Низомнома дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо"

Санаи амалкуни: 14.06.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "17" июни соли 2010 № 884

Низомнома дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо

(Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 215)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Низомнома дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мӯбориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи муқаррароти Созишнома байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз 16 декабри соли 2006 тасдиқ карда шуда, вазъи ҳуқуқӣ, функсия ва вазифаҳо, ҳамчунин асосҳои ташкилии фаъолияти намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъднамояндагони ваколатдор) дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро (минбаъд-Марказ) муайян мекунад.

2) Мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо инҳоянд:

-Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3) Намояндагони ваколатдор ба Марказ барои амалӣ намудани алоқа миёни мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ фиристода шуда, ин мақомотро дар Марказ намояндагӣ менамоянд.

4) Намояндагони ваколатдор дар фаъолияти худ ба мақомоти салоҳиятдор, ки онҳоро ба ҳамин вазифа пешбарӣ намудаанд, ҳисоботдиҳанда мебошанд.

5) Намояндагони ваколатдор аз тарафи мақомоти салоҳиятдор, ки дар ҳайати кадрии онҳо қарор доранд, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин шуда, ба Марказ фиристода ва бозхонда мешаванд.

6) Мансаби намояндаи ваколатдор ба мансаби муовини сардори раёсати оперативии мақомоти салоҳиятдори фиристонанда баробар дониста мешавад.

7) Намояндагони ваколатдор аз имтиёз ва масуниятҳо дар доирае, ки барои намояндагони дипломатӣ дар давлати ҷойгиршавӣ пешбинӣ шудааст, истифода мебаранд.

8) Намояндагони ваколатдор дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд - Созишнома дар бораи таъсиси Марказ), дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро бо дарназардошти амнияту манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор медиҳанд.

2. Функсия, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои асосии намояндагони ваколатдор

9) Ба зиммаи намояндагони ваколатдор чунин функсия ва вазифаҳо гузошта мешаванд:

а) манфиати мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистонро дар Марказ намояндагӣ менамояд;

б) табодули иттилоот байни Марказ ва мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистонро таъмин менамояд;

в) ҳамкориро бо намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо дар назди Марказ амалӣ менамояд;

г) арзёбии иттилоотӣ аз Марказ ва аз намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо гирифта, ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ирсол намудани он;

д) дар Марказ тартиби муносибат бо иттилооти дастрасии маҳдудро, ки мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон пешниҳод намудааст, назорат мебарад;

е) дар таҳлили иттилооот, ки аз мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон бо дархости Марказ ё намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо гирифта шудааст, иштирок менамояд;

ё) ба Марказ ва намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо нисбати муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат медиҳад;

ж) ба рушди ҳамкорӣ байни мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокчӣ, мақомоти миллӣ ва Марказ мусоидат менамояд;

з) барои ташкил ва гузаронидани амалиёти байналмилалии муштараки мувофиқашуда, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла таҳвилӣ мусоидат менамояд;

и) дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ба Марказ ва намояндагони ваколатдор ахбор медиҳад;

к) доир ба мутобиқсозии қонунгузории давлатҳои иштарокчӣ бо риояи расмиёти дохилидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо омода менамояд;

л) дар такмилдиҳии Бонки марказонидашудаи маълумотии Марказ иштирок менамояд;

м) дар асоси созишномаҳои баимзорасидаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар идораҳои ваколатдори кишвари маскун, табодули тарафайни иттилоот доир ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва назорати муомилоти онҳо;

н) ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа омода ва ирсол намудани маълумот дар бораи корҳои ба анҷомрасонидашуда ва пешниҳодҳо оид ба рушди ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар идораҳои ваколатдори кишвари маскун, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза ва муомилоти онҳоро назорат мебаранд;

о) иҷрои дигар супоришҳои мақомоти ваколатдор.

