Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 № 297 "Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 297"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 297

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба банди 1 Тартиби иёр гирифтан ва тамғагузории маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 297 тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Иёр гирифтан ва тамғагузории маснуоти воридотии аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда танҳо дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла ҳуҷҷати гумрукӣ, ки воридоти ин маснуотро ба ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад, ба роҳ монда шавад".

2) Қарори мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2011 № 676

ш. Душанбе