Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 № 278 "Дар бораи тасдиқи Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1) Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Барномаи мазкурро ба инобат гирад.

3) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 муқаррар карда шавад.

4) Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 март доир ба корҳои анҷомдодашуда ва ҳангоми зарурат ҷиҳати такмили он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 майи соли 2010 № 278

ш. Душавбе