10) Намояндагони ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқҳо доранд:

а) аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомотисалоҳиятдор дархост намудан ва гирифтани ҳуҷҷатҳо ва дигар мавод, ки барои ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дохилшаванда заруранд;

б) ба баррасии мақомоти салоҳиятдор пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;

в) ба баррасии мақомоти салоҳиятдор пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи такмилдиҳӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти намояндагони ваколатдор;

г) иҷрои дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ташкили фаъолияти намояндагони ваколатдор

11) Номзадҳо ба вазифаи намояндагони ваколатдор бояд ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ бошанд:

а) дорои на камтар аз 10 сол таҷрибаи қории касбӣ дар воҳидҳои оперативии мақомоти салоҳиятдор;

б) дорои таҷрибаи корӣ дар вазифаҳои роҳбари дар дастгоҳи марказии мақомоти салоҳиятдор;

в) дорои малакаи кори таҳлилӣ;

г) дорои малакаи корӣ бо воситаҳои техникии муосири ташкили кор, аз ҷумла системаи компютерӣ;

д) Донистани забони расмии Марказ-забони русӣ;

е) доштани иҷозати дахлдор барои кор бо иттилооти махфӣ.

12) Намояндагони ваколатдор ба Марказ ба мӯҳлати ду сол фиристода мешаванд ва ҳангоми зарурат мақомоти салоҳиятдор метавонанд ин мӯҳлатро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ду сол дароз намоянд. Ҳангоми зарурат мақомоти салоҳиятдор ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ваколатдорро пеш аз мӯҳлат бозхонанд.

13) Бозхонди намояндагони ваколатдор ҳамчунин бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Созишнома дар бораи таъсиси Марказ амалӣ мегардад.

14) Рухсатии меҳнатии намояндагони ваколатдор аз тарафи мақомоти салоҳиятдор тибқи гузориши хаттии дар мувофиқа бо роҳбарияти Марказ дода мешаванд.

15) Намояндагони ваколатдор фаъолияти худро таҳти роҳбарии умумии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари маскуни Марказ амалӣ намуда, ҳар нимсола ба ӯ ахбори мунтазам дар бораи вазъи ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо маводи нашъаовар бо кишвари маскун ва Марказ пешниҳод менамоянд.

16) Музди кори намояндагони ваколатдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад. Азнавтақсимкунии маблағҳои сметаи хароҷоти солонаи нигоҳдории намояндагони ваколатдор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

17) Барои намояндагони ваколатдор, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо дар мӯҳлати иҷрои вазифаи намояндагони ваколатдор ва ҳангоми бозгашти онҳо ҳамаи имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо, аз ҷумла, шартҳои таъминоти пулӣ, ҷудо намудани манзил, таъминоти тиббӣ, рутба, собиқаи корӣ, ки муқаррар карда шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчунин вазифаи на пасттар аз вазифаи то ба Марказ фиристоданашон пешниҳод мегардад.

18) Масъалаҳои алоҳидаи фаъолияти намояндагони ваколатдор ҳамчунин бо муқаррароти Созишнома дар бораи таъсиси Марказ ба тартиб дароварда мешаванд.

Замимаи 2

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 июни соли 2014, № 215

Сметаи хароҷоти солонаи нигоҳдории намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (барои як намояндаи ваколатдор бо доллари ШМА)

(Фармони Президенти ҶТ аз 14.06.2014 № 215

+---------+--------------------------------------------+-------------ҷ
|Г.В.Б.   |            Номгӯи хароҷотҳо                | Хароҷот бо  |
|         |                                            | доллари ШМА |
+---------+--------------------------------------------+-------------+
|2.1.1.1  | Музди меҳнат ва иловапулиҳо (1440 доллари  |    17280    |
|         | ШМА*12 моҳ)                                |             |
+---------+--------------------------------------------+-------------+
|2.1.2.2  | Суғуртаи тиббӣ (144 доллари ИМА*12 моҳ)    |     1728    |
+---------+--------------------------------------------+-------------+
|2.2.1.4  | Хароҷоти ҷорӣ, ба ғайр аз таъмир           |    14720    |
+---------+--------------------------------------------+-------------+
|         | Аз ҷумла харҷи сафарҳои хизматӣ, аз ҷумла: |             |
|         | хароҷот барои расидан ба маҳалли           |             |
|         | муқарраргардида дар мавриди таъин намудан  |    2000     |
|         | (бозхондан) ба/аз вазифа, инчунин хароҷоти |             |
|         | роҳкиро ба ду самт дар мавриди рухсатии    |             |
|         | меҳнатӣ                                    |             |
+---------+--------------------------------------------+-------------+
|2.2.1.8. | Иҷорапулӣ (1000 доллари ШМА*12 моҳ)        |   12000     |
+---------+--------------------------------------------+-------------+
|2.2.1.12.| Хароҷоти намояндагӣ (60 доллари ШМА*12 моҳ)|     720     |
+---------+--------------------------------------------+-------------+
|         | Ҳамагӣ                                     |   33728     |
+---------+--------------------------------------------+-------------+

Эзоҳ: Маоши вазифавии намояндагони ваколатдор дар сатҳи маоши мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муқаррар гардидааст.

