ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 539; с. 2003, № 4, мод. 146, № 8, мод. 461; с. 2004, № 2, мод. 50, № 7, мод. 464; с. 2005, №3, мод. 117; с. 2006, №11, мод. 467; с. 2007, №7, мод. 659) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми шашуми моддаи 1 калимаҳои "Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании" ба калимаҳои "Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати", калимаҳои "қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла мақомоти идоракунии идораҳои мазкур)," ба калимаҳои "(аз он ҷумла мақомоти идоракунии он)," калимаҳои "Вазорати амнияти" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" ва калимаҳои "Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои" ба калимаҳои "Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 7:
- дар қисми сеюм калимаҳои "Вазорати амнияти" ва "вазорати" мутаносибан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" ва "Кумитаи давлатии" иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои "ва мақомоти полиси андоз" хориҷ карда шаванд.
3. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "Вазорати амнияти" ва "вазорати" мутаносибан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" ва "Кумитаи давлатии" иваз карда шаванд.
4. Дар банди е) қисми дуюми моддаи 21, банди м) қисми якуми моддаи 45, банди б) қисми дуюми моддаи 49 ва қисми чоруми моддаи 50 калимаҳои "полиси андоз," хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми ҳаштуми моддаи 39 калимаҳои "мақомоти полиси андоз," хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 июли соли 2010 № 609
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
16 июни соли 2010, № 128
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
8 июли соли 2010 № 50
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе" от 29 ноября 2000 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г., №11, ст. 539; 2003 г., №4, ст. 146, №8, ст. 461; 2004 г., №2, ст. 50, № 7, ст. 464; 2005 г., №3, ст. 117; 2006 г., №11, ст. 467; 2007 г., №7, ст. 659) следующие изменения:
1. В части шестой статьи 1 слова "Министерства по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне" заменить словами "Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве", слова "пограничных войсках Комитета по охране Государственной границы при Правительстве Республики Таджикистан (включая органы управления указанных ведомств)," заменить словами "(включая органы его управления),", слова "Министерстве безопасности" заменить словами "Государственном комитете национальной безопасности" и слова "Агентство по обеспечению специальным имуществом при Министерстве экономики и торговли" заменить словами "Агентстве по обеспечению специальным имуществом при Правительстве".
2. В статье 7:
- в части третьей слова "Министерства безопасности" "министерством" соответственно заменить словами "Государственного комитета национальной безопасности" и "Государственным комитетом";
- в части восьмой слова "и органах налоговой полиции" исключить.
3. В абзаце первом части первой статьи 9 слова "Министерства безопасности" и "министерства" соответственно заменить словами "Государственного комитета национальной безопасности" и "Государственного комитета".
4. В пункте е) части второй статьи 21; пункте м) части первой статьи 45, пункте б) части второй статьи 49 и в части четвертой статьи 50 слова "налоговой полиции," исключить.
5. В части восьмой статьи 39 слова "органов налоговой полиции," исключить.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе, 21 июля 2010 года № 609
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе"
В соответствии со статьями 36 и 40 Конституционного Закона Республики Таджикистан’ "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.Зухуров
г. Душанбе, 16 июня 2010 года, 128
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 8 июля 2010 года №50