Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2010 № 297
тасдиқ шудааст
Тартиби иёр гирифтан ва тамғагузории маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 676)
1) Ҳамаи маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишие, ки дар ҳудуди давлат аз металлҳои қиматбаҳо сохта мешаванд, инчунин маснуоти мазкур, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш ворид мегардад, бояд бо иёрҳои дар ҳамин қарор муқарраршуда мувофиқат кунанд ва аз ҷониби тамғаи иёри давлатӣ тамға гузошта шаванд.
Ба маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва хӯлаҳои онҳо бо истифодаи навъҳои гуногуни коркарди бадеӣ сохташудаи дар онҳо сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳои ороишӣ ва ранга, маводи табиӣ ё маснӯӣ насбгардида ё бидуни онҳо, ки ҳамчун маснуот, ашёи маишӣ ва маданӣ ва ё бо мақсади ороишӣ истифода мешаванд, инчунин нишон ва медалҳои хотиравию ҷашнии аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, ба истиснои тангаҳои хотиравии ба муомилот баровардашуда ва мукофотҳои давлатие, ки мақомашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, тамғаи давлатии иёр гузошта мешавад.
Иёр гирифтан ва тамғагузории маснуоти воридотии аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда танҳо дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла ҳуҷҷати гумрукӣ, ки воридоти ин маснуотро ба ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад, ба роҳ монда шавад .
2) Иёргирӣ ва тамғагузории маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишии аз металлҳои қиматбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташуда, аз ҷониби Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3) Маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишии аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, аз ҷониби истеҳсолкунандагони он, маснуоти мазкури ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш ворид намуда бошад, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба ворид намудан ва фурӯши ин маснуот машғуланд, барои иёр гирифтан ва тамға гузоштан пешниҳод карда мешаванд.
4) Хӯлаи металлҳои асил, ки аз он маснуот сохта мешавад, бо иёри нишондиҳандаи миқдораш ҳадди ақали метали асили муайян бо ҳиссаи ҳазор воҳиди вазни хӯла муайян карда мешавад.
5) Қоидаи тамға гузоштан, тартиби иҷрои дигар корҳои марбут ба он, нақшаҳои тамғаҳои иёри давлатӣ, инчунин дастурҳо барои амали иёргирӣ, интихоб ва таҷзияи он аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамға гузоштани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишии аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, иёрҳои зерин таъин карда мешаванд.
Металл: иёр:
платина 950 (нӯҳсаду панҷоҳ)
тилло 999 (нӯҳсаду наваду нӯҳ)
тилло 958 (нӯҳсаду панҷоҳу ҳашт)
тилло 916 (нӯҳсаду шонздаҳ)
тилло 900 (нӯҳсад)
тилло 750 (ҳафтсаду панҷоҳ)
тилло 585 (панҷсаду ҳаштоду панҷ)
тилло 583 (панҷсаду ҳаштоду се)
тилло 500 (панҷсад)
тилло 375 (сесаду ҳафтоду панҷ)
нуқра 999 (нӯҳсаду наваду нӯҳ)
нуқра 960 (нӯҳсаду шаст)
нуқра 925 (нӯҳсаду бисту панҷ)
нуқра 875 (ҳаштсаду ҳафтоду панҷ)
нуқра 830 (ҳаштсаду сӣ)
нуқра 800 (ҳаштсад)
палладий 850 (ҳаштсаду панҷоҳ)
палладий 500 (панҷсад)
7) Маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишии аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, аз ҷумла маснуоти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш вориднамуда, ки аз яке аз иёрҳои металли қиматбаҳои муқарраркардаи ҳамин тартиб иёри пасттар дорад, аз рӯи иёри муқарраршудаи пасттари наздиктарин тамға гузошта мешаванд. Ба маснуоте, ки иёрашон аз иёри миёнаи муқарраршуда пасттар аст, чун маснуоте, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудааст, тамға гузошта намешаванд.
8) Мутобиқи ҳамин Тартиб ба маснуоти зерин тамға гузошта намешавад:
- маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишии аз металлҳои қиматбаҳо сохташудаи дорои аҳамияти таърихӣ ва бостоншиносӣ;
- заркӯбӣ ва нуқракӯбӣ (ҳотамкорӣ) дар силоҳ, гулдон, табақ, сандуқча, ашёи парастиши динӣ ва монанди онҳо;
- порчаҳои худрӯйи металлҳои қиматбаҳои холис-ташкилаҳои маъданию табиии металлҳои қиматбаҳо, ки бояд бо сертификатҳои порчаҳои худрӯйи металлҳои қиматбаҳои холис таъмин гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шаванд;
- тиллои варақин ва нуқраи варақин, ки таркибашонро стандарти давлатӣ муайян месозад;
- асбоб, зарфҳои лабораторӣ ва дигар маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда ва барои корҳои илмӣ, истеҳсолӣ, тиббӣ ва дигар корҳои махсус пешбинишуда. Ин маснуот бояд бо ҳамон нишона (марка), барчасп (этикетка) ё штампи муассисаи истеҳсолкунандае таъмин гардад, ки дар онҳо рамзи металл ва дигар маълумоти бо стандарт мувофиқ буда нишон дода мешаванд. Таркиби хӯлаҳое, ки аз онҳо маснуоти мазкур истеҳсол мегардад, бо шартҳои стандартӣ ва техникӣ ба танзим дароварда мешавад.
9) Шахсони ҳуқукӣ ва воқеие, ки аз металлҳои қиматбаҳо маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ истеҳсол менамоянд, бояд тамғаҳои номдор дошта бошанд, ки аломатҳояшро тибқи тартиби муқаррарнамуда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва нақшҳои онҳоро дар маснуоти истеҳсолнамудаашон мегузоранд.