Замимаи 1

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "17" июни соли 2010 № 884

Низомнома дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо

1. Муқаррароти умумӣ

1) Низомнома дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мӯбориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи муқаррароти Созишнома байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз 16 декабри соли 2006 тасдиқ карда шуда, вазъи ҳуқуқӣ, функсия ва вазифаҳо, ҳамчунин асосҳои ташкилии фаъолияти намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъднамояндагони ваколатдор) дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро (минбаъд-Марказ) муайян мекунад.

2) Мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо инҳоянд:

-Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3) Намояндагони ваколатдор ба Марказ барои амалӣ намудани алоқа миёни мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ фиристода шуда, ин мақомотро дар Марказ намояндагӣ менамоянд.

4) Намояндагони ваколатдор дар фаъолияти худ ба мақомоти салоҳиятдор, ки онҳоро ба ҳамин вазифа пешбарӣ намудаанд, ҳисоботдиҳанда мебошанд.

5) Намояндагони ваколатдор аз тарафи мақомоти салоҳиятдор, ки дар ҳайати кадрии онҳо қарор доранд, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин шуда, ба Марказ фиристода ва бозхонда мешаванд.

6) Мансаби намояндаи ваколатдор ба мансаби муовини сардори раёсати оперативии мақомоти салоҳиятдори фиристонанда баробар дониста мешавад.

7) Намояндагони ваколатдор аз имтиёз ва масуниятҳо дар доирае, ки барои намояндагони дипломатӣ дар давлати ҷойгиршавӣ пешбинӣ шудааст, истифода мебаранд.

8) Намояндагони ваколатдор дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд - Созишнома дар бораи таъсиси Марказ), дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро бо дарназардошти амнияту манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор медиҳанд.

2. Функсия, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои асосии намояндагони ваколатдор

9) Ба зиммаи намояндагони ваколатдор чунин функсия ва вазифаҳо гузошта мешаванд:

а) манфиати мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистонро дар Марказ намояндагӣ менамояд;

б) табодули иттилоот байни Марказ ва мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистонро таъмин менамояд;

в) ҳамкориро бо намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо дар назди Марказ амалӣ менамояд;

г) арзёбии иттилоотӣ аз Марказ ва аз намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо гирифта, ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ирсол намудани он;

д) дар Марказ тартиби муносибат бо иттилооти дастрасии маҳдудро, ки мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон пешниҳод намудааст, назорат мебарад;

е) дар таҳлили иттилооот, ки аз мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон бо дархости Марказ ё намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо гирифта шудааст, иштирок менамояд;

ё) ба Марказ ва намояндагони ваколатдори дигар давлатҳо нисбати муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат медиҳад;

ж) ба рушди ҳамкорӣ байни мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокчӣ, мақомоти миллӣ ва Марказ мусоидат менамояд;

з) барои ташкил ва гузаронидани амалиёти байналмилалии муштараки мувофиқашуда, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла таҳвилӣ мусоидат менамояд;

и) дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ба Марказ ва намояндагони ваколатдор ахбор медиҳад;

к) доир ба мутобиқсозии қонунгузории давлатҳои иштарокчӣ бо риояи расмиёти дохилидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо омода менамояд;

л) дар такмилдиҳии Бонки марказонидашудаи маълумотии Марказ иштирок менамояд;

м) дар асоси созишномаҳои баимзорасидаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар идораҳои ваколатдори кишвари маскун, табодули тарафайни иттилоот доир ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва назорати муомилоти онҳо;

н) ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа омода ва ирсол намудани маълумот дар бораи корҳои ба анҷомрасонидашуда ва пешниҳодҳо оид ба рушди ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар идораҳои ваколатдори кишвари маскун, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза ва муомилоти онҳоро назорат мебаранд;

о) иҷрои дигар супоришҳои мақомоти ваколатдор.

