Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми банақшагирии Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда вобаста аз имкониятҳои воқеии молиявӣ ва ҳаҷми сармоягузории ҷалбшаванда барои Барномаи мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.
3) Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола, ки дар буҷети давлатӣ барои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, инчунин грантҳо, фондҳои ёрирасони байналмилалӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июли соли 2010 № 322
ш. Душанбе