз 21 июли соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №7, мод.563; с.2016, №7, мод.632) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархатҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- аудити низом - санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқат ва самаранокии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ;
- аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати фаъолияти ташкилот оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи фаъолиятро танзим менамояд;
- аудити молиявӣ - омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медиҳад хулосаи худро оид ба таҳия шудани ҳисоботи молиявӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;
- аудити фаъолият - санҷиш ва баҳодиҳии барномаҳо, чорабиниҳо, амалиётҳо, инчунин сохти низоми ташкилот бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои самаранокӣ, даромаднокӣ ва натиҷанокӣ, ки аз ҷониби субъект ва объекти таҳти аудит қарордошта амалӣ карда мешаванд;
- аудити технологияи иттилоотӣ - санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати технологияи иттилоотӣ ва ҳифзи низоми бехатарӣ, ки бо мақсади таъмин намудани махфиятнокӣ, пуррагии низом, бехатарӣ ва дастрасии иттилоот гузаронида мешаванд;".
2. Дар моддаҳои 5, 7, 8, 15, 16, 19, 20 ва 21 калимаҳои "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадоранд", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳо" ва "ӯҳдадориҳоеро" мувофиқан ба калимаҳои "ухдадориҳои", "уҳдадоранд", "Уҳдадориҳои", "ухдадориҳо" ва "уҳдадориҳоеро" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- ба қисми 1 сархатҳои ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- Кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ ва стандартҳои миллии аудити дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- тартиб ва қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиториро муқаррар менамояд;
- низомнома ва дастурамалҳои мансабии намунавии аудиторони дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- ҳамкории аудити дохилиро бо аудити беруна ва мақомоти назоратию санҷишӣ ҳамоҳанг месозад;
- низоми аудити дохилиро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин менамояд;".
4. Моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 12. Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1747
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВНУТРЕННЕМ АУДИТЕ В ОРГАНИЗАЦИЯХ ГОСУДАРСТВЕННОГО СЕКТОРА"
Принят постановлением МН МОРТ
от 14 октября 2020 года, №189
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 9 декабря 2020 года, №93
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О внутреннем аудите в организациях государственного сектора" от 21 июля 2010 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2010 г., №7, ст.563; 2016 г., №7, ст.632) следующие изменение и дополнения:
1. Статью 1 дополнить абзацами шестым, седьмым, восьмым, девятым и десятым следующего содержания:
" - аудит системы - проверка и оценка соответствия и эффективности системы финансового управления и внутреннего контроля;
- аудит соответствия законодательству Республики Таджикистанпроверка и оценка соответствия деятельности организации по соблюдению законодательства Республики Таджикистан, регулирующего сферу деятельности;
- финансовый аудит - изучение и анализ финансовой отчетности и учетной системы объекта аудита, позволяющие аудитору представить заключение по подготовке финансового отчета с соблюдением требований законодательства Республики Таджикистан;
- аудит деятельности - тестирование и оценка программ, мероприятий, операций, а также структуры системы организации, осуществляемых субъектом и объектом аудита с целью их приведения в соответствие с принципами эффективности, рентабельности, результативности;
- аудит информационных технологий - тестирование и оценка соответствия информационных технологий и защиты системы безопасности, проводимые с целью обеспечения конфиденциальности, полноты системы, безопасности и доступности информации;".
2. В статье 8:
- часть 1 дополнить абзацами седьмым, восьмым, девятым, десятым и одиннадцатым следующего содержания:
"- разрабатывает и утверждает Кодекс профессиональной этики внутренних аудиторов и национальные стандарты внутреннего аудита;
- устанавливает порядок и правила проведения аудиторских заданий;
- разрабатывает и утверждает положения и типовые должностные инструкции внутренних аудиторов;
- координирует сотрудничество внутреннего аудита с внешним аудитом и органами надзора и проверки;
- обеспечивает систему внутреннего аудита на основе законодательства Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном;".
3. Статью 12 изложить в следующей редакции:
"Статья 12. Порядок создания и ликвидации структурных подразделений внутреннего аудита в организациях государственного сектора
Порядок создания и ликвидации структурных подразделений внутреннего аудита в организациях государственного сектора определяется Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 17 декабря 2020 года, №1747