10) Намояндагони ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқҳо доранд:

а) аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомотисалоҳиятдор дархост намудан ва гирифтани ҳуҷҷатҳо ва дигар мавод, ки барои ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дохилшаванда заруранд;

б) ба баррасии мақомоти салоҳиятдор пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;

в) ба баррасии мақомоти салоҳиятдор пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи такмилдиҳӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти намояндагони ваколатдор;

г) иҷрои дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ташкили фаъолияти намояндагони ваколатдор

11) Номзадҳо ба вазифаи намояндагони ваколатдор бояд ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ бошанд:

а) дорои на камтар аз 10 сол таҷрибаи қории касбӣ дар воҳидҳои оперативии мақомоти салоҳиятдор;

б) дорои таҷрибаи корӣ дар вазифаҳои роҳбари дар дастгоҳи марказии мақомоти салоҳиятдор;

в) дорои малакаи кори таҳлилӣ;

г) дорои малакаи корӣ бо воситаҳои техникии муосири ташкили кор, аз ҷумла системаи компютерӣ;

д) Донистани забони расмии Марказ-забони русӣ;

е) доштани иҷозати дахлдор барои кор бо иттилооти махфӣ.

12) Намояндагони ваколатдор ба Марказ ба мӯҳлати ду сол фиристода мешаванд ва ҳангоми зарурат мақомоти салоҳиятдор метавонанд ин мӯҳлатро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ду сол дароз намоянд. Ҳангоми зарурат мақомоти салоҳиятдор ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ваколатдорро пеш аз мӯҳлат бозхонанд.

13) Бозхонди намояндагони ваколатдор ҳамчунин бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Созишнома дар бораи таъсиси Марказ амалӣ мегардад.

14) Рухсатии меҳнатии намояндагони ваколатдор аз тарафи мақомоти салоҳиятдор тибқи гузориши хаттии дар мувофиқа бо роҳбарияти Марказ дода мешаванд.

15) Намояндагони ваколатдор фаъолияти худро таҳти роҳбарии умумии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари маскуни Марказ амалӣ намуда, ҳар нимсола ба ӯ ахбори мунтазам дар бораи вазъи ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо маводи нашъаовар бо кишвари маскун ва Марказ пешниҳод менамоянд.

16) Музди кори намояндагони ваколатдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад. Азнавтақсимкунии маблағҳои сметаи хароҷоти солонаи нигоҳдории намояндагони ваколатдор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

17) Барои намояндагони ваколатдор, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо дар мӯҳлати иҷрои вазифаи намояндагони ваколатдор ва ҳангоми бозгашти онҳо ҳамаи имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо, аз ҷумла, шартҳои таъминоти пулӣ, ҷудо намудани манзил, таъминоти тиббӣ, рутба, собиқаи корӣ, ки муқаррар карда шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчунин вазифаи на пасттар аз вазифаи то ба Марказ фиристоданашон пешниҳод мегардад.

18) Масъалаҳои алоҳидаи фаъолияти намояндагони ваколатдор ҳамчунин бо муқаррароти Созишнома дар бораи таъсиси Марказ ба тартиб дароварда мешаванд.

Замимаи 2

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "17" июни соли 2010 № 884

Сметаи хароҷоти солонаи нигоҳдории намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (барои як намояндаи ваколатдор бо доллари ИМА)

+-------+---------------------------------------+--------------------ҷ
|1.1.1. |Музди меҳнат (900 х 12 моҳ)            | 10800              |
+-------+---------------------------------------+--------------------+
|1.2.2. |Суғуртаи тиббӣ (90 х 12 моҳ)           | 1080               |
+-------+---------------------------------------+--------------------+
|2.1.8. |Иҷорапулӣ (700 х 12 моҳ)               | 8400               |
+-------+---------------------------------------+--------------------+
|2.1.12.|Хароҷоти намояндагӣ (40 х 12 моҳ)      | 480                |
+-------+---------------------------------------+--------------------+
|2.1.3. |Хароҷоти сафарҳои хизматӣ              | 1000               |
+-------+---------------------------------------+--------------------+
|       |Ҳамагӣ                                 | 21